Мувофиқи лоиҳаҳои амнияти башарии Ҳукумати Ҷопон барои бахши аъзами аҳолӣ дар якчанд ноҳияҳои дурдасти вилояти Хатлон муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ барқарор ва бунёд гардиданд. Тавре аз Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 4 апрели соли 2013 маросими бомуваффақ анҷом ёфтани «Лоиҳаи азнавсозии мактаби миёнаи № 10 дар деҳаи «Сари Мазор»-и ноҳияи Балҷувон» бо иштироки котиби сеюми Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Такааки Коматсу ва раиси ноҳияи Балҷувон Фотеҳ Аминов баргузор гардид. Ҳукумати Ҷопон барои амалӣ гаштани лоиҳаи мазкур 111 726 доллари ИМА ҷудо намуда буд.
Мактаби мазкур, ки соли 1986 бунёд ёфтааст, дар шароити вазнин қарор дошт. Ҳамчунин шумораи толибилмон ба миқдори синфхонаҳо мувофиқ набуда, хонандагони синфҳои даҳ ва ёздаҳ маҷбур буданд дар деҳаҳои ҳамсоя таҳсил намоянд.
Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур бинои нави мактаб иборат аз шаш синфхона ва ду хона барои кормандон сохта шуд. Инчунин, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид, таълимгоҳ бо таҷҳизоти мактабӣ, ба монанди мизу курсӣ ва тахтасинфҳо, таъмин гардид. Алҳол таълимгоҳ имконияти бо таҳсил фарогирии толибилмони синфҳои 10 ва 11-ро низ дорад ва ба кӯдакони деҳоти «Сари Мазор»-и ноҳияи Балҷувон муҳити беҳтар барои таҳсил муҳайё гаштааст.
Ҳамзамон бо кӯмаки Ҳукумати Ҷопон, ба маблағи 111 788 доллари ИМА, дар доираи лоиҳаҳои зикршуда шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва тавлидгоҳи беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг азнавсозӣ гардид. Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг аз вақти таъсисёбиаш (соли 1986) инҷониб рӯйи таъмирро надида буд. Дар рафти амалишавии лоиҳа биноҳои шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва тавлидгоҳи беморхона пурра барқарор гардиданд. Илова бар ин, Ҳукумати Ҷопон беморхонаи мазкурро бо таҷҳизоти нави замонавӣ, аз қабили дастгоҳҳои ултрасадо, нафасдиҳии сунъии шуш ва гастрофиброскоп муҷаҳҳаз гардонид. Акнун мизоҷон имкон пайдо карданд, ки аз табобати босифат дар муҳити боамн истифода баранд. Дар натиҷаи амалӣ гаштани лоиҳа имконияти хизматрасонии тиббии босифат барои зиёда аз 4000 нафар бемор таъмин гардид. Ба муносибати ин рӯйдоди фараҳбахш бо иштироки котиби сеюми Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Такааки Коматсу ва раиси ноҳияи Ховалинг Қодир Валиев ҷамъомад баргузор шуд.
Ҳамчунин иттилоъ дода мешавад, ки 5 апрели соли ҷорӣ дар шаҳраки «Ленинград»-и ноҳияи Мӯъминобод маросими ба анҷомрасии барқарорсозии мактаби миёнаи № 30 баргузор гардид. Барои таҷдиди ин таълимгоҳ 111 476 доллари ИМА ҷудо гардида буд. Дар ин ҷамъомад котиби сеюми Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Такааки Коматсу ва раиси ноҳияи Мӯъминобод Пирмад Зарипов ширкат ва суханронӣ карданд.
Бояд зикр намуд, ки мактаби мазкур соли 1978 бунёд гашта, то ҳол таъмир нашуда буд. Хонандагон иҷборан дар бинои фарсуда бо деворҳои осебдида ва фаршҳои вайрона, ки дар натиҷаи обчакиҳо аз тарқиши деворҳо тӯли солҳои дароз осеб медиданд, таҳсил менамуданд. Толори варзишӣ, маҷлисгоҳ ва ошхона дар ҳолати бисёр бад қарор дошта, толибилмонро аз пайдо кардани маълумоти муносибу сазовор маҳрум месохт. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур ҳамаи ин норасоиҳо бартараф гардид. Айни замон 134 нафар хонанда аз мактаб-интернати деҳаи ҳамсоя ва 236 толибилм аз гимназия дар қатори хонандагони мактаби мазкур дастрасии пурра ба толори варзишӣ барои машқҳои варзишӣ, ошхонаи тоза ва маҷлисгоҳ доранд. Толори нави маҷлисгоҳ аз тарафи аҳолии маҳаллӣ ҳам хуш қабул гардид, зеро то ин вақт бошандагони ин деҳа ҷойи муносиб барои гузаронидани чорабиниҳо надоштанд.
-Лоиҳаҳои мазкур дар доираи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарии Ҳукумати Ҷопон барои бахши аъзами аҳолӣ маблағгузорӣ гардида, аз тарафи мардум ё ҳокимиятҳои маҳаллӣ барномарезӣ ва амалӣ гардидаанд. Ҳукумати Ҷопон барои ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон талош варзида, ашхоси ниёзмандро дастгирӣ менамояд. Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва созмонҳои байналмилалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб барои бахши аъзами аҳолӣ 301 лоиҳаи кӯмаки башариро ба маблағи умумии 23.2 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст,- гуфт котиби сеюми Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Такааки Коматсу.
Б.КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»