Суҳбат бо вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай

№77(3378) 06.06.2015

МВДПрезиденти кишвар Эмомалӣ Раҳмон панҷуми июни соли 2015 вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхайро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муборизаи муштарак бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, ба мисли терроризму ифротгаройӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои иттилоотӣ дар фазои кибернетикӣ, баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шиддат гирифтани авзои иҷтимоию сиёсӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва як қатор давлатҳои мусулмонӣ, таъсири манфии чунин вазъият ба минтақаи мо изҳори нигаронӣ карда, таъкид бар он дошт, ки «сохторҳои дахлдори давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай барои дарёфти роҳҳои пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ ва муборизаи беамон бо зуҳуроти он бояд пайваста ҷаҳду талош дошта бошанд».

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон пайомадҳои ифротгаройӣ ва терроризми сиёсиро ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта аз сар гузаронидаасту мардуми кишвар даҳшатҳои чунин зиддиятҳои хунинро хуб дар хотир доранд ва имрӯз барои нигоҳ доштани суботи сиёсӣ ва таъмини рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодӣ аз тамоми имкону захираҳо бояд пурсамар истифода бурда шавад.

Изҳори бовар карда шуд, ки натиҷаҳои ҳамоиши навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе ба таҳким ва густариши минбаъдаи заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамгироӣ барои таъмини сулҳу амният дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат мекунад.

www.president.tj