СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ – ЗОДАИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

№65-66 (3545-3546)) 22.05.2016

Ба ҳама маълум аст, ки дар даврони Иттиҳоди  Шӯравӣ баҳсҳои хоҷагиро ҳакамҳои арбитражӣ баррасӣ менамуданд ва мутобиқи талаботи қонунҳои ҳамонвақта тобеи Ҳукумат ба шумор рафта, ба сохтори судӣ тааллуқ надоштанд. Ин сохтор танҳо парвандаҳои байнихоҷагиро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд ва аъзои хоҷагиҳо, бинобар сабаби вуҷуд надоштани моликияти хусусӣ ва рӯй надодани чунин баҳсҳо ба ваколати онҳо шомил набуд.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон истиқлолият ба даст овард ва ин имконият дод, ки дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6-уми ноябри соли 1994 дар натиҷаи гузаронидани райъпурсии умумихалқӣ Конститутсия қабул карда шуд. Тибқи моддаи 12-и он, дар баробари дигар шаклҳои моликият, моликияти хусусӣ низ арзи ҳастӣ намуд ва мутобиқи моддаи 84 судҳои иқтисодӣ дар қатори сохтори судии мамлакат ҷой гирифтанд.

Бояд зикр намуд, ки пас аз қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевосита ва ғамхории пайвастаи  Роҳбари давлат аз соли 1997 ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ гузаронида шуд, ки мустақилияти ҳокимияти судиро тақвият бахшида, дар заминаи он қонунҳо ва кодексҳои нав ҷиҳати самарабахш намудани фаъолияти судҳои иқтисодӣ қабул карда шуданд.

Мавриди зикр мебошад, ки мутобиқи талаботи моддаи 84-и Конститутсия айни ҳол сохтори суди иқтисодӣ аз Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон, судҳои вилоятӣ ва суди иқтисодии шаҳри Душанбе иборат мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки дар муддати 25 соли Истиқлолият судҳои иқтисодии мамлакат баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президент, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ҳифзи манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо собитқадам буда, баҳри пешрафти иқтисодиёти Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд.

Наимзода Исмоил, судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон