Террористонро ҳеҷ гоҳ ҳимоя кардан лозим нест

№75 (3869) 19.06.2018

си-уэт-террористов-64005474Дар шаҳри Душанбе баргузор гардидани Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгаройии хушунатомез» дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо ва шарикони дигар баёнгари омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар самти мубориза ва пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои амниятӣ дар ҳама сатҳу зина ба шумор меравад.

Терроризм ва ифротгаройӣ ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон таҳдид  карда, хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст ва солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифтаанд.

Амалҳои террористӣ дар минтақаҳои гуногуни дунё шак­л, мазмун ва муҳтавои хос касб намудаанд. Аз ҷумла, барои кишварҳои Осиё  зиёд ва хеле фаъол гардидани созмону ниҳодҳои динӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои тамоюли динидошта хос мебошад, ки талош менамоянд ба ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ таъсири бештар расонанд. Ин қабил созмону ниҳодҳо барои ноил гардидан ба ҳадафҳо, пеш аз ҳама, ба ҷавонон такя менамоянд ва аз надоштани таҷрибаи кофии онҳо истифода мебаранд.

Дар ҳуҷҷатҳои Созмони Милали Муттаҳид ду намуд террор маънидод карда мешавад: якум, терроризм ба мақсадҳои сиёсӣ – яъне дигаргун сохтани сохти давлатдорӣ, ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, воҳима андохтан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, пайдо кардани нобоварии халқ нисбат ба ҳукумат, президент, фалаҷ гардонидани фаъолияти мақомоти сохторҳои давлатӣ. Дуюм, терроризми ҷиноятӣ – яъне гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил ҷиҳати фароҳам овардани вазъияти муътадил, ки ҳеҷ кас садди роҳи онҳо намешавад ва шароит муҳайё месозанд барои содир кардани ҷиноят, масалан, ҷиноятҳои трансмиллӣ, бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор алоқамандбуда ва дигарҳо. Дар соҳаи иқтисодиёт бо роҳи террористӣ онҳо рақибонро метарсонанд ва мақомоте, ки ба ҷиноятҳои муташаккил сарукор доранд, ба дигар корҳо ҷалб менамоянд.

Мувофиқи маълумот, айни замон дар сафи ҷанговарони ба ном «Давлати исломӣ» зиёда аз 1000 нафар шаҳрванди Тоҷикис­тон бо роҳҳои гуногун ба ҳайати ин гурӯҳҳо шомил гардида, дар муҳорибаҳои мусаллаҳона ба манфиати ашхоси бегона ҷангида истодаанд, ки аксарияти онҳо аз зумраи ҷавононе ҳастанд, ки дар макотиби динии кишварҳои хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд.

Олимону коршиносон оид ба сабабҳои пайдоиши терроризм як қатор корҳои тадқиқотиро ба анҷом расонида, ба хулоса омадаанд, ки террористонро ҳеҷ  гоҳ ҳимоя кардан лозим нест. Албатта, барои мубориза алайҳи зуҳуроти хатарнок саъю кӯшиши ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим аст, ки дар сатҳи олии давлатҳо бояд ба танзим дароварда шавад. Барои амалӣ гардидани амалиёти самаранок оид ба мубориза бар зидди терроризм дар навбати аввал заминаи ҳуқуқии мубориза бояд гузошта шавад. Ин аст, ки давлатҳои ҷаҳон қонун ва конвенсияву созишнома дар бораи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро қабул карданд. Аз ҷумла:

Эъломия дар бораи чораҳо оид ба барҳамдиҳии терроризми байналмиллалӣ, ки онро Ассамблеяи СММ бо қарори № 49/60 аз 9 декабри соли 1994 қабул намудааст;

Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза ба муқобили терроризми бомбавӣ аз 12 январи соли 1998;

Шартнома дар бораи ҳамкории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди терроризм аз 4 июни соли 1999;

Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи мубориза бар зидди маблағгузории терроризм аз 9 декабри соли 1999;

Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм аз 15 июни соли 2001;

Созишномаи давлатҳо – иштирокчиёни ИДМ доир ба мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ дар нақлиёт аз 15 сентябри соли 2004;

Консепсияи ҳамкории давлатҳо – иштирокчиёни ИДМ дар мубориза бар зидди терроризм ва дигар амалҳои экстремистӣ аз 28 майи соли 2005;

Стратегияи глобалии зиддитеррористии СММ, ки онро Ассамблеяи СММ бо қарори № 20/288 аз 20 сентябри соли 2006 қабул намудааст;

Шартномаи давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои ҷиноятӣ ва маблағгузории терроризм аз 5 октябри соли 2007;

Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай зидди терроризм аз 16 июни соли 2009.

Дар ин ҷода Ҷумҳурии Тоҷикистон низ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намудааст, ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва ҳар фарди ватандӯстро барои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм муваззаф мегардонад.

Парвиз МИРЗОЗОДА,

судяи Суди Олии иқтисодии

Ҷумҳурии Тоҷикистон