Наврӯз дар таърихи форсизабонон ва мардуми Шарқ байни идҳои таърихӣ, миллӣ ва анъанавӣ аз рӯи шуҳрат ва шукӯҳ мавқеи аввалро ишғол менамояд.
Дар гузашта ва имрӯз ҳам мардум бист рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз хонаҳоро ба тартиб меоранд, тозаву озода мекунанд ва ин одат бо номи «хонабарорӣ», «хонатаконӣ» дар байни халқ маъруф мебошад. Инчунин, то таҷлили Наврӯз ҷӯйҳоро канда, гул мекоранду ниҳолҳо шинонда, боғ бунёд месозанд.
Иди Наврӯз дар бисёр маҳаллаҳо, дар варзишгоҳҳо, рӯи сабзазор ва вобаста ба шароит дар майдони байни деҳа ё чойхонаю бошишгоҳҳои саҳроӣ гузаронида мешавад.
Яке аз суннатҳои наврӯзӣ густурдани дастархон мебошад. Чун анъана рӯи дастархон бояд ноне гузошта шавад, ки аз ҳафт навъи ғалла пухта бошанд. Ин мафҳум ҳафт табақи осмон ва афзудани баракати хонаводаро мефаҳмонад. Табиист, ки мардуми ҳар маҳал ба тарзи худ, вобаста ба анъанаҳои маҳал, хонороӣ мекунанд. Бо фаро расидани Наврӯз дастархони сафед густурдан рамзи покию бахти накӯ дониста шудааст.
Рӯи хон гузоштани ҷом ё косаи пури оби тоза рамзи серобу сербориш омадани солро дорад. Дар бисёр мавзеъҳо даруни косаи об моҳии зинда низ мегузоранд, ки нишони рӯзии ҳалол мебошад. Гузоштани шакар ба рӯи суфра мақсади ширинком шудани аҳли хонавода дар соли навро дорад.
Анъанаи аз ҳама маъруфи Наврӯз дастархонро бо «Ҳафтсин»-у «Ҳафтшин» ва ё «Ҳафтмим» оро додан аст. Мегӯянд, ки ин анъана аз даврони Ҳахоманишиёну Сосониён то ба мо расидааст. Барои ин рӯи хон чизе мегузоштанд, ки бо ҳарфи «син» ва «шин» оғоз ёбад.
Дертар «Ҳафтмим» пайдо шуд, ки рӯи хони наврӯзӣ гузоштани мураббо, мева, моҳӣ, мурғ, мост, мускатӣ, миғу ва ғайраро хоси он медонанд.
Илова бар ин, дар байни мардум расму русуми маҳаллӣ инкишоф ёфтааст. Ин анъанаҳо дар ҳар маҳал гуногун аст ва мақсад аз онҳо ободии маҳал, серӣ, пурӣ мебошад.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»