Чанде пеш Ҳукумати ИМА ба имоми 83-солаи деҳаи Нгари иёлати Платои Нигерия Абубакр Абдуллоҳӣ Ҷоизаи байналмилалии «Озодии эътиқод» — ро тақдим намуд. Ӯ моҳи июни соли 2018 дар масҷиди маҳалла ва хонааш 262 нафар насронии гурезаро аз ҳамлаи силоҳбадастон ҳифз кардааст. Ҷангиёнро зорию тавалло намудааст, ки агар зарур бошад, ӯро парронанд, вале ба паноҳҷӯён зарар нарасонанд.
Намояндаи дипломатӣ оид ба озодии виҷдон дар Ҳукумати Амрико Сэм Браунбэк зимни супурдани ҷоиза дар шаҳри Вашингтон таъкид намуд, ки рафтори Абубакр Абдуллоҳӣ намунаи беҳтарини шуҷоат, диловарӣ ва дӯстию таҳаммулгароӣ аст. — Ӯ ба хотири наҷот додани пайравони дини дигар ҷони худро зери хатар гузошт. Агар ҷасорати имом намебуд, гурезагон зинда намемонданд, — гуфт Браунбэк.
Тибқи иттилои CNN, соли равон дар қатори Абубакр Абдуллоҳӣ боз чор нафар ходими дин аз Судон, Ироқ, Кипр ва Бразилия сазовори ҷоизаи зикршуда гардиданд.
Таҳияи С. НАҶМИДДИНЗОДА, «Садои мардум»