Он ба суръати интернету хизматрасонии соҳаи алоқа низ вобаста аст
«Ҳоло дар кишвар шумораи муштариёни интернет ба 4,5 миллион расидааст, ки ба 100 нафар аҳолӣ 45 муштарӣ рост меояд. Вале таъкид менамоям, ки суръат ва арзиши интернет ҳанӯз қонеъкунанда нест».
Аз Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23-юми декабри соли 2022)
Мувофиқи маълумоти дастрас, суръати интернет дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин аст: Қазоқистон (62,04 Мбит дар як сония), Қирғизистон (50,64 Мбит дар як сония), Ӯзбекистон (46,94 Мбит дар як сония), Тоҷикистон (32,96 Мбит дар як сония) ва Туркманистон (3,91 Мбит дар як сония). Ин рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки хизматрасонии интернет дар вазъи чандон хуб қарор надорад. Ин дар ҳолест, ки даромади умумии корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа ва операторону провайдерони хусусӣ дар нимсолаи аввали соли 2022- юм 1 миллиарду 660 миллиону 508 ҳазору 723 сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба нимсолаи аввали соли қаблӣ ба 114,2 фоиз баробар мебошад. Яъне, сол аз сол сокинон барои алоқа ва интернет пули зиёд харҷ мекунанд, вале ҳамоно хизматрасонӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
Дар матлаби зер кӯшиш кардем, ки ба ин саволҳо посух гӯем: Сифати пасти интернет кадом мушкилотро эҷод мекунад? Мо ба чунин суръати интернет чӣ гуна ба ҷангҳои иттилоотӣ посух мегӯем? Чӣ гуна метавон амнияти иттилоотиро таъмин намуд? Таъкидҳои Президенти мамлакат дар Паёмашон вобаста ба сифати хизматрасонии соҳаи алоқа бозгӯи кадом мушкилот аст?
ҲОЛАТИ ИНТЕРНЕТ
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба масъалаи муҳимияти суръати интернет ва беҳтарсозии сатҳи хизматрасонии соҳа ишора карда, аз ҷумла, таъкид карданд: «Рушди соҳаи алоқа, бахусус, таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, таъмин намудани амнияти иттилоотӣ, ҷалби сармоя ва ташкили паркҳои технологиву инноватсионӣ, зарур мебошад».
Эътироф бояд кард, ки дар айни замон тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии аҳолӣ ба интернет вобаста аст ва рушди яке бе рушди дигаре қариб, ки имконнопазир мебошад. Мутаассифона, ба соҳаи алоқа ба таври бояду шояд таваҷҷуҳ зоҳир намекунем.
Тибқи иттилои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумораи умумии симкорти истифодабарандагони алоқаи мобилӣ 7 миллиону 943 ҳазору 309 ададро ташкил медиҳад, ки 5 миллиону 460 ҳазору 504 муштариёни фаъол мебошанд. Ҳамчунин, 45 фоизи шумораи умумии аҳолии кишвар корбари интернет ҳастанд, вале аксари онҳо аз сатҳи хизматрасонӣ норозиянд.
Мутаассифона, аксар корбарони интернет аз суръати пасти он дар кишвар шикоят мекунанд, вале ин масъала ҳанӯз ҳалталаб боқӣ мондааст.
Ҳамчунин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём масъулини Хадамоти алоқаро вазифадор карданд, ки якҷо бо ширкатҳои дар соҳа фаъолияткунанда барои беҳтар кардани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст, тадбирҳои заруриро андешанд.
Мутаассифона, дар ҷомеаи мо ҳеҷ вақт шабакаҳои иҷтимоӣ арзиши хизматрасониҳоро паст намекунанд, балки сари ҳар чанд вақт ҳатто хизматрасонии тарофавиро низ баланд мебардоранд.
ХАДАМОТИ АЛОҚА ТАСДИҚ КАРД, КИ МУШКИЛ ВУҶУД ДОРАД
30-юми январи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ муовини раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев гуфт, ки дар ҳақиқат сатҳу сифати интернети мобилӣ дар кишвар нисбатан паст аст.
Илҳомҷон Атоев афзуд, ки барои баррасии нарх ва суръати интернет ситод таъсис додаанд, ки умед аст сатҳу сифати он беҳтар гардад.
«Мутахассисон ва ширкатҳои мобилӣ вазифадор шудаанд, пойгоҳҳоеро, ки муштариро бо низоми интернети мобилӣ пайваст мекунад, зиёд кунанд. Пеши роҳи худсарона хомӯш кардан ё канда гирифтани пойгоҳҳо низ гирифта шавад», — илова кард ӯ.
Инчунин, ӯ зикр кард, ки дар бораи нархи интернет корҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва технологӣ ба роҳ монда шуда, он рӯзҳои наздик амалӣ хоҳад шуд.
ҶАНГҲОИ ИТТИЛООТӢ ВА СУРЪАТИ ИНТЕРНЕТ
Таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва дар шароити мо мушкил маҳсуб меёбад. Муҳим ба он хотир аст, ки амнияти иттилоотӣ як шохаи муҳими амнияти миллист. Мушкил бо он сабаб аст, ки бинобар хизматрасонии на он қадар хуби соҳаи алоқа на ҳамеша имкон дорем онро таъмин намоем.
Тавре сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов гуфт, муҳимтарин омили таъмини амнияти иттилоотӣ он аст, ки бояд воситаҳои ахбори омма моҳияти рӯйдодҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро дар сатҳи баланди касбият ба ҷомеа расонад.
- Агар сатҳи воситаҳои ахбори омма баланд бардошта шавад, шиддати таъсири ҳар гуна иттилооти беасос ва бардурӯғ дар расонаҳои манфиатхоҳ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ташкилотҳои террористию ифротгаро ва ҷонибҳои манфиатхоҳ метавонад камтар гардад. Чунки табиати инсон чунин аст, ки ба иттилои аввал дарёфтнамуда бештар эътимод пайдо мекунад. Эътимод ва боварӣ ба иттилооти расонаҳои расмӣ моҳиятан эътимод ва бовариро ба мақомот ва Ҳукумат бештар месозад, — афзуд ӯ.
Тезонидани суръати кор (равон кардани иттилоот)-и сарчашмаҳои иттилоъ, дар пахши матлаб аввал будани расонаҳо, ба афкори омма таъсир расонидани матолиби журналистӣ ва аз дурӯғпароканиҳо эмин мондани аудитория ҳамеша ва дар ҳама ҳолат ба суръати интернет рабт дорад. Бо ин мушкилот борҳо рӯ ба рӯ шудем, аммо… Ҳатто суръати интернети идораву корхонаҳои муҳим ҳам ба таври бояду шояд дастрас нест ва баъзан мефаҳмем, ки аз сабаби суръати пасти интернет ба «Zoom» пайваст шуда намешавад.
Дар ин маврид ҳамсуҳбати мо илова намуд, ки барои таъмини амнияти иттилоотии ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, бояд ба рушди воситаҳои ахбори омма мусоидат кард ва фазои холии иттилоотиро дар кишвар пур сохт.
Охири моҳи сентябри соли гузашта бинобар нооромии вазъ дар сарҳад бо Ҷумҳурии Қирғизистон фаъолони ҳар ду кишвар иштирокчии муборизаҳои иттилоотӣ буданд, вале дар он айём суръати интернет паст буд, ки аз корбари одӣ то блогерону нафарони маъруф шикоят доштанд.
Ин ҳама ба он ишора мекунад, ки бояд сари масъалаи беҳтар сохтани сатҳу сифати хизматрасонии соҳаи алоқа андеша кунем ва мушкилоти мавҷударо ҳал намоем.
Ҳамчунин, Зубайдулло Давлатов пешниҳод намуд, ки ислоҳоти соҳаи иттилоотии мамлакат баҳри таъмину тақвияти амнияти иттилоотӣ пеш гирифта шавад.
- Манзурам ислоҳоти кадрӣ, мафкуравӣ, техникӣ ва илмию идеологии тамоми сохтори иттилоотии ҷумҳурист. Ин ислоҳот барои миёнамуҳлат бояд барномарезӣ шавад. Ҷалби олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мутахассисони варзидаи техникӣ, собиқадорони соҳа, ташкили институти такмили ихтисоси соҳаи иттилоот танҳо ба манфиати кор аст, — иброз дошт ӯ.
БА ҶОИ ХУЛОСА
Одат кардаем, ки то барои ҳалли хурдтарин мушкиламон Сарвари давлат дахолат накунанд, масъулин аз пайи ҳалли он намешавад. Чун солҳои зиёд дар бораи суръати сусти интернет ва хизматрасонии пасти масъулини соҳа гуфта мешавад, ба гӯши мутасаддиён намерасад.
Агар ҳадди ақал суръати интернет дар сатҳи минтақа баланд шавад, бешак метавон гуфт, ки ба рушди дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим ҳам шоҳид мешавем. Аз ҷумла, иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, рушди барномасозӣ, рушди журналистика, таъмини амнияти иттилоотӣ ва ғолибият дар муборизаҳои иттилоотӣ.
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,
«Садои мардум»