25 августи соли 1924 яке аз аввалин рӯзномаҳои тоҷикӣ — «Овози тоҷик» ба нашр расид.
Вақте ба таърихи матбуот назар меандозем, мебинем, ки сарнавишти маҷаллаву рӯзномаҳо яксон нест. Нашри «Овози тоҷики камбағал» (номи аввалини рӯзнома) дар ибтидои асри XX, ба замони аз ҳар лиҳоз пур аз таҳаввулоти сиёсӣ, маданӣ ва иҷтимоӣ рост омадааст. Маҳз дар ҳамин давраи тағйири низоми сиёсӣ «Овози тоҷик» инъикосгари даврони барқарор гардидани Ҳукумати Шӯравӣ дар Бухоро ва аксар минтақаҳои Осиёи Марказӣ буд. Он, ки дар Самарқанд падид омад, аввал ба сифати нашрияи Комитети Марказии Партияи Коммунистӣ ва Комитети револютсионии Тоҷикистон хизмат мекард. Эътироф бояд кард, ки аҳли рӯзнома наметавонистанд ба иллати бесаводии ҷамъият бо шумораи хонандагон ифтихор кунанд. Аз ин боис устод Садриддин Айнӣ дар бисёр мақолаҳои худ он давр дилсӯзона ба ин ҷанба ишора мекард.
Хонандагони рӯзнома солҳои 70-80-уми асри XX-ро низ хуб дар ёд доранд ва он давраро тиллоӣ арзёбӣ мекунанд. Муҳим он аст, ки «Овози тоҷик» дар таҳкими муносибатҳои неки дӯстона миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хизмати арзанда намуда, дар даврони соҳибистиқлолӣ низ ин рисолатро идома медиҳад.
Маҳз сухани созанда доштан шароит ба вуҷуд овард, ки иддае аз ходимони рӯзнома дар солҳои охир ба орденҳои ҳукуматӣ ва ҷоизаи озмунҳои эҷодӣ сазовор шаванд.
Алҳол барои кормандони нашрия имкон муҳайё гардида, ки на танҳо ба вазифа назари тоза андозанд, балки фаъолиятро ба замон мутобиқ намоянд. Инчунин, масъалаҳои гиреҳхӯрда ва дардҳои куҳна ҳалли бетаъкидро мунтазиранд, ки ҳамаи ин дар назди аҳли рӯзнома вазифаҳои зиёд мегузорад. Гуфтан мумкин аст, ки дубора ин масъала ва қазияҳои дигар вобаста ба дунёи маънавии тоҷику тоҷикзабонон ба мавзӯи муҳими рӯзнома бадал гашт. Ба далели ин ки рӯзнома минбари тоҷикии Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳсуб меёбад, кӯшиш карда мешавад, ки мавзӯъҳои марбут ба ҳаёти онҳоро дар мадди назар гирад. Хушбахтона дар ҳаёти маданӣ, илмӣ, адабӣ ва таълимии тоҷикони ҷумҳурӣ падидаҳои нек ба назар мерасанд. Робита бо Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле ҷоннок гаштааст. Пас аз сафарҳои давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои ҳасана мустаҳкам гардид. Ин назди мо вазифаҳои пурмасъулиятро мегузорад. Ҳоло бори дигар ҳарфҳои дилсӯзонаи устод Айниро ба ёд меорем, ки дар шумораи аввалини «Овози тоҷик» навиштааст: «Забони қавм, мисли забони ашхос муқаррарӣ нахоҳад буд, балки забоне, ки тарҷумони як қавм метавонад шавад, рӯзномаи он қавм аст».
Тоҷибой Икромов, ҷонишини сармуҳаррири «Овози тоҷик»