СУРИЯ, ИРОҚ, АФҒОНИСТОН… ФИТНАҲОИ ШАЙТОНӢ ВА ФОҶИАҲОИ ИНСОНӢ

№67 (3547) 24.05.2016

Сурия 1Чанд соли охир низоъ ва фоҷиаҳои Шарқи Наздик сари забони мардуми олам гаштааст. Ҳама аз ҳодисаҳои даҳшатангези кишварҳои ин минтақа, аз ҷумла қатлу куштори бераҳмонаи инсон аз ҷониби инсон ба таҳлука омадаанд ва ин фоҷиаро ҳар хел шарҳу тавзеҳ медиҳанд.  Коршиносон ва сиёсатмадорон дар ин фоҷиа Ғарбро ҳам айбдор мекунанду Шарқро ҳам, мусалмонрову яҳудиро, Амрикову Россияву Туркияву Эрону Арабистону Англияю Франсия ва ғайраҳоро. Баъзе ба ном «коршиносон» чунон аз худ «ҳамадон» метарошанд, ки гӯё аз нақшаҳои ин фоҷиа бохабар бошанду «аниқ» медонанд, ки ин ҷо дасти кист?

Боре ба ин мавзӯъ даст назадаам ва намехоҳам аз худ коршинос «тарошам». Сабаби рӯи коғаз овардани ин матлаб пешниҳоди ду акси чанде пеш аз шабакаи умумиҷаҳонии Интернет пайдокардаи ҳамкорамон Аброр Ҷабборов аст. Онҳо давраи пеш аз ҷанги Сурия дар яке аз кишварҳои Шарқи Наздик аккосӣ шуда, бозгӯйи онанд, ки чӣ тавр намояндагони ҳама адён дар он ҷо дӯстона зиндагӣ мекардаанд. Бубинед, ки масеҳиён мусалмононро муҳофизат доранд, ки онҳо бемалол намозашонро бихонанд. Дар акси дигар мусалмонон аз бародарони масеҳии худ ҳимоят мекунанд, ки бемалол ибодати худро ба ҷо оранд.

Мутаассифона, ин дӯстии одамонро фитнаҳои шайтонӣ барҳам зад. Имрӯз на танҳо бадбинӣ байни масеҳию мусулмон қувват гирифт, балки мусалмон бо мусалмон душман шуд. Ин фитна чунон аланга гирифт, ки дигарон онро тамошо мекунанду мусалмононро таъна мезананд. Ҳатто «ҳайрон» мондаанд, ки чаро ҳар ду тараф бо нидои «Аллоҳ Акбар» ҳамдигарро мекушанд?

Чанде пеш ҳафтаномаи «Дунё»  шарҳи хабаргузории «Лента.ру»-ро бо номи «СРУ ба Обама 50 воситаи сарнагун кардани Асадро пешниҳод кардааст», чоп кард. Маълум мешавад, ки Хадамоти ҷосусии амрикоӣ — СРУ барои аз ҳокимият маҳрум кардани Асад қариб 50 нақша доштааст, вале  Обама бо роҳи дигар рафтааст. Аз ин бармеояд, ки абарқудратҳо барои амалӣ кардани мақсадҳои ғаразноки хеш нақша мекашанд. Онҳо намеандешанд, ки дар ин замина мулкеро нообод мекунанду мардумашро хонавайрону бе ватан ва ё ҳазорон нафар ба қатл мерасанд. Зери матлаби зикршуда, инчунин иттилои хабаргузории «Новости» ба табъ расидааст, ки дар Олмон шаш ҳазор фирории ноболиғ ғайб задааст. Яъне, ҳазорҳо нафар кӯдак аз Афғонистон, Сурия, Ироқ ва дигар кишварҳо қурбони фитнаву дасисаҳои ҷаҳонхоҳон гаштаанд.

Мутаассифона, фитнаҳои шайтонӣ боиси бадном гардидани мусалмонон шуда, душманони дини мубини Ислом онҳоро дар ҷаҳон чун террорист муаррифӣ менамоянд. Вақте фитна сар заду мусалмони зудбовар ба он дода шуд, дигар асли худро фаромӯш мекунад.  Дар сурате ки яке аз шартҳои мусалмонӣ аз дасту забони ӯ озор наёфтани дигарон аст, на ин ки қатлу куштори бародари ҳамдин. Мо — мусалмонон ҳамеша мегӯем:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст дар мусалмонии мост.

Вале кам сари маънии ин гуфтаҳоямон андеша мекунем, ки чаро чунин аст. Пас айби мо дар чист? Ба фикрам, ҷавоби ин суол хеле сода аст. Тафаккур кунед, барои чӣ моро мусалмон мегӯянд? Барои он ки мусалмон бояд ба Худо – офарандааш таслим бошаду гуфтаҳои Ӯро ба ҷо оварад. Биёед, акнун боз ба худ савол диҳем, ки оё мо ҳамаи фармудаҳои Аллоҳ (ҷ) -ро иҷро мекунем? Ҳамаамон медонем, ки вазифаҳои мусалмон аз чӣ иборат аст? Илова ба тоату ибодати фарзӣ мо бояд бо рафтору гуфтори худ намуна бошем, аз дасту забони мо бояд касе озор набинад, фиреб накунем, дурӯғ нагӯем, аз фитнаву иғвоангезӣ, кинатӯзӣ орӣ  ва инсони созандаву накухоҳ бошем.  Мо имрӯз бо бузургони гузаштаи худ фахр мекунем. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ вақте ки вафот мекунад мардуми зиёде новобаста ба дину миллат ва ақида аз паи ҷанозаи ӯ мераванд ва мегӯянд, ки Мавлоно аз мо буд, зеро вай мусалмони воқеӣ ва маънии суханҳояш саропо «Қуръон»-ӣ буданд:

«Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ,

Ҳаст «Қуръон» дар забони паҳлавӣ.

Имрӯз, мутаассифона, аксарият аз маърифати исломӣ дур мондаанд. Мусалмонии мову  шуморо  имрӯз на танҳо ғайриисломиён, балки баъзе нафароне, ки худро донишманду коршинос мегӯянд, низ зери суол мегузоранд.

Такя мекунам ба китоби «Қуръон»-и маҷиде, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар ҳадя кардаанд. Дар Каломи Шариф омадааст, ки «… Худо шуморо пеш аз ин (дар Китобҳои собиқ) ва дар Қуръон низ «мусалмон» ном ниҳод, то Пайғамбар бар шумо гувоҳ бошад ва шумо бар мардум гувоҳ бошед…» ( Сураи Ҳаҷ, ояти 78).

Эътироф бояд кард, ки аксар мусалмонон аз дини худ бехабаранд, зудбоваранду ба фитнаҳои шайтонӣ дода шудаанд. Тавассути наворҳои шабакаҳои интернетӣ ва телевизионии хориҷӣ намоиш медиҳанд, ки ришдоре дар пушт байрақи сиёҳ гардани инсони дигареро мебурад ва мо ба даҳшат меафтему ба он «муҷоҳид» ва «мусалмон» лаънат мегӯем (воқеан он ҷаллод муҷиби лаънати на танҳо мову шумо, балки Парвардигор аст). Зуд бовар мекунем, ки вай мусалмон аст. Баъди дидани ин наворҳо диламон аз Ислому мусалмонӣ хунук мешавад (албатта онҳое, ки имони заиф доранд). Ана, мо чӣ гуна мусалмонем! Ё тариқи расонаҳои хабарии хориҷӣ журналистону наттоқон ва коршиносонашон ҷор мезананд, ки ҳамаи ин фоҷиаҳо дасти «исламисти», «ҷихадисти», «мусулмани» буда, мусалмонон террористу ҷоҳиланд. Аммо, намегӯянд, ки абарқудратҳо бо тиру тӯп, яроқҳои навтарини қатли ом шаҳрҳоро валангор, ҳазорҳо мардуми бегуноҳро пора — пора месозанд! Ба ибораи дигар, омилони ин фитна ва ҷоҳилону террористони аслӣ «моҳи беайб»-ро мемонанд. Боиси таассуф аст, ки қисмати аъзами шайхҳо ва охундҳову сарварони давлатҳои исломӣ дар муқобили фитнаву дасисаҳои зидди Ислому мусалмонон садо баланд намекунанд.

Пешвои миллати мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъкид доштанд: «Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусалмонони сайёра зарар мебинанд».

Дар маҷмӯъ, фитнаҳо ва фоҷиаҳо давом доранд ва моро зарур аст, ки  аз ҳарвақта дида бештар ҳушёру зирак бошем, илму донишро аз бар намоем, ваҳдату ягонагиро таҳким бахшем ва ба ҳар гуна иғвою дасисаҳо дода нашавем.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»