Ниёгон аз қадимулайём ба табибон зиёд арҷгузорӣ намуда, онҳоро аз ҷумлаи ашхоси соҳибнуфузи ҷомеа эътироф намуда буданд. Вожаи «табиби ман — ҳабиби ман» низ «ихтироъ»-и ҷадид набуда, аз ҳамон айём маншаъ гирифтааст. Дар таълимоти дини мубини ислом низ пизишкон мавриди эҳтиром қарор дошта, «фариштагони саломатӣ» арзёбӣ гаштаанд. Аз таълифоти исломӣ бармеояд, ки замони бемор гардидани инсон Худованд баҳри шифо ёфтани ӯ давои табибонро сабаб намуда, ба ин васила барои ризқу рӯзӣ пайдо намудани онҳо шароит фароҳам меорад.
Яке аз табибони масеҳонафас, ки дар рушду нумӯи бахши тандурустии мамлакат, хоса кумаки таъҷилии тиббӣ ва тарбияи мутахассисон нақши бориз дорад, Юна Дотхоев аст. Ягона омили таҳрикбахши иншои матлаби мазкур низ таваҷҷуҳи номбурда ба кадрҳои маҳаллӣ ва аз ҳисоби ҷавонони тоҷик ба воя расонидани кадрҳои баландихтисос маҳсуб мешавад. Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки аксари табибони муътабару соҳибмактаби имрӯза парвардаи мактаби Ю. Дотхоев мебошанд. Ӯ аз яҳудиёни Бухоро буда, 5 — уми ноябри соли 1917 ба дунё омадааст. Баъди хатми факултети муолиҷавии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар кафедраи анатомияи топографӣ ва ҷарроҳии оперативӣ ассистент буд. Солҳои 1947 — 1950 ба ҳайси директори Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Сталинобод, аз соли 1954 ассистент ва аз соли 1959 дотсенти кафедраи ҷарроҳии умумии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1967 профессори кафедраи ҷарроҳии умумӣ, сипас мудири кафедраи ҷарроҳии госпиталии №2 ва аз соли 1975 мудири кафедраи ҷарроҳии факултетӣ буд.
Муаллифи чанд монография, китобҳои дарсӣ, беш аз 275 мақолаи илмӣ оид ба ташхис, муолиҷаи бемориҳои шадиди ковокии шикам, анестезиология ва усулҳои такмили таълими пизишкон мебошад. Муҳимтар аз ҳама, ӯ аввалин шуда, хусусият ва хатари наркозро дар шароити ноҳияҳои баландкӯҳ илман асоснок кард ва дар амалияи тиббӣ кошиф ва ҷорикунандаи усули нави ташхиси бехатарии перфоративии захми меъда-пневмогастрография маҳсуб мешавад.
Ин фидоии соҳа аз соли 1965 то 1975 сарҷарроҳи Вазорати ҳифзи тандурустии Тоҷикистон буда, аз соли 1986 дар вазифаи мудири кафедраи донишгоҳи зикршуда кор мекард. Солиёни охир маскуни Амрико гашта, фаъолияти табобатию илмиашро дар он ҷо идома дод. Хизматҳояш бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (соли 1967) ва унвони Корманди хизматнишондодаи Тоҷикистон (соли 1977) қадрдонӣ шудааст.
Имрӯз дар муассисоти тиббии кишвар даҳҳо номзаду докторони илми тиб фаъолият доранд, ки шогирдони Ю. И. Дотхоев ҳастанд. Яке аз ҷарроҳони варзидаи мамлакат, доктори илмҳои тиб профессор Ашур Достиев, ки аз шогирдони Ю. Дотхоев мебошад, гуфт, ки «аз ӯ некиҳои зиёд дидаам, бояд гӯям, ки вай аз зумраи чунин шахсиятҳои хоксору сермаҳсул, масъулиятшиносу поквиҷдон буда, дар бахши тандурустии мамлакат ва хориҷ аз он мақому манзалати хос дошт. Хислатҳои ҳамидаи ин шахсияти маъруф ва бемороне, ки ба шарофати ӯ шифои комил ёфтаанд, зиёданд. Эътироф бояд кард, ки сатҳи баланди касбияти номбурда, таваҷҷуҳи хос доштанаш ба кадрҳои маҳаллӣ, муаррифии шоиста ба сифати вориси Синои бузургвор аз илми тибби тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, муҳимияти корҳои тадқиқотии ба сомонрасида ва масъулиятшиносиву поквиҷдонии профессор Дотхоев қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст. Муҳимтар аз ҳама, тадқиқотҳои анҷомдодаи мавсуф мисли корҳои илмии баъзе ба ном олимон дар рӯи коғаз намондааст».
Ю. Дотхоев дар китоби хеш «Дар бораи яҳудиёни Бухоро» аз роҳи паймудааш, ки дар он монеаҳо хеле зиёд буданд, ёдовар шуда, нигоштааст, ки «ҳатто мавзӯъҳои илмии рисолаҳои номзадӣ ва докториамро бидуни тавсия ва мусоидати касе интихоб карда, мутаносибан солҳои 1955 ва 1966 бомуваффақият ҳимоя кардам». Соли 1967 унвони профессориро соҳиб шуд. Дар ҳама давру замон нотавонбинон ҳастанд ва чунин ашхоси нопок ба номбурда ҳасад мебурданду кина меварзиданд. Соли 1975 бо «мусоидат»- и нотавонбинон Дотхоев бо ҷурми иштирок дар маросими динии видоъ бо яке аз яҳудиёни Бухоро, дотсенти Донишгоҳи тиббӣ мавриди муҷозот қарор гирифт. Ҳарчанд ин амали муғризона ба ӯ таъсири чашмрас дошт, вале ҳаргиз ба касе даҳон ба шиква накушода буд. Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки профессор Дотхоев баробари фаъолияти илмиву эҷодӣ ва таълифи асарҳои монографию ихтироъҳои зиёде дар тарбияи шогирдон низ саҳми арзанда гузоштааст. Таҳти роҳнамоии ӯ нафарони зиёд рисолаҳои илмӣ ҳимоя кардаанд.
Ҳадаф аз иншои мақола бори дигар мурур намудан дар шинохти Юна Дотхоев, ки тоҷику тоҷикистониёнро самимона дӯст медошт, маҳсуб мешавад. Аз ҷониби дигар, кушодани баъзе аз паҳлуҳои зиндагии ин пизишки нотакрор барои насли наврас муфид хоҳад буд.
Далер МЕРГАНОВ,
«Садои мардум»