Таъиноти кадрӣ дар мақомоти судӣ

№19 (3320) 12.02.2015

Ёздаҳуми феврали соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 132 нафар кормандони мақомоти судиро, ки ба вазифаҳои нави раиси суд, муовини раиси суд, судяи судҳои вилоят, шаҳру ноҳия, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъин шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин ва озод намудани судя ва роҳбарияти судҳои вилоятҳо ва як зумра шаҳру ноҳияҳои кишвар қироат карда шуд. Тавре аён гардид, аз 132 нафари таъиншуда 49 кас бори аввал ба мансаби судя таъин гардиданд, ки шаш нафари онҳо занон мебошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз ғамхориҳои роҳбарияти кишвар ба мақомоти судӣ ва кормандони ин соҳа, аз ҷумла беҳсозии шароити корӣ, афзун намудани ҳуқуқу ваколатҳо ва маоши онҳо ёдовар шуда, дар наздашон доир ба таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон, ҳифзи холисонаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои давлат, корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.

Зикр гардид, ки пас аз татбиқи босамари ду барномаи давлатӣ барои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар оғози соли равон боз барномаи нави ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ барои солҳои 2015-2017 тасдиқ гардид, ки мақсади он таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ мебошад. Ба роҳ надодани қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ дар миёни худи кормандони соҳа, аз ҷумла ба амалҳои коррупсионӣ даст задани онҳо, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Таъкид гардид, ки кормандони мақомоти судӣ фаъолияти ҳаррӯзаро ба хотири боз ҳам беҳтар ба амал баровардани адолати судӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, таҳкими обрӯи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбии худ бояд равона созанд.

www.president.tj