Байни табибони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон даври омӯзишӣ ва табодули таҷриба оғоз шуда, то 17-уми октябри соли равон идома меёбад.
Дар ин хусус аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Иттилоъ гирифтем, ки 24 табиби тоҷик барои омӯзиш ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафтанд. Давраи омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, табодули таҷриба байни роҳбарони соҳаҳои тандурустии Эрон ва Тоҷикистон оид ба масоили кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) гузаронида мешавад.
Давраи омӯзишӣ 6-уми октябри соли равон оғоз гардида, табибони тоҷик дар ин марҳила бо сохтори идоракунӣ, қоидаҳо ва нақши давлат дар таъмини дастрасӣ ба хизматрасонии тиббии Эрон шинос мегарданд.
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»