Доир ба ин мавзуи муҳим хабарнигори рӯзнома бо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода ҳамсуҳбат шуд.
- Мо таъмини амнияти озуқавориро яке аз афзалияти асосии рушди кишвар медонем. Нахуст ин масъаларо шарҳ медодед.
- Ин масъала барои кишвари мо хеле муҳим аст. Таъмини амнияти озуқаворӣ аз татбиқи идеологияи иқтисодӣ, принсипҳои заминавӣ ва маҷмӯии тадбирҳо, ки дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» инъикос ёфтааст, маншаъ мегирад.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, таъмини амнияти озуқаворӣ, пеш аз ҳама, ба рушди соҳаи кишоварзӣ вобаста аст. Дар навбати худ, ислоҳоти аграрӣ ва таъмини рушди устувори он ба диверсификатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани навгониҳои технологӣ бо назардошти принсипҳои ҳифзи муҳити зист, нигоҳ доштани бонитети заминҳои кишоварзӣ, таъмини дастрасӣ ба нуриҳои минералӣ, тухмиҳои хушсифат ва зотҳои сермаҳсули ҳайвонот, ҷорӣ кардани кишоварзии органикӣ, мусоидат ба самаранокии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва заминдории кишоварзон ва ташаккули низоми муосири идоракунии захираҳои обу замин вобаста мебошанд.
- Тағйирёбии иқлим имрӯз яке аз масъалаҳои глобалию ташвишовар мебошад, ки ба ҳама соҳаҳо таъсир гузоштааст. Вазъи соҳаи кишварзӣ чӣ гуна аст ва барои кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим ба ин соҳа чӣ тадбирҳо бояд андешида шавад?
- Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об осебпазир мебошад. Босуръат об шудани пиряхҳо яке аз чунин омилҳост. Бинобар тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ҳамасола селу обхезӣ рух медиҳанд. Бар асари ин офатҳо ба иқтисоди кишвар, аз ҷумла ба соҳаи кишоварзӣ, хисороти зиёд ворид мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон, ки 25 майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, вобаста ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он, аз ҷумла хушксолии паи ҳам, андешаҳояшонро баён намуданд. Таъкид гардид, ки ба баланд бардоштани маданияти истифодаи обу замин ва захираву афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа таваҷҷуҳ бояд хоса бошад. Сарвари давлат иброз доштанд, ки имконият дар соҳаи кишоварзӣ, ки яке аз манбаъҳои асосӣ барои ноил шудан ба амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли ашёи хом барои корхонаҳои саноатӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва ҳар чӣ бештар бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ мебошанд, зиёданд. Пешвои миллат дастур доданд, ки кишти зироат ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бояд сол ба сол зиёд ва бозори истеъмолии мамлакат дар ҳама фаслҳои сол бо озуқаворӣ таъмин карда, вобастагии иқтисоди кишвар аз маводи ғизоии воридотӣ мунтазам коҳиш дода шавад.
Тибқи маълумоти оморӣ, 74 дарсади аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва бештар аз 60 дарсади аҳолии деҳот ба фаъолияти кишоварзӣ бевосита алоқаманданд. Ҳамасола зиёда аз 20 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд, ки ин ҳанӯз мавқеи муҳим доштани ин соҳаро нишон медиҳад.
Соли 2016 «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи дуюми миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул шуданд. Барномаҳои зиёди маҷмӯӣ ва самтҳои алоҳидаи соҳаи кишоварзӣ қабул ва амалӣ шуда истодаанд. Вале самтҳое ҳастанд, ки боз ҳам таваҷҷуҳи бештарро талаб мекунанд.
- Барои танзими масоили вобаста ба таъмини амнияти озуқаворӣ кадом санадҳои меъёрӣ амал мекунанд?
