«Пирони рӯзгордида ва дар обу оташи зиндагӣ обутобёфта давлати сари мо мебошанд. Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар ҳаққи онҳо, то тавонем, ғамхорӣ намоем. Фаромӯш набояд кард, ки баробари кумаку ғамхорӣ ба маъюбону пиронсолон ва оилаҳои камбизоат мо ба наврасону ҷавонон ва наслҳои ояндаи миллат сабақи раҳму шафқат ва инсондӯстиву қадрдонӣ меомӯзем…»
Эмомалӣ Раҳмон
Миллати шарафманди тоҷик дар таърихи башарият ҳамчун мардуми меҳрубону сулҳхоҳ маъруф аст. Дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, аз қабили иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида, заҳматкашони ақибгоҳи давраи ҷанг, маъюбони интернатсионалист ва Артиши Шӯравӣ, маъюбони бартарафкунии оқибатҳои садамаи Неругоҳи барқи атомии «Чернобил», маъюбони то синни 18 — сола, кӯдакони ятим, шахсони яккаву танҳо ва оилаҳои камбизоат кори хайр буда, беҳтарин анъанаи миллати сарбаланди мо мебошад.
Дар ҷомеае, ки муҳтоҷон дастгирии иҷтимоӣ меёбанд, хиради воло, рӯҳи тавоно ва андешаҳои солиму созанда устувор аст. Аз ин ҷост, ки Тоҷикистон тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ эълон шуда, ин омил барои ҳар як инсон шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озодонаро фароҳам овардааст.
Давоми солҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон соҳаи хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ рушду такомул ёфта, ба суботи иҷтимоӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ боис гардидааст. Дар ин давра заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа гузошта шуда, қабули санадҳои ҳуқуқии соҳа, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи ветеранҳо», «Дар бораи стандартҳои иҷтимоӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», ба тасвиб расидани як қатор фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти ин соҳаи муҳими ҷомеаро таъмин намудаанд.
Маъюбону пиронсолони бесаробон, кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои зиёд ниёз доранд. Барои зери парастории худ гирифтани ин гурӯҳи иҷтимоӣ ҳоло дар сохтори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хона — интернатҳои пиронсолон ва маъюбон фаъолият доранд, ки онҳоро ба хизматрасонии иҷтимоӣ, тиббӣ, моддию маишӣ ва маданӣ фаро мегиранд.
Бо мақсади таъмини эҳтиёҷмандон ва имтиёздорон ба хизмати санаториву курортӣ, ҳамчунин дар Номгӯйи муассисаҳои сохтори Агентӣ се истироҳатгоҳ: истироҳатгоҳҳои табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Дӯстӣ»-и ноҳияи Қумсангир, «Ромит»-и шаҳри Ваҳдат, «Бибӣ Фотимаи Заҳро» — и ноҳияи Ишкошим бо филиалаш дар ноҳияи Роштқалъа (Занинс) фаъолият менамоянд. Дар маҷмӯъ, имконияти муассисаҳои истироҳатӣ дар як баст 240 кат-ҷой ва дар мавсими солона 1905 кат-ҷойро ташкил мекунад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки сол то сол доираи хизматрасонии иҷтимоӣ ба ниёзмандон васеъ гардида, теъдоди шаҳрвандони ба ин хизматрасониҳо фаро гирифташуда бамаротиб афзудааст, ки далели тақвияти фаъолият дар ин самт ва эътимоди ниёзмандон ба хизматҳои иҷтимоии давлатӣ мебошад.
Муассисаи давлатии «Осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон» -и ноҳияи Варзоб байни дигар муассисаҳои истироҳатӣ ягона осоишгоҳ мебошад, ки мавсими истироҳатӣ дар ҳафт баст ба муддати 18 рӯзӣ фаъолият намуда, имконияти ба табобату истироҳат ва тавонбахшӣ фаро гирифтани 470 нафар ниёзмандонро доро мебошад.
Осоишгоҳи мазкур муддати даҳ сол аст, ки фаъолияти пурсамар намуда, вазифаҳои асосии он ташкили шароити мусоид барои табобати санаторию курортӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945, маъюбони интернатсионалист ва Артиши Шӯравӣ, собиқадорони меҳнат, гирандагони нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъюбони барқароркунандаи сохтори конститутсионӣ, занҳое, ки сазовори унвони «Қаҳрамонмодар» гаштаанд, равона шудааст. Дар осоишгоҳ тибқи тартиби муқарраргардида ба табобати санаторию курортӣ фаро гирифтани ниёзмандон дар асоси тавсияи тиббӣ бо роҳхати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳаи муҳими кишвар таваҷҷуҳ намуда, чунин изҳор доштанд: «Ҳукумати кишвар бо вуҷуди таъсири манфии буҳронҳои молиявӣ ва иқтисодиву сиёсии ҷаҳонӣ ба ҳалли масъалаҳои соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустиву фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва ин муносибатро минбаъд низ пайгирона идома медиҳад».
Дарвоқеъ, маблағгузории муассисаҳои иҷтимоӣ дар ҳоли афзоиш буда, бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола зиёда аз 50 фоизи Буҷети давлатӣ баҳри беҳбудии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона мегардад.
Ин аст, ки нисбат ба панҷ соли пешин маблағгузории соҳа 1,5 маротиба зиёд гашта, сатҳу сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар кишварамон ба стандартҳои муосири ҷаҳонӣ сол то сол наздик шуда истодааст.
Бо дарназардошти аҳамияти таърихии Ғалаба бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945, ҳамчунин бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, таъмини сатҳи зиндагии арзандаи онҳо «Барномаи омодагӣ ва таҷлили ҷашни 70 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945» таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2013 таҳти №440 тасдиқ шудааст.
Дар баробари ин, соли 2015 «Соли собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 ва заҳматкашони ақибгоҳи давраи ҷанг» эълон карда шудааст.
Тавре Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр намуданд: «Тоҷикписарон дар ҷабҳаҳои гуногуни ҷанг бо намояндагони ҳамаи халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ китф ба китф ҷангида, намунаи олии ваҳдату қаҳрамонӣ нишон дода, Ватани хешро аз таҳдиди асорату ғуломӣ наҷот доданд».
Воқеан, бо гузашти солҳо мардонагӣ ва устувории халқи шӯравӣ, ки барои ҳифзи Ватани хеш бархоста буд, аз хотири башарият зудуда намегардад. Чӣ тавре ки мегӯянд: «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст!».
Минбаъд низ Агентӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати Давлату Ҳукумат дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла дастгирии нафақахӯрону маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат, хоса иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин дигар табақаҳои шаҳрвандони эҳтиёҷманд чораҳои зарурӣ меандешад.
Абдулҳаким ХОЛОВ, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон