Дар шаш моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ 209511 шаҳрванди хориҷӣ ташриф овардааст, ки 163 988 нафараш сайёҳанд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 — ум 16723 нафар ё 11 фоиз зиёд мебошад.
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода 14 июли соли 2016 дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ба ҷумҳурӣ бештар шаҳрвандони Ӯзбекистон, Россия, Қирғизистон, Афғонистон, Қазоқистон, Эрон, Туркия, Чин, ИМА ва Украина ташриф овардаанд. Тайи 6 моҳи сипаришуда бо мақсади рушди соҳа 439 чорабинӣ доир гардид. Дар ин давра 2 конфронси миллӣ, 2 намоишгоҳи байналмилалӣ, 156 суҳбату вохӯрӣ, 247 чорабинии гуногуни фарҳангӣ, 8 семинару тренинги омӯзишӣ баргузор шуд.
Бо мақсади рушди туризми дохилӣ кумита як гурӯҳ рӯзноманигорони ҷавони расонаҳои хабарии ҷумҳуриро ба 11 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон фиристод.
- Дар баробари ошноии ҷавонон бо гӯшаҳои диёр, рушди туризми дохилӣ ба ваҳдату осоиштагӣ ва зиёд шудани меҳру муҳаббати ҷавонон ба Ватан низ мусоидат мекунад. Ҳамчунин, дар як вақт мо метавонем баъзе камбудиҳои соҳаи хизматрасонӣ ва инфрасохтори туристиро ошкор намуда, пайи ислоҳи он иқдом кунем, — гуфт Аҳтам Абдуллозода.
Соҳаи туризм ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ метавонад ҷойҳои зиёди корӣ фароҳам орад. Ҳоло тавассути шабакаҳои телевизионии мамлакат имкониятҳои сайёҳии кишвар муаррифӣ мешавад, ки онро аз тариқи моҳвора дар бисёр мамолики ҷаҳон мебинанд.
– Баргузории чорабиниҳои гуногуни тарғиботӣ ва муаррифии ҳаррӯзаи захираҳои туристии мамлакат боиси сол то сол афзудани теъдоди ташрифи сайёҳон ба кишвар шуда истодааст, — афзуд А. Абдуллозода ва илова намуд: — Аз натиҷаи бадастомада ба хулоса омадан мумкин аст, ки соли 2020 шумораи ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар тақрибан 1 миллион нафарро ташкил хоҳад дод.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»