Дар мусофирбар манзараеро мушоҳида кардаму дар ҳайрат мондам. Дохили автобус пур аз мусофир, аммо аксарият дар даст телефонҳои мобилӣ машғули бозию тамошои наворҳои гуногун буданд. Дар курсиҳои охир ҷавонону наврасон нишаста, гӯшҳояшонро бо садорасон (наушник) маҳкам карда, «дарс» тайёр мекарданд. Онҳо чунон ба телефонҳои худ банд буданд, ки болои сарашон рост истодани калонсолонро гӯё намедиданд. Яке калла ҷунбонда дар ҷояш рақс мекард, дигаре аз тамошои навори аҷиб завқ дошт, сеюмӣ бо асабоният «мошин» меронд.
Танҳо духтари резапайкаре рост истода китоберо аз назар мегузаронд. Ба фикрам донишҷӯ буду дарсашро такрор менамуд. Ба ӯ офарин гуфтам. Вале ҳангоми истодани автобус дугонааш ба китфаш зада, «ҳе девона, мефуроем», — гуфт.
Мо дар давроне зиндагӣ мекунем, ки техникаю технология бо суръати баланд рушд кардааст ва ҳаёти имрӯзаро бе компютеру интернет ва телефон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Албатта, рушди технологияи муосир, дар мисоли алоқаи мобилӣ, кори одамонро осон менамояд, вале фарҳанги нодурусти истифодаи он ба саломатӣ зараровар буда, оқибатҳои ногувор низ дорад. Набояд фаромӯш кард, ки тамошои баъзе наворҳо ба хислати рӯҳию маънавӣ ва фарҳангии ҷавонон низ таъсири манфӣ мерасонад.
Ҳоло тамоми идораю ташкилотҳо, таълимгоҳҳо ба компютер ва интернет таъминанд, вале на ҳама аз онҳо самаранок истифода мебаранд. Дар корхонаҳо бисёриҳо тамоми рӯз пушти компютер ба бозӣ ва тамошои наворҳои гуногун машғуланд. Дар кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои истироҳатӣ, нақлиёти мусофирбар ҳама чашм сӯи телефон доранд. Ба ин сабаб, хоса баъзе ҷавонон, аз китобхонӣ дур шудаанд.
Чанде пеш дар як ҳафтанома мақолаеро таҳти унвони «Телефони ман – душмани ман» хондам. Дар он сухан роҷеъ ба шаклҳои нави киберҷосусӣ меравад, ки ошкору ниҳон ба ҳаёти рӯзмарраи шаҳрвандон мудохила мекунанд. Дар мақола, аз ҷумла қайд шудааст: «На танҳо истифодабарандагони айфонҳои АРРI, ҳамчунин, ширкати Microsoft ҳадафи ҷосусии онҳо қарор гирифтаанд. Низоми оператсионии (CO) Windows 10 тамоми матни дар клавиатура чидаро ба баста ҷамъ оварда, ҳар соат ду маротиба ба серверҳои Microsoft интиқол медиҳад. Маълумоти геолакатсионӣ ва маълумоти шабакаи Wi-Fi низ ҳар ним соат фиристода мешавад. Ин имкон медиҳад дар куҷо будани истифодабар пайгирӣ шавад».
Мувофиқи маълумот, ҳоло дар саросари ҷаҳон беш аз 8 миллиард дастгоҳҳои мобилӣ истифода мешаванду беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ доранд. Ин маънои онро дорад, ки барои ҳар як корбар зиёда аз як дастгоҳ мавҷуд аст, ки доимо дар ҷайб, сумка ё ҳатто зери болишт ҷойгир аст. Олимони рус Коваленко, Е. Ю. Зингер, Е. О. Реховская дар мақолаашон «Таъсири телефонҳои мобилӣ ба инсон» аз ҷумла, таъкид мекунанд: «Телефони мобилӣ қодир аст мавҷҳои электромагнитиро паҳн намояд, ки онҳо ҳам ба органикӣ ва ҳам ғайриорганикӣ таъсири бад мерасонанд. Радиатсияи электромагнитии аз 1 МГс баландтар ба гармшавии бофтаҳо оварда мерасонад. Дар ин ҳолат вайроншавии сафедаҳо ба амал меояд. Аз ин сабаб, хатари ба саратон табдил ёфтани ҳуҷайраҳо, пайдоиши омосҳои бад ё тамоман нест шудани ҳуҷайраҳо вуҷуд дорад.
Бо пешрафти технология, истеҳсолкунандагони телефонҳои мобилӣ басомади онҳоро ба 1800-1900 МГс мерасонанд. Дар ин диапазон мавҷҳои электромагнитӣ қодиранд ба сар ворид шуда, ба майна ва дигар узвҳои инсон таъсири бад расонанд. Хатари вайрон шудани реҷаи муқаррарии хоб ва тағйирёбии марҳилаҳои рӯз низ ба таври назаррас меафзояд. Ҳатто дар ҳолати интизорӣ телефони мобилӣ қодир аст ба системаи марказии асаб таъсири бад расонад ва хобро нороҳат кунад».
Чӣ бояд кард, то зарари телефонҳои мобилӣ кам шавад ва бехатарии мову шумо таъмин? Олимон тавсия медиҳанд:
- телефонро дар ҷайб не, дар сумкаатон ҷой диҳед;
- дар хона ё ҷои кор бо телефони симӣ суҳбат кунед;
- одамоне, ки гирифтори бемориҳои хусусияти неврологӣ, гипертонӣ мебошанд, занони ҳомила ва кӯдакон бояд телефонҳои мобилиро истифода набаранд;
- ҳангоми истифодаи телефони мобилӣ давомнокии суҳбатро то 1-3 дақиқа кам кунед, танаффуси ҳадди ақал байни суҳбатҳо бояд 15-30 дақиқа бошанд. Вақти умумии суҳбатро бо телефони мобилӣ то 20-30 дақиқа дар як шабонарӯз маҳдуд кунед;
- дар биноҳои оҳану бетонӣ суҳбат бояд тавассути телефони мобилӣ дар назди тирезаи калон ё пешайвон сурат гирад;
- ҳангоми суҳбат дастгоҳи мобилии худро бо се ангушт дар қисми поён нигоҳ доред. Дар ҷараёни суҳбат мавқеи садоро (чап ва рост) иваз кунед;
- ҳангоми пайваст шудан бо муштарӣ телефони мобилиро назди сар нигоҳ надоред. Дар ин вақт қувваи баромади он ҳадди аксар аст;
- телефонҳои мобилии рақамиро, ки радиатсия аз онҳо хеле камтар аст, истифода намоед;
- дар хона телефони мобилиро на камтар аз 50 см аз худ дур нигоҳ доред, махсусан ҳангоми хоб.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»