Сулҳ беҳтарин неъмат аст

№22 (4762) 16.02.2024

IMG_20240215_145129_088 — копияМо ҳоло дар фазои ороми Ватани азизамон, ки самараи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, зиндагӣ дорем. Сад шукр, ки Ватан ором асту зиндагиамон осуда. Нафароне, ки ҷангро дидаанд, аз ҷумла ҷанговарони башардӯст (иштирокчиёни ҷанги Афғонистон), арзиши сулҳу ваҳдатро бештар медонанд.

Онҳо дар ҷанги Афғонистон иштирок намуда, низоъҳои дохилиро бо чашми сар дидаю даҳшати он рӯзҳои мудҳишро ҳанӯз пеши назар доранд.

Ҳимояи Ватан қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ва фарзандии ҳар як ҷавонмард аст. Он замон ин ҷавонмардони тоҷик бо амри Ватан вазифаи худро сарбаландона ба ҷо оварданд. Зиёвиддин Носиров аз зумраи онҳост. Ду сол хидмати сарбозии худро ҳамчун ҷанговари башардӯст дар сарзамини Афғонистон, замони авҷи даргириҳои дохилии ин кишвар, сипарӣ намудааст. Мегӯяд, мо ба мардуми дӯсти афғон некӣ ва ба сарзамини онҳо оромӣ мехостем ва барои иҷрои ҳамин ҳадаф камари ҳиммат баста будем, решаи терроризму экстремизмро баркандан мехостем. Рӯзҳои мудҳишро ба сахтӣ ёд меорад, зеро дар яке аз набардҳои хунин сахт маҷруҳ шуда, чандин марҳилаи табобатро паси сар кардааст. Ҳоло ҳам осори он захмҳоро эҳсос менамояд.

Қаҳрамони матлаб то сахт маҷруҳ шудан дар набардҳои хатарнок иштирок карда, уҳдадориҳои сарбозии худро сарбаландона иҷро намуд. Барои шуҷоату мардонагӣ бо ордени «Ситораи Сурх» ва медали «Барои шуҷоат» сарфароз шудааст.

- Ҷангҳои хунинро бо чашми сар дидаам, аз оқибати он ҳоло ҳам ранҷ мекашам. Вазифаи интернатсионалии худ медонам, ки аз даҳшати он рӯзҳо ба наврасону ҷавонон гӯяму таъкид намоям, ки сулҳ беҳтарин неъмати рӯзгор аст. Маҳз ҳамин суботу оромӣ аст, ки инсон ба ҳама хостаҳояш мерасад. Ваҳдату оромӣ мояи саодати мардум аст. Чизе, ки ҷомеаро ба фалокат мерасонад, ноамнист. Ба ин хотир, ҳар як узви ҷомеа барои ҳифзи сулҳу ваҳдат бояд худро уҳдадор шуморад ва барои эмин доштани он талош намояд, — гуфт ӯ.

Зиёвиддин Носиров аз он хушнудӣ мекунад, ки Ҳукумати кишвар хидматҳои онҳоро арҷ мегузорад. Бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ҳамасола онҳоро ба ҷамъомадҳои тантанавӣ даъват мекунанд, кумаки моддӣ мерасонанд.

- Мо низ вазифадорем, ки содиқона сабақи муҳаббат ба Ватан, садоқату ҷавонмардиро ба наслҳои наврасу ҷавон омӯзем ва барои ин ҳамеша омодаем, — гуфт дар фарҷом Зиёвиддин Носиров.

Хушдил РАҲИМҶОН