24 июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ баргузор намуданд.
Сарвари давлат Президенти Ӯзбекистони дӯстро ба муносибати ҷашни зодрӯзашон самимона табрику муборакбодӣ намуда, фаъолияти давлатии самаранокашонро ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии Ӯзбекистон ва таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ махсус таъкид карданд. Президенти Тоҷикистон тағйироти зиёди мусбатеро, ки тайи солҳои охир дар давлати ҳамсоя ба вуқӯъ пайвастаанд, баланд арзёбӣ ва ба мардуми бародари Ӯзбекистон сулҳу суботи бардавом, некуаҳволӣ ва пешрафти бемайлон орзу карданд.
Ҳангоми баррасии мавзӯъҳои асосии муносибатҳои дуҷониба тарафҳо алоқамандии худро ба рушди пайгиронаи робитаҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои судманд таъкид ва ҷиҳати пешбурди минбаъдаи шарикии стратегии ҳар ду кишвар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод изҳори омодагӣ намуданд.
Дар робита ба ҳамкориҳои ҳар ду кишвар дар заминаи муносибатҳои бисёрҷониба, тарафҳо ба масъалаҳои таъмини амният дар минтақа ва рушди вазъият дар Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир карда, атрофи раванди нигаронкунандаи паҳншавии фарогири пандемияи коронавирус изҳори ақида ва ҷиҳати вазъияте, ки дар ин замина ҳоло дар ҳар ду кишвар ба вуқӯъ пайвастааст, мубодилаи иттилоот намуданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои дигари байналмилалӣ ва ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ карданд.
www.president.tj