Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (Талко) стратегияи рушди саноати алюминийи ватаниро тавассути гузариш ба истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ таҳия ва татбиқи онро шурӯъ намуд. Бо ташаббуси ширкат дар ноҳияи Ёвон сохтмони корхонаҳои истеҳсоли криолит, фториди алюминий ва кислотаи сулфат дар арафаи анҷомёбист. Даҳуми июни соли равон бо мусоидати Департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» гурӯҳи рӯзноманигорон бо мақсади ошноӣ ба рафти сохтмон ба иншооти мазкур омаданд.
Сартехнологи корхонаи сохташавандаи криолит Мирзовалӣ Юнусалиев гуфт, ки амалишавии лоиҳа арзиши аслии маҳсулотро кам карда, рақобатпазирии Талко-ро баланд мебардорад. Мувофиқи нақша моҳи августи соли равон корхонаҳои мазкур ба истифода дода хоҳанд шуд. Иқтидори корхонаҳои истеҳсоли кислотаи сулфат соле 130 000 тонна, криолит 12 ҳазор тонна ва фториди алюминий 18 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
- Ҳангоми таҳияи лоиҳаи корхонаҳои мазкур кураи эҳтиётӣ низ шомил гардидааст, ки бо истифодаи он имкони афзоиши ҳаҷми маҳсулоти корхонаи истеҳсоли криолит соле то 18 ҳазор тонна ва корхонаи истеҳсоли фториди алюминий то 27 ҳазор тонна мавҷуд аст, — гуфт Мирзовалӣ Юнусалиев.
Боиси хушнудист, ки дар доираи ибтикорот ҷиҳати бо ашёи хоми зарурӣ таъмин намудани корхонаҳои истеҳсоли криолит, фториди алюминий ва кислотаи сулфат корҳои истихроҷи 300 ҳазор тонна маъдан дар як сол ва бунёди фабрикаи нави тозакунии маъдан дар ҳудуди ҶСК «Комбинати маъдантозакунии Такоб» барои истеҳсоли флюорит оғоз гардид. Ба гуфти сарвари Департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» Игор Сатторов, то ин дам корхона ашёи хомро аз дигар кишварҳо ворид мекард. Зимни интиқоли ашёи хом баъзан мушкилот пеш меомад, ки дар маҷмӯъ боиси баланд шудани арзиши аслии алюминий мегашт. Ба кор даромадани ин се корхона роҳи истифодабарӣ аз ашёи хоми маҳаллиро барои Талко боз намуда, арзиши аслии алюминийро паст менамояд.
-Қайд кардан ҷоиз аст, ки алҳол як қатор истеҳсолкунандагони алюминий аз дигар кишварҳо, ба монанди Қазоқистон, Озарбойҷон, Эрон, Ҳиндустон ва ғайра бобати оянда харидорӣ кардани криолит ва фториди алюминийи Тоҷикистон мароқ зоҳир намуданд, — гуфт И. Сатторов.
Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 126 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аз ин 37,5 миллион доллари ИМА-ро Талко сармоягузорӣ намуда, қисми боқимонда аз ҳисоби маблағҳои кредитии «Эксимбонк»- и Ҷумҳурии Халқии Хитой маблағгузорӣ мешавад.
Директори лоиҳа, намояндаи Ширкати мошинсозии вазнини Хитой (СНМС) Чжао Вен Лунг зимни суҳбат иброз дошт, ки корҳои асосии сохтмонӣ дар иншоот июни соли 2015 оғоз гардиданд. Дар таъмини масолеҳи сохтмонӣ мушкилӣ нест.
- Корхонаи сохташавандаи криолит дар ҳудуди собиқ Корхонаи химиявии Ёвон ҷой гирифтааст, — мегӯяд директори генералии корхона Шавкат Маҳмудов. — Масоҳати умумии корхона 15,5 гектарро ташкил медиҳад. Бо мақсади ҳифзи муҳити зист дар майдони 19 — 20 гектар «тасмаи сабз» бунёд мешавад. Дар ду тарафи роҳи дохили корхона ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг шинондем. Баъд аз ба кор даромадани корхона 600 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Баҳри бо манзил таъмин кардани онҳо дар шаҳри Ёвон комплекси манзилии иборат аз хонаҳои 9-ошёна бунёд мешавад.
Пас аз он ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро қатъ намуд, роҳбарияти КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» истеҳсоли газ аз ангишти ватаниро ба роҳ монд. Бо мақсади таъмини доимии корхона бо ангишти ватанӣ ҶММ «Талко Ресурс», таъсис ёфт. Алҳол ҶММ «Талко Ресурс» КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2», Корхонаи сементи Ёвон, Корхонаи сементи Душанбе ва ғайраро бо ангишт таъмин мекунад.
Яке аз бартариҳои корхонаҳои сохташаванда дар он аст, ки онҳо тибқи технологияи бепартов фаъолият хоҳанд кард. Чунончӣ, дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур имкони ба роҳ мондани фурӯши маҳсулоти иловагии Корхонаи истеҳсоли криолит-гаҷ мавҷуд аст. Аз рӯи ҳисоби пешакӣ, ҳаҷми гаҷ соле 75 ҳазор тоннаро ташкил дода, Корхонаи истеҳсоли гаҷкартони Ёвон ҳавасманди харидории он аст. Аз ангишт, ғайр аз гаҷ, инчунин дажғол (шлак) ва мазут гирифта мешавад, ки барои корхонаҳои роҳсозӣ ашёи муҳим ба ҳисоб меравад.
Зимни ошноӣ бо ҷараёни сохтмони корхонаҳои зикршуда ба хулоса омадем, ки имрӯз Талко на танҳо истеҳсолкунандаи алюминий, балки сохторе аст, ки дар атрофаш гурӯҳи ширкатҳои бисёрсоҳаро муттаҳид менамояд. Кош, теъдоди чунин ширкатҳо афзун шаваду ҷойҳои кории бештар таъсис ёфта, номгӯйи маҳсулоти содиротии ватанӣ зиёд гардад.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»