Имрӯзҳо занон дар кулли соҳаҳову сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ баробари мардон кору фаъолият намуда, барои рушди ҷомеа қадамҳои устувор мегузоранд. Саҳми онҳо дар инкишофи тамоми соҳаҳо назаррас аст. Дар ин хусус хабарнигорамон бо мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор Хайринисо Раҷабова ҳамсуҳбат шуд.
- Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 таҳти №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» бахши шумо фаъолияти худро чӣ тавр ба роҳ мондааст?
- Бахши кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор корро дар асоси Фармони мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст. Мувофиқи маълумоти шуъбаи омори ноҳия ба 1-уми январи соли 2012 аҳолии ноҳия ба 256 ҳазор нафар расидааст. Аз ин шумора 127,8 ҳазор нафарашро занон ташкил медиҳанд. Онҳо неруи тавонои ҷомеа буда, фаъолияти созандаашон дар ҳама бахшҳо эҳсос мешавад.
Ҳоло як нафар зан муовини раиси ноҳия, чор нафар мудирони шуъбаҳо, дувоздаҳ нафар раисони шӯроҳои кор бо занон, як нафар раиси ҷамоати деҳот, чил нафар директорони мактабҳо, дар маҷмуъ 222 нафар зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва зиёда аз 655 нафар ҳамчун сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳия фаъолият доранд. Ин нишондод нисбат ба соли 2010-ум 15 фоиз зиёд гардидааст. Соли гузашта ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби занони соҳибзавқ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» дар 12 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия дар сатҳи баланд баргузор гардид. Даври ниҳоии озмун дар Рӯзи байналмилалии оила ҷамъбаст гардид. Унвони кадбонуи беҳтаринро сокини Ҷамоати шаҳраки Шарора Бобохонова Адолат соҳиб шуд. Дар доираи ҷашни «Рӯзи модар» дар чор мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва шаш ҷамоати деҳот бо иштироки 1200 нафар занон ва ҷавондухтарон дар мавзуи «Оилаи солим–ҷомеаи солим» мизи мудаввар бо мақсади баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар тарбияи дурусти фарзандон доир шуд. Зеро таълиму тарбияи насли наврас аз масъалаҳои мубрами рӯз мебошад.
- Ҷиҳати ҳалли кадом мушкилот занон ва духтарон ба шумо бештар муроҷиат мекунанд?
- Оид ба масъалаҳои бармаҳал ба шавҳар додани духтарони ноболиғ, вайроншавии оилаҳои ҷавон, муносибати дағалона дар оила, паст задани шаъну эътибори занҳо, аз ҷониби судҳо сари вақт ҳал нашудани баҳсҳои оилавӣ ва ғайраҳо ба мо зиёд муроҷиат менамоянд. Мо дар навбати худ бо кӯмаки мақомоти дахлдор ин мушкилотро то ҳадди имкон ҳал мекунем. Ҳамзамон мо кӯшиш намуда истодаем, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоташон баъзе чорабиниҳоро ба роҳ монем. Масалан, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010 таҳти №560 «Дар бораи тасдиқи барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» дар байни ҷавондухтарони мактабҳои ҳудуди шаҳраки Ҳисор курси омӯзишии «Занон- тарғибгари тарзи ҳаёти солим» -ро баргузор намудем. Баъди анҷоми машғулияти омӯзишӣ тарғиботчиён ба шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи сафорати Амрико лоиҳаҳо оид ба «Варзиш-зидди нашъамандӣ»-ро пешниҳод намуданд. Аз шаш лоиҳаи пешниҳодгардида се лоиҳаи ҷолиб дастгирӣ ёфт. Инчунин бо дастгирии бахши Созмони Милали Муттаҳид — занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ман дар Форуми байналмилалии маросими туҳфасупорӣ оиди масъалаҳои гендерӣ дар шаҳри Ню — Йорки ИМА иштирок ва суханронӣ намудам.
-Иштироки занон дар рушди соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ, бахусус соҳибкорӣ чӣ гуна аст?
- Бо мақсади ҷалби бештари бонувон ба соҳибкорӣ аз 2 апрели соли 2011 таҳти №185 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси грантҳои Президентӣ оид ба фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2011-2015» қабул гардид. Бо дастгирии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Шарора як маркази омӯзиши ҳунари дӯзандагӣ кушода шуд. Ғайр аз ин, Кумитаи имдоди Хумайнӣ ҳар сол ба 135 нафар занон қарзҳои хурди имтиёзнок барои соҳибкории хурд, аз ҷумла чорводорӣ, дӯзандагӣ ва кадбонугӣ ҷудо мекунад. Дар деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ коргоҳи дӯзандагӣ бо дастгирии Кумитаи имдоди Хумайнӣ амал дорад. Дар ноҳия то имрӯз 2640 нафар занони соҳибкор ва 655 нафар сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон фаъолият мекунанд, ки ба соҳаи кишоварзӣ ва соҳибкории хурд машғуланд. Иштироки занону духтарон дар соҳаи тиҷорат, истеҳсоли маводи ниёзи мардум бештар гашта истодааст. Ба ин восита ҷойҳои нави корӣ ташкил меёбанд. Чунончӣ, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Хони Ҳисор» (сарвараш Кимиё Иноятова) тӯли ду сол аст, ки фаъолият мекунад. Хоҷагиҳои деҳқонии «Шумон» (сарвараш Мастура Холмуродова), «Алимардон» (сарвараш Саодат Алимардонова), «Маҳмадназар» (сарвараш Гулдаста Бобоева), «Шаҳром-2009» (сарвараш Мунаввара Шарипова) дар бахши кишоварзӣ бомуваффақият фаъолият намуда истодаанд.
Шарофат Абдулвоҳидова,
«Садои мардум»