Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» соҳиби шаҳодатномаи Палатаи клирингии нақлиёт оид ба эътибори маркази таълимӣ гардид. Тавре аз хадамоти матбуотии ширкат хабар доданд, ҳуҷҷати мазкур ваколати Маркази таълимии авиатсионии «Сомон Эйр» — ро барои гузаронидани машғулиятҳо ҷиҳати омодагии кормандони системаи ҳисоббаробаркунӣ тасдиқ менамояд. Минбаъд, бо гирифтани рамзи ДШБ01, маркази таълимӣ ҳуқуқ пайдо мекунад, ки ба мутахассисон аз рӯи курсҳои «Кори операторони (хазинадорон) агентиҳо оид ба бронкунӣ ва интиқол, хизматрасониҳо дар ҳуҷҷатҳои интиқолии стандартии Системаи ҳисоббаробаркунӣ дар нақлиёти ҳавоӣ (СҲНҲ)» машғулият мегузаронад.
Маркази таълимии авиатсионии (МТА) «Сомон Эйр», ки тобистони соли 2019 ба фаъолият оғоз кардааст, дорои сертификати Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷозатнома (литсензия)-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар марказ омӯзгорони касбӣ оид ба омодагии ибтидоӣ, амалиёт зимни садамаи ҳавопаймоҳо, хомӯш кардани сӯхтор, хизматрасонӣ ба мусофирон, интиқоли бор ва ғайра машғулият мегузаронанд. Барои ҳавонавардону кормандони хизматрасонии рӯйизаминӣ курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос низ ташкил карда мешавад.
Дар МТА аз лаҳзаи кушодашавӣ то ин дам 12 машғулият гузаронида шудааст, ки ба онҳо 119 нафар аз ҷумлаи кормандону мутахассисон ҷалб гардидаанд.
Мавриди зикр аст, ки айни ҳол Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия Ҳиндустон, Хитой, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба роҳ мондааст. Парки ширкат дорои ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, — 800, — 900 ва чархболи Airbus Н125 мебошад. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз соли 2017 аъзои IATA аст.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»