- Заминаи ҳуқуқии таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ кофӣ аст ва 40 қонуни соҳавӣ ва танзимкунандаи муносибатҳои алоҳидаи вобаста ба замин ва кишоварзӣ амал мекунанд. Тавре Пешвои миллат қайд намуданд, қонунҳои мамлакат вобаста ба талаботи таъмини рушд, омилҳо ва чолишҳои замони муосир бояд пайваста мавриди омӯзиш ва такмил қарор дода шаванд.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният»-ро қабул намуд, ки тибқи он, амнияти озуқаворӣ қисми таркибии амнияти миллӣ ва ҳолати муҳофизатии иқтисодиёти давлат мебошад ва он аз ҳисоби истеҳсоли дохилии озуқа бояд таъмин гардад.
Тибқи моддаи 19 қонуни мазкур, амнияти озуқаворӣ тавассути таҳия ва татбиқи чораҳои иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ, маъмурӣ ва дигар чораҳое, ки ба пешгирӣ ва безараргардонии таҳдиди амнияти озуқаворӣ равона шудаанд, таъмин гардида, ба принсипҳои дастрасии воқеӣ, сифати маҳсулот, ташаккули захираҳои давлатӣ, рақобатпазирӣ, ҳамкории давлат ва соҳибкорон ва иттилоотонӣ асос меёбад.
Тибқи қонуни мазкур дар ҳолатҳои бад шудани вазъи амнияти озуқаворӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад воридот ва содироти маҳсулоти озуқавориро муваққатан манъ ва ё маҳдуд намояд.
Ин масъалаҳо аз тарафи Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо назорат мешаванд.
Соли гузашта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030»-ро қабул намуд, ки мақсади асосии он идома додани ислоҳоти аграрӣ, муҳайё намудани шароити мусоид дар пешбурди соҳаи кишоварзӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки обу замин, таъмини рушди устувор ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ мебошад.
- Боз кадом масъалаҳои ҳалталаб дар соҳа мавҷуданд?
- Барои таъмини амнияти озуқаворӣ воситаҳои муосири истеҳсолоти кишоварзиро ба роҳ бояд монд. Ҳоло аз тарафи Ҳукумати мамлакат дар ин самт корҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд.
Имрӯз масоҳати заминҳои обии кишвар 754 ҳазор гектарро ташкил медиҳанд. Мавҷудияти заминҳои обӣ яке аз омилҳои асосии таъмини амнияти озуқаворӣ дониста мешавад, чунки зиёда аз 80 дарсади маҳсулоти кишоварзӣ аз заминҳои обӣ гирифта мешавад. Мо имконияти бештари аз худ кардан ва обёрӣ намудани заминҳои кишоварзиро дорем. Тибқи «Консепсияи ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷумҳурӣ имконияти обёрӣ кардани то 1,6 млн. гектар замин мавҷуд аст.
Дар мамлакати мо дар қиёс бо давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ масоҳати заминҳои обёришаванда ба ҳар сари аҳолӣ аз ҳама кам мебошад. Барои ақаллан дар ҳамин сатҳ нигоҳ доштани ин нишондиҳанда моро зарур аст, ки ҳар сол на кам аз 15-20 ҳазор гектар замини нави корамро ба истифода диҳем.
Масъалаи дигари муҳим ҳолати мелиоративии заминҳои мавҷуда мебошад. Ҳар сол заминҳои зиёди кишоварзӣ дар ҳолати номатлуби мелиоративӣ қарор мегиранд. Ин, аз як тараф, ба иллати фаъолияти ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ марбут бошад, аз тарафи дигар, фарсудаю корношоям шудан ва дар аксар ҷойҳо бо иқтидори пурра кор накардани пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти таъмини оби полезӣ мебошад.
Ба ғайр аз ин, соҳибмулкии каналу ҷӯйҳо, заҳбуру заҳкашҳо, роҳу пулҳо ва дигар иншооти хизматрасонии заминҳои кишоварзӣ то ҳол ҳалли пурраи худро наёфтаанд.
Масъалаи дигари ҳалталаб, тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, фарҳанги заминдорӣ мебошад. Мушкилот дар ин аст, ки на ҳамаи аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ малакаи зарурии кишоварзӣ доранд, ки ин бевосита ба самаранокии истифодаи замин ва гирифтани ҳосили фаровон таъсир мерасонад.
Мусоҳиб Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»