Субҳи 4 августи соли 2019 дар машқгоҳи Фахробод ҳавопаймои АН-2-и Клуби миллии ҷумҳуриявии ҳавопаймои Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми анҷом додани парвози нақшавии таълимӣ, вақти нишастан ба замин бархӯрд ва як кисмати он осеб дид.
Як нафар аз сарнишинони ҳавопаймо — Илҳомидин Раҳматов ҳангоми интиқол додан ба беморхона дар роҳ бар асари ҷароҳатҳои бардошта вафот кард. Сарнишини дуюм Бахтиёр Давлатов осеби ҷиддӣ надидааст. Айни ҳол ҷиҳати муайян намудани сабаби ҳолати баамаломада комиссияи махсус фаъолият дорад.
Абдурақиб Қодиров, сардори Маркази матбуоти Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон