«Ташаккул ва инкишофи низоми истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

№ 23.05.2018

Таҳти ин ном дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  18 майи соли ҷорӣ суҳбати гирди миз баргузор гардид.

Директори он  Худобердӣ Холиқназар зикр кард, ки яке аз омилҳои инкишофи низоми истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорон пешниҳод намудани имтиёз ба шумор меравад. Яке аз имтиёзҳои муҳим — фароҳам овардани имконияти гирифтани қарзҳои дарозмуддату камфоиз мебошад. Зарур аст дар ин самт таҷрибаи кишварҳои дигар мавриди омӯзиш қарор гирад. Барои мисол, Ҷумҳурии Мардумии Чин солҳои 2000-ум ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ дода, барои соҳибкорон имконияти гирифтани қарзҳои дарозмуддат бо фоизи кам — 2 дарсадро фароҳам овард, ки соҳибкорон ин имкониятро самаранок истифода бурда, тавонистанд, ки сарватманд шаванд ва ҳам буҷаи давлат­ро ғанӣ гардонанд.

- Таҷриба нишон дод, ки рушди истеҳсолот метавонад бисёр молҳои то солҳои 2010-2015 воридшавандаро иваз намояд ва Тоҷикистон содиркунандаи ин маҳсулот гардад. Масалан, семент қаблан аз Покистону Афғонистон ба ҷумҳурӣ ворид мегардид ва имрӯз Тоҷикистон қодир аст, онро ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистону ӯзбекистон содирот намояд, — иброз дошт Худобердӣ Холиқназар.

Муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амин Одинаев  афзуд, ки дар ҷумҳурӣ «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот барои солҳои 2016- 2020» мавриди татбиқ қарор дорад ва дар доираи он мушкилоте, ки барои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда монеа ба вуҷуд меоранд, рафъ шуда истодаанд.

Ҷ. САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»