Ба истиқболи 400-солагии Сайидои Насафӣ

Тарғиби касбу ҳунар дар «Шаҳрошӯб»-и Сайидои Насафӣ

№82 (3876) 05.07.2018

2018-01-22tourism-pngДар муайян кардани қадру қимат ва мақому манзалати ҳар шахс ҳунари ӯ ҷойгоҳи асосӣ дорад. Ин меъёрро донишмандон муқаррар кардаанд. Дар ҳақиқат, ҳунар арзиши баланд дорад ва ҳар касе, ки соҳибҳунар аст, дар ҷомеа сазовори эҳтиром хоҳад буд. Дар адабиёти тоҷик ҳикоя, афсона, ривоят, шеър ва зарбулмасалу мақолҳои фаровоне ҳастанд, ки ҳунару ҳунармандро ситоиш мекунанд. Халқи тоҷик аз қадим ба ҳунар меҳру муҳаббати беандоза дорад ва яке аз вазифаи ҳар падару модар он аст, ки ба фарзанд касбу ҳунар омӯзад. Саъдии бузургвор гуфтааст: «Ҳунарманд ҳар ҷо бошад, қадр бубинад ва дар садр нишинад». Аҷдодон ҳамеша барои ҳунар омӯхтан мекӯшиданд ва ҳунарҳое чун заргарӣ, оҳангарӣ, кулолӣ, мисгарӣ, дуредгарӣ, меъморӣ, ҷувозкашӣ, осиёбкашӣ, пазандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ… дар байни онҳо хеле маъмул буданд.

04_big-800x600Бо дарназардошти иртиботи қавию ҳамешагии халқи тоҷик ба касбу ҳунар ва равнақ бахшидан ба ҳунарҳои мардумӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд, ки иқдомест хеле хирадмандона ва манфиатовар.

Вобаста ба ин назар меандозем ба гузаштаи мардум, ки то чӣ андоза ба шарофати касб, зиндагиро пеш мебурданд. Ин мавзӯъро метавонем дар «Шаҳрошӯб»-и Сайидои Насафӣ мушоҳида намоем.

Дар ин асар намояндагони 212 касбу ҳунар ҳазломез васф шудаанд. Аз ҷумла, дар васфи қассоб ва ҳалвогар мегӯяд:

Дилбари ҳалвогарамро ҳаст теғе дилхарош,

Аз ғами ӯ қоматаш хам гашт чун ҳалвотарош.

ё худ

Дилбари қассоби ман омад, дӯкони худ кушод,

Дунбаро аз пеши худ бигрифт, пеши ман ниҳод!

Заргарӣ — аз ҳунарҳои қадимӣ ва тараққикарда аст, ки то ҳол идома дорад. Заргар касест, ки аз тилло ва нуқра ҳалқа, ангуштарин, гарданбанд, дастпона ва намудҳои гуногуни танга месозад.

Дар осори Сайидо низ ин ҳунар тасвир ёфтааст:

Ҳар кӣ як дам ҳамдами он дилбари заргар шавад,

Санг гирад, лаъл гардад, хок гирад, зар шавад.

Сайидо номи сангҳои қиматбаҳое, ки заргарон аз онҳо ҳар гуна ҷавоҳир месохтанд, низ истифода бурдаст: лаъл, алмос, ақиқ, зумуррад, лоҷувард, гавҳар.

Дар «Шаҳрошӯб»-и Сайидо инчунин ҳунарҳои дӯзандагӣ, тоқидӯзӣ, ҷомадӯзӣ, намадмолӣ васф шудааст, ки алҳол низ вуҷуд доранд:

Аз ғами он шӯхи дарзӣ ҷомаи худ сӯхтам,

Чашм чун сӯзан ба чоки домани ӯ дӯхтам.

Дар васфи меъмор  низ навиштааст:

Шӯхи меъморам ба олам тарҳи нав андохта,

Аз паи таъмир ҳар ҷо рафта гунбад сохта.

Дар замони Сайидо ҳунари нодири айнаксозӣ низ ривоҷ доштааст. Ӯ айнаксозро ба тариқи зайл васф мекунад:

Шӯхи айнаксоз меҳмони мани афгор шуд,

Чун маро дар хона танҳо дид чашмаш чор шуд.

Ё

Шӯхи айнаксоз, ҷои ӯ бувад дар дидаҳо,

Хонаи ман рафту чашми ӯ зи айнак шуд ҷудо.

Ҳамин тариқ, дар «Шаҳрошӯб»-и Сайидои Насафӣ ҳунармандон, аз қабили чармфурӯш, заргар, ҳалвогар, сартарош, меъмор, шоир, арзанкор, воиз, моҳигир, осиёббон, гӯштингир, наддоф, савдогар, дӯзанда шоиста васф шудаанд.

Сарфи назар аз гузашти солҳои зиёд асар моҳият гум накардааст. Муҳимтар аз ҳама, то кунун мардум аз ҳунарҳо баҳри пешбурди рӯзгор истифода менамоянд.

Ҳусноро ЁДГОРОВА, аспиранти Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҶТ