Дирӯз, мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2015, №572 «Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2017, №57 «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2018», аз соати ҳашти субҳ дар маҳаллаҳои 64-у 91-и шаҳри Душанбе ва шаҳри Нораки вилояти Хатлон барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил оғоз ёфт, ки то 24-уми октябри соли равон идома меёбад.
Он, бо мақсади санҷиши барномаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили марҳилаи соли 2020 ва аз рӯи методологияи ягонаи омори давлатӣ, барои ба даст овардани маълумоти дақиқи шумораи аҳолӣ, тавсияҳои миқдорӣ ва сифати фонди манзил баргузор мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, 10-14 октябр барӯйхатгирӣ тавассути интернет гузаронида шуда, 15-24 октябр ҳисобчиён ба манзили шаҳрвандон ташриф оварда, пурсиш мегузаронад.
Онҳое, ки ба шабакаи интернет дастрасӣ доранд, метавонанд аз 10 то 14 октябр ба сомонаи кушодаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда, саволномаҳоро хонапурӣ ва мустақилона ирсол намоянд. Ғайр аз ин, дар шаҳрҳои дар боло зикршуда марказҳои дастрасӣ ба интернет фаъол карда мешаванд, ки хоҳишмандон метавонанд аз онҳо истифода намоянд.
Барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ бо роҳи пурсиш, бе пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ гузаронида шуда, махфӣ нигоҳ доштани маълумоти аз аҳолӣ гирифташуда кафолат дода мешавад.
Инчунин, дар ҳуҷҷатҳои барӯйхатгирӣ иттилоот дар бораи ҳар шахс аз рӯи ҷои истиқомати воқеӣ, новобаста аз ҷойи истиқомати бақайдгирифташуда, сабт мешавад.
«Садои мардум»