Мутаассифона, на ҳама онро дарк мекунанд
Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сокини ноҳияи Рўдакӣ Асомиддин Тешаевро дар содир намудани қонунвайронкунӣ бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор кард.
Тавре маълум шуд, Асомиддин Тешаев хилофи талаботи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал карда, дар ҳавлии истиқоматӣ барои зиёда аз 250 нафар оши тўйи домодию арўсӣ додааст. Ҳолати ҷойдошта аз ҷониби кормандони прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор гирифта, нисбат ба Асомиддин Тешаев барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонуни мазкур парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.
Асомиддин Тешаев дар мурофиаи судӣ иброз намуд, ки дар ҳақиқат ў моҳи январи соли 2017 оши тўйи домодию арўсии хоҳараш — Марҷона Тешаеваро дар шаҳри Душанбе, кўчаи Туғрал 10, барпо намудааст. Он аз соати 800 то 1100 давом ёфта, аз меъёри муқарраршуда зиёд меҳмонон иштирок кардаанд. Шоҳид Акбар Алимов дар мурофиаи судӣ баён кард, ки 28 январи соли 2017 ҳамсояаш — Асомиддин ўро барои таом пухтан дар тўйи арўсии хоҳараш даъват кардааст. Ў даъвати Асомиддинро қабул намуда, аз 30 килограмм биринҷ ош омода кардааст.
Суд ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарии маъмурӣ — бори аввал содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва фарзанди хурдсол доштани Асомиддин Тешаевро, ки ягона таъминкунандаи оила мебошад, ба инобат гирифта, ба ў бо дастрасии қисми 5 моддаи 48 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 2500 сомонӣ, таъин кард.
Мухтор ИСОЗОДА,
судяи Суди шаҳри Душанбе