Чанде пеш Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, Ширкати «Masdar»-и Абу Дабӣ, Бонки рушди Осиё ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Созишномаи қарзию суғуртавӣ дар бораи маблағгузории сохтмони нахустин неругоҳи фотоэлектронии офтобӣ дар Ӯзбекистонро имзо намуданд. Тибқи иттилои сомонаи «Podrobno. uz», иқтидори неругоҳ 100 мегаватт хоҳад буд. Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) ва Бонки рушди Осиё барои лоиҳаи мазкур 60 миллион доллар маблағгузорӣ мекунанд. Илова бар ин, Бонки ҷаҳонӣ ба Ҳукумати Ӯзбекистон 5,1 миллион доллар кафолати бонкӣ пешкаш менамояд, ки барои таъмини уҳдадориҳои молиявии «Шабакаҳои барқи миллии Ӯзбекистон» пешбинӣ шудааст.
Неругоҳ дар масоҳати 268 гектар сохта шуда, 300 ҳазор панели фотоэлектрикиро дар бар мегирад. Он соли 2021 ба кор даромада, солона 270 гигаватт- соат неруи барқ медиҳад, ки барои пурра бо неруи барқ таъмин намудани 31 000 оила басанда аст. Муҳим он аст, ки ба истифода додани неругоҳ дар як сол ихроҷи 156000 тонна газҳои парникиро пешгирӣ мекунад.
Ҳоло Ӯзбекистон 85 дарсад неруи барқро тавассути неругоҳҳои ҳароратӣ истеҳсол мекунад. Ширкати «Nur Navoi Solar» минбаъд низ бунёди неругоҳҳои офтобиро ба роҳ мемонад, то ки истифодаи сӯзишвориҳои карбондор барои истеҳсоли неруи барқ дар Ӯзбекистон кам шавад. Он зерсохтори ширкати бузурги «Masdar»-и Амороти Муттаҳидаи Араб мебошад. «Masdar» тасмим гирифтааст, ки дар 25 соли оянда барқи аз неругоҳи офтобӣ истеҳсолшударо бо нархи ҳар киловат — соат 2,679 сентӣ фурӯшад. Ин арзонтарин нархи барқи неругоҳи офтобӣ дар Осиёи Марказӣ аст.
Дар кишвари офтобии мо ҳанӯз дар даврони шӯравӣ ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия таваҷҷуҳ зоҳир шуда буд. Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон «Оид ба чораҳои истифодабарии манбаъҳои энергияи ғайрианъанавии барқароршаванда дар хоҷагии халқ барои солҳои 1985 — 1990» ба омӯзишу истифодаи энергияи алтернативӣ замина фароҳам овард. Дар Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоишгоҳи илмӣ – тадқиқотӣ барои истифодаи неруи офтоб созмон ёфт. Олимони пажӯҳишгоҳ танӯрчаи офтобиеро сохтанд, ки бо он чӯпонону геологҳо ва кӯҳнавардону сокинони деҳоти дурдаст метавонистанд бе истифодаи ҳезум рӯзе ду маротиба таом омода кунанд.
Дар хонаҳои баъди зилзила бунёдёфтаи деҳаи «Ӯзбекистон»-и ноҳия (ҳоло шаҳр)-и Ҳисор обгармкунакҳои офтобӣ насб шуда буд. Мутаассифона, бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ кор дар ин самт муддате қатъ гардид.
Пас аз қабули «Барномаи комплексии мақсадноки истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007- 2015» истифодаи энергияи алтернативӣ вусъат ёфт. Олимон бо роҳбарии собиқ саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои химия Ҳаким Аҳмадов, номзади илмҳои техникӣ Қурбон Кабутов ва дигарон дар тарғиби истифодаи неруи офтоб, шамол, биогаз ва дарёҳои хурд якчанд семинару конфронс ва чорабиниҳои тарғиботӣ доир намуданд. Бо ҳамкории Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Афина 5 обгармкунаки офтобӣ оварда, дар Беморхонаи «Шаҳраки якуми советҳо»-и пойтахт, масҷиди ҷомеи шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), беморхонаи ноҳияи Рӯдакӣ насб шуд. Барои соҳибкорон низ семинар доир намуда, дастур дар бораи обгармкунак ва неругоҳҳои офтобӣ тақдим гардид.
Сокини шаҳри Ҳисор Хуршед Абдуллоев мегӯяд, ки дар бисёр шаҳрҳои Туркия сокинон дар болои боми хонаҳояшон таҷҳизоти барқи офтобӣ (панел) ва обгармкунаки офтобӣ насб карда, оилаашонро бо оби гарму барқ таъмин менамоянд. Афсӯс, ки сарватмандони тоҷик бо маблағи зиёд хонаҳои 2-3 — ошёна сохта, барои худнамоӣ мошинҳои гаронбаҳо мехаранду дар андешаи бо барқи беминнат таъмин кардани оилаашон нестанд.
Бо маблағгузории Ҳукумати Япония дар Таваллудхонаи рақами 1-и шаҳри Душанбе неругоҳи хурди офтобӣ сохта шуд, ки чанд сол боз як қисмати муассисаро бо неруи барқ таъмин мекунад. Инчунин, бисёр ширкатҳои мобилӣ дар дашту кӯҳдоманҳо антенаҳоеро насб кардаанд, ки бо неруи офтоб фаъолият менамоянд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2009 — 2014 ба 13 ноҳияи дурдасти мамлакат 2433 таҷҳизоти офтобӣ бо иқтидори 88, 7 киловатт дастрас карда шуд.
- Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи дунё нишон медиҳад, ки барои ба кишвари индустриалӣ табдил ёфтан, пеш аз ҳама, мавҷудияти ду омили асосӣ — манбаи энергия ва фаъолияти бемамониати инфрасохтори нақлиётӣ зарур аст. Соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон рушди бомаром дорад, вале бояд захираҳои энергетикаи алтернативиро низ ба саноат равона кунем, — мегӯяд муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим.
Иқлими Тоҷикистон барои самаранок истифода бурдани энергияи офтобӣ муносиб мебошад. Дар кишвар соле ба ҳисоби миёна 280 — 330 рӯзи офтобӣ мешавад. Аз рӯи ҳисоби олимон захираи энергияи офтобии Тоҷикистон метавонад 20 дарсад талаботи солона бо энергияро таъмин намояд.
Ғайр аз офтоб дар Тоҷикистон аз неруи шамол низ метавон самаранок истифода бурд. Таҷҳизоти шамолиро дар ноҳияҳои Файзободу Мурғоб, Ишкошим, Шамсиддини Шоҳин, ағбаҳои Анзобу Шаҳристон, Хобуработ ва атрофи «Баҳри тоҷик» (вилояти Суғд) насб кардан мувофиқи мақсад аст.
- Тибқи маълумоти коршиносони ЮСАИД, танҳо дар ноҳияи Ишкошим генераторҳои шамолӣ метавонанд то 150 мегаватт неруи барқ истеҳсол кунанд. Дар Помири Шарқӣ дар як сол 280 рӯз шамоли сахт мевазад, ки суръати он то ба 30 километр дар як соат мерасад. Ин назар ба кишварҳои Дания, Хитой ва Нидерландия хеле зиёд аст, — мегӯяд Қодири Қосим.
Аз рӯи маълумоти Ассотсиатсияи энергияи шамоли Аврупо (Wind Europe), соли 2019 Дания 48 дарсад, Ирландия — 33, Португалия — 27, Германия — 26 ва Британияи Кабир 22 дарсади барқро аз неруи шамол истеҳсол намуданд.
Ҷумҳурии Халқии Хитой барои бунёди неругоҳҳои офтобию шамолӣ барои ду соли оянда 373 миллиард доллар ҷудо намудааст.
Мувофиқи иттилои оҷонсии «Синхуа», то соли 2030 бештар аз 20 дарсади талаботи энергетикии Хитой бе истифодаи ангиштсангу нефту газ таъмин хоҳад шуд. Германия то соли 2030 зиёда аз 65 дарсади талаботи энергияашро тавассути манбаъҳои барқароршавандаи энергия таъмин хоҳад кард.
Барои рушди энергияи алтернативӣ дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам аст. Соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» қабул гардид. Мувофиқи моддаи 16- и он, ташкил ва амалӣ намудани барномаҳои мақсаднок оид ба ҳавасмандгардонии истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия (МБЭ), дастгирии илмию техникӣ оид ба офаридан ва татбиқ намудани дастгоҳҳои истифодаи МБЭ, иштирок дар кори ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ оид ба истифодаи МБЭ метавонанд аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ шаванд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 «Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2016 — 2020» қабул шуд.
Дар барномае, ки оянда қабул мегардад, бояд ба ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳою созмонҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Чунончӣ, ҷумҳуриҳои ҳамсоя дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Халқии Хитой, Амороти Муттаҳидаи Араб, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо лоиҳаҳои самарабахшро амалӣ намуданд.
Инчунин, ба тайёр намудани мутахассисони техникӣ, менеҷерони соҳаи истифодаи МБЭ низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир бояд кард. Зеро ин соҳа оянда ҷойҳои кори зиёд медиҳад. Аз рӯи маълумоти Агентии байналмилалии энергияи барқароршаванда (IRENA), соли 2017 дар ин соҳа 10,34 миллион нафар бо ҷои кор машғул буданд. То соли 2050 теъдоди ҷойҳои кор дар сохтори энергияи алтернативӣ боз 19 миллион нафар зиёд хоҳад шуд.
Ҳамчунин, таблиғи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияро дар воситаҳои ахбори омма васеъ ба роҳ монда, семинару намоиши таҷҳизотро бештар бояд кард.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»