Бобои Малла тирамоҳи соли 1942 ба майдони ҷанг рафтааст ва он солро хуб дар ёд дорад.
- Деҳқонон ғалла ҷамъ оварда, дар анборҳо захира мекарданд, — дафтари хотироташро варақ мезанад ӯ. — Падарам дар яке аз чунин рӯзҳо даъватномаи Комиссариати ҳарбии ноҳияро ба дастам дод. Як рӯз пеш аз сафар ҳаққу ҳамсояҳоро ба хона даъват карда, то ними шаб шиштем.
- Чӣ илоҷ, бо навбат ҳама ҷавонон ба хизмат мераванд, Худованд дар паноҳаш нигоҳ дорад, — гуфтанд ҳамсояҳо…
Дар вақти муайянгардида ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ёвон ҳозир шудам. Мо — аскарбачаҳоро баъди дуои падару модарон ба мошин савор карда, ба Сталинобод бурда, аз он ҷо ба Қазоқистон фиристоданд. Дар Қазоқистон тирпарронӣ нозукиҳои истифодаи яроқро омӯхтем. Ҳар рӯз командирамон аз рафти ҷанг ба мо маълумот медод. Рӯзе, баъди хӯроки бегоҳӣ, командир Копалов гуфт: — Дар мамлакат, аз ҷумла, шаҳри Сталинград, ҷанги беамон рафта истодааст, немисҳо бо қувваи калон ҳуҷум кардаанд. Мувофиқи фармон, полки мо, яъне полки 13- ум, ба ҷанг фиристода мешавад.
Мо ба майдони ҷанг даромадем, талафоти ҷонӣ зиёд дида буд, немисҳо ақибнишинӣ карданд. Рӯзи 8–уми иштирокам дар озодкунии Сталинград аз дасти чапам захм бардоштам ва дар шифохона бистарӣ шудам. Баъди табобат боз ба майдони ҷанг рафтам. Дивизияи 292- юми пиёдагарди мо ба фронти Беларус ҳамроҳ гардид. Боз аз дасти чапам захмдор шудам ва 48 рӯз дар госпитали шаҳри Қазон табобат гирифтам.
Бо вуҷуди захмдор гардидану маҷрӯҳи гурӯҳи дуюм будан, то 15 декабри соли 1945 хизматро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ давом додам. Дар озодкунии шаҳрҳои Сталинград, Орлов ва хоки Беларус иштирок кардам.
Ҷанги дуюми ҷаҳон бераҳмтарин ҷанг буд. Мо — насли онвақта барои ҳимояи Ватан якдилу якҷон шуда, мубориза бурдем, ба мушкилиҳо мардонавор тоб овардем ва ниҳоят, ғалаба кардем.
- Шукри Худованд, ҳоло синнам ба ҷое расида бошад ҳам, дар ҳалқаи ёру дӯстон ва хешу ақрабоям. Парвардигор ҳеҷ гоҳ он рӯзҳои бадро ба сари инсоният наорад, — мегӯяд бобои Малла.
Малла Шодиев — собиқадори ҷангу меҳнат айни замон дар деҳаи Свердлови деҳоти «Арал»- и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ истиқомат дорад.
Сафармуҳаммад ЗАРИФӢ, раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