Таҳлили ҳолати пиряхҳо дар шароити гармшавии иқлим

№145 (4407) 02.12.2021

Чанде пеш бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикис­тон ва Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзишии пиряхҳо» таҳти унвони «Ҳолати имрӯзаи пиряхҳо, яхбандӣ ва криосфера дар раванди гармшавии глобалӣ» конференсия доир гардид, ки дар он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода низ ширкат дошт.

Ӯ зимни баромад гуфт, ки обҳои шаффофу шифобахши Тоҷикистон яке аз сарватҳое мебошанд, ки тайи солҳои зиёд диққати сайёҳони хориҷиро ҷалб мекунанд.

- Тавре маълум аст, Тоҷикистон сарчашмаҳои ғании об дошта, қариб 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар он ташаккул меёбад. Манбаи асосии ин обҳоро захираҳои пиряхи минтақа, ки зиёда аз 60 фоизи онҳо дар Тоҷикистон ҷойгир аст, ташкил медиҳанд, — иброз дошт Ғайрат Азиззода ва ёдовар шуд, ки пиряхҳо захираи асосии оби соф мебошанд. Обшавии босуръати онҳо, дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад.

Саҳми Тоҷикистон дар ташаккули манбаъҳои оби Осиёи Марказӣ хеле бузург буда, аз 115,6 км3 оби ҳавзаи баҳри Арал қариб 90 дарсади он дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷорӣ мегарданд. Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 947 дарё бо дарозии зиёда аз 10 км ба ҳисоб гирифта шудааст, ки дар маҷмӯъ 28 500 километр дарозӣ доранд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ ба ҳиссаи дарёҳо 64 км3, ба ҳиссаи кӯлҳо 44 км3 (аз ин миқдор 20 км3 онро оби тозаи нӯшокӣ ташкил медиҳад) ва бештар аз 6 км3 оби тоза ба ҳиссаи обҳои зеризаминӣ рост меояд.

Зикр гардид, ки агар солҳои шастуми асри гузашта таъминоти об ба сари ҳар як нафар аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ солона ба зиёда аз ҳашт ҳазор метри мукааб баробар бошад, ҳоло ин нишондиҳанда зиёда аз чор баробар кам гардида, дар як сол каме зиёд аз ду ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон