Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоҳибаи Самариддин Асозода ва Сайфиддин Суннатиро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» (№26 (4132) аз 27 феврали соли 2020) таҳти ин унвон ба чоп расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод ва пешниҳоди мазкурро қобили қабул донист. Мутаассифона, бинобар ислоҳоти сохторӣ, айни замон Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолият намекунад.
Бо дарназардошти рӯзмарра будани масъалаи ҷалби сайёҳон ба ҷумҳурӣ, дар оянда ба роҳ мондани «саёҳати тиббӣ» ва омӯзиши ҷиҳатҳои илмии он, албатта, хуб мешуд, ки дар сохтори Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аввал шуъба ва минбаъд пажӯҳишгоҳи илмӣ таъсис дода шавад.
Чунонки дар мақола ишора шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минтақаҳои истироҳатӣ ва табиии шифобахш хеле бой аст. Аз ин хотир, дастгирии ин иқдом дар оянда боис мегардад, ки олимон ва пажӯҳишгарон на танҳо ҷойҳои маъмулии дорои манбаъҳои табиии шифобахш, балки дигар мавзеъҳои кишварро, ки дар минтақаҳои гуногун ҷойгиранду то ҳол омӯхта нашудаанд, зери таҳлили илмӣ қарор диҳанд. Ҳамчунин, бо ташвиқу тарғиб тавассути ВАО метавон аҳолӣ, аз ҷумла, хориҷиёнро аз мавҷудияти ин гуна мавзеъҳо воқиф созем, зеро ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳон ба кишвар боиси ғанӣ гардидани буҷети ҷумҳурӣ хоҳад шуд.
Ғ. МУҲСИНЗОДА, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳизфи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон