Туризм

ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ ДАВЛАТҲОИ МУВАФФАҚ, АММО ФАЪОЛИЯТИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ БЕҲБУДИРО ТАҚОЗО ДОРАД

№69 (3549) 30.05.2016

Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии туристӣ, Парагвай, Тоҷикистон ва ҷазираи Ниуэи Зеландияи Нав кишварҳои босуръатрушдёбандаи самти туристӣ дар соли 2015 эътироф шуданд. Соли гузашта ба Парагвай 1,27 миллион нафар турист  ташриф оварданд, ки ин қариб ду маротиба (97 фоиз) нисбат ба соли 2014 бештар аст. Ба Тоҷикистон соли сипаришуда 414 000 нафар сайёҳ омаданд, ки ин дар муқоиса бо соли 2014-ум 94 фоиз зиёд мебошад. Бо фарорасии фасли баҳор кишвари мо қабои сабзгун ба бар намуда, мавсими сайру саёҳат оғоз мешавад. Баҳори диёри мо давомдор аст. Агар охирҳои моҳи феврал дар навоҳии Носири Хусраву Шаҳритуз ва Қубодиён баҳор фаро расад, дар водии Ҳисор моҳи март, қисмати кӯҳистони он ва водии Зарафшон моҳҳои апрел-май ва дар баландкӯҳҳои ВМКБ моҳи июн низ бӯи баҳор мекунад. Аз ин рӯ, сайёҳони дохилию хориҷӣ метавонанд тӯли панҷ моҳ дар Тоҷикистон шоҳиди фарорасии баҳор шаванд.

Туризм аз нашри иттилоот оғоз меёбад

Даромади солона дар соҳаи туризми ҷаҳонӣ 1,2 триллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, туризм боиси ворид шудани арзи хориҷӣ, пайдошавии ҷойҳои нави корӣ ва рушди сохторҳои хизматрасонӣ, аз қабили меҳмонхона, марказҳои фароғатӣ, ошхонаву тарабхона, нақлиёт ва ғайра мегардад.

Туризм дар ҷумҳурии мо яке аз соҳаҳои афзалиятнок шуморида шудааст. Зеро 93 дарсади масоҳати Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ки ин яке аз омилҳои ҷалби сайёҳони хориҷӣ мебошад. Тоҷикистон дорои ёдгориҳои зиёди таърихӣ буда, дар Роҳи бузурги абрешим мақоми муҳимро ишғол мекунад. Аз рӯи ҳисоби коршиносони байналмилалӣ, ҳангоми ташрифи 100 000 нафар сайёҳ ба шаҳре, агар ба ҳисоби миёна ду соат сайругашт кунанд, дар маҷмӯъ тақрибан 350 ҳазор доллари ИМА сарф хоҳанд намуд.

Туризм тарзи фаъолиятест, ки бевосита ба истироҳат, варзиш, хизматрасонӣ, муносибат бо табиат ва фарҳанг вобастагӣ дорад. Рушди ин соҳа тавассути ҳамкории зичи мақомоти давлатӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва сафоратхонаҳо муяссар мешавад. Бино ба гуфти сардори Раёсати рушди туризми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Иззатуллоев имрӯз дар мамлакат 97 ширкати туристӣ фаъолият мекунанд.

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки аксари ин ширкатҳо содиротӣ буда, дар самти ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар хеле кам кор мебаранд. Ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо ҷавобгӯи талабот нест. Ҳол он ки дар бисёр кишварҳои соҳаи туризмашон пешрафта меҳмонхонаҳо ба ширкатҳои сайёҳие, ки мизоҷи бештар меоранд, нархи будубошро арзон мекунанд.

Баъзе ширкатҳои сайёҳии мамлакат сомонаи интернетӣ надоранд ва агар дошта бошанд ҳам, маълумотномаашон куҳна буда, чандон ҷолиб нест. Ғайр аз он, буклету гайдбук, руқъа ва таблиғотномаҳое, ки кумита таҳия мекунад, дигар ягон дастури ҷолиб аз ҷониби ширкатҳо дида намешавад. Ҳол он ки ҷалби сайёҳон аз нашри иттилоот оғоз меёбад. Узви Шӯрои илмии Ҷамъияти географияи Қазоқистон Иля Фишман дар конфронси байналмилалии «Иқтидори Замин ва одамон» гуфта буд: «Туризмро аз интишори иттилоот оғоз бояд кард. Соҳаи туризм дар асоси қабулу хизматрасонии хуби сайёҳон рушд мекунад. Сипас, ин соҳа ба буҷет фоида оварда, аз ҳисоби он инфрасохтор рушд мекунад».

Ба гуфти дотсенти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон Фазлиддин Қодиров, ҳанӯз дар хориҷи мамлакат дар бораи имкониятҳои туристии кишварамон иттилоъ кам аст. Ширкатҳои туристиро зарур аст, ки барои ҷалби бештари сайёҳон тавассути шабакаи интернет ҳар чӣ бештар иттилоотро ҷой диҳанд.

Ба андешаи ман, таъсиси як шабакаи махсуси телевизионии сайёҳӣ низ ба манфиати кор хоҳад буд. Масалан, дар Озарбойҷон чунин  шабака (СВС) мавҷуд буда, ба забонҳои русӣ, англисӣ, форсӣ, озарбойҷонӣ ва ғайра барномаҳои ҷолиб таҳия мекунад. Ҳадафи асосии ин шабака тарғиби захираҳои туристӣ, фарҳанг, ҳунар, таърих ва урфу одати мардуми Озарбойҷон мебошад. Самараи чунин тарғиб буд, ки соли 2015 Озарбойҷон аз ҷиҳати саҳми соҳаи туризм дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (27,3 фоиз) дар ҷаҳон ҷои дуюмро гирифт.

 Ширкатҳо бояд якҷоя кор кунанд

Имрӯз инфрасохтори туризм нисбат ба даврони шӯравӣ беҳтар аст, вале сатҳи хизматрасонӣ ва ҷалби сайёҳон ҳанӯз ҷавобгӯи талабот нест. Тайи чанд соли охир дар пойтахти мамлакат меҳмонхонаҳои хуштарҳи «Ҳаят Реҷенси», «Душанбе Серена», «Шератон», «Азия гранд ҳотел», «Истиқлол», «Кайҳон», «Гулистон-тур» ва ғайра қомат афрохта, меҳмонхонаҳои «Тоҷикистон» ва «Пойтахт» навсозӣ шуданд. Ба истифода додани Терминали нави «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» низ шароити қабулу гусели меҳмононро беҳтар намуд. Акнун зиёдшавии теъдоди сайёҳон танҳо ба маҳорати мутахассисони ширкатҳои сайёҳӣ ва сатҳи хизматрасонии меҳмонхонаҳо вобастагӣ дорад.

Имрӯз дар шаш мактаби олии кишвар мутахассисони соҳаи туризм тайёр карда мешаванд, лекин на ҳамаи хатмкардагон ба ширкатҳои сайёҳӣ роҳ меёбанд. Дар бархе аз ширкатҳои сайёҳӣ шахсоне фаъолият мекунанд, ки дар бораи соҳаи туризм маълумоти ночиз доранд. Вазифаи онҳо танҳо иборат аз ҷамъ кардани шиносномаву ба шаҳрҳои Дубаю Истанбул, Деҳлию Байтулмуқаддас ва ё ҳаҷи умра фиристодан аст. Ин амал барояшон осонтару сердаромадтар менамояд. Дуруст аст, ки онҳо андоз месупоранду се — чор ҷойи корӣ ташкил мекунанд. Аммо агар сарварону мутахассисони ин ширкатҳо нафъи туризми воридотиро дарк намуда, ба кишвар сайёҳони хориҷиро ҷалб мекарданд, аз ин иқдоми ватандӯстонаашон ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо, кормандони нақлиёти мусофиркашӣ, ошхонаю тарабхонаҳо, соҳаҳои хизматрасонӣ ва буҷети кишвар низ манфиати зиёд мерасид.

Бинобар ин, дар танҳоӣ фаъолият кардани ширкатҳои сайёҳӣ ба нафъи соҳа нест. Агар муносибат чунин бошад, рафта-рафта ширкатҳои камфаъолият ба бори вазнини андоз тоб наоварда, муфлис мешаванд.

Ба хотири пешгирии чунин ҳолат ба ширкатҳое, ки бештар сайёҳонро ҷалб мекунанд, имтиёз додан лозим аст. Масалан, ба ширкате, ки моҳе ҳазор нафар сайёҳ ворид кард, бояд миқдори муайяни андозро кам намоянд. Агар ду ҳазор нафар ворид намояд, боз ҳам камтар ва ғайра. Пешниҳоди рӯйхати электронии сайёҳон ва аз кадом кишвар буданашон бо санаи рафтуомади онон чандон кори душвор нест. Сабук кардани андоз ширкатҳои сайёҳиро барои ҷалби сайёҳон фаъол мегардонад.

Ду сол пеш узви Иттифоқи меъморони Тоҷикистон Олим Қурбонов  дар рӯзномаи «Азия-плюс» навишта буд: «сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон меоянд, асосан сайёҳони миёнаҳол буда, бештар тавассути автостоп, велосипед ё нақлиёти ҷамъиятӣ ҳаракат карданро интихоб мекунанд».

Ҳоло дар кишвар аз мамолики халиҷи Форс сайёҳон кам меоянд. Аксари сайёҳони хориҷӣ аз кишварҳои аврупоӣ ва ИМА мебошанд. Ширкатҳои сайёҳӣ бояд дар самти ҷалби сайёҳони мамолики халиҷи Форс, Ҷопон, Чин, Ҳиндустону Покистон бештар кӯшиш намоянд. Зеро аз рӯи теъдоди миллионерҳо ба 100 000 нафар аҳолӣ  кишварҳои Қатар, Кувайт, Арабистони Саудӣ, АМА ва Баҳрайн аз бисёр кишварҳои аврупоӣ боло меистанд. Сайёҳони сарватманди араб, ки бо осоишгоҳу иқтидори туристии кишварамон чандон хуб ошноӣ надоранд, бештар барои истироҳат ба мамолики аврупоӣ мераванд.

Мувофиқи ҳисоби коршиносони Созмони ҷаҳонии туристӣ то соли 2020 шумораи сайёҳон дар ҷаҳон се маротиба зиёд хоҳад шуд. Аз ин раванд кишварҳое бурд мекунанд, ки ҷалбу қабули сайёҳонро муташаккилона ба роҳ мемонанд.

Дар Федератсияи Россия бо мақсади бештар ҷалб кардани сайёҳон ва беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба онҳо таъсиси оператори ягонаи миллии соҳаи туризмро зарур мешуморанд. Чанде пеш муовини аввали фраксияи «Справедливая Россия»-и Думаи давлатии Федератсияи Россия Михаил Емелянов изҳор намуд: «Дар соҳаи туризми воридотӣ бояд оператори ягонаи миллӣ фаъолият намуда, ба ҷалби сайёҳон, таъмини соҳа бо инфрасохтор дар дохили мамлакат, хизматрасонии босифат машғул шавад. Дар он сурат, туризми воридотӣ соҳиби базаи боэътимод гашта, давлат аз туризми воридотӣ фоида мебинад».

Сардори Агентии федералӣ оид ба туризми Россия («Ростуризм») Олег Сафронов низ ҷонибдори фаъолияти сохтори ягонаи давлатӣ дар соҳа мебошад. Ба гуфти ӯ, бояд дар ин самт раванди ягона аз ҷалби сайёҳони хориҷӣ сар карда, то хизматрасонию гусели онҳо сурат гирад. Барои ин шарикии давлат зарур аст, зеро бе дастгирии сармояи давлатӣ ягон ширкати хусусӣ фаъолона ба ҷалби сайёҳон машғул шуда наметавонад. Дар замони шӯравӣ муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар соҳаи сайёҳӣ, мисли «Интурист», «Спутник» ва Шӯрои ҷумҳуриявии сайру саёҳат фаъолияти пурсамар доштанд. Дар ҳар шаҳру ноҳия шуъбаҳои Шӯрои ҷумҳуриявии сайру саёҳат фаъолият мекард. Шӯроҳои мазкур бо иттифоқҳои касабаи корхонаю муассисаҳо ва хоҷагиҳо робитаи мустаҳкам доштанд. Ҳар кас таътилу рухсатии худро ба инобат гирифта, пешакӣ бо нархи арзон соҳиби роҳхат мешуд. Шӯрои сайру саёҳат шабакаи пурқуввати хизматрасонии соҳаи туризм буд. Ба андешаи ман, хуб мешуд, ки бо мақсади рушди туризми воридотӣ ва дохилӣ муассисаи давлатие дар назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёбад, ки танҳо ба ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва ташкили сайру саёҳат дар дохили кишвар машғул шавад. Он вақт самараи кор назаррас мешуд. Имрӯз бошад, кумита барои ҷалби сайёҳон заҳмати зиёд ба харҷ медиҳаду аксари ширкатҳо фаъол нестанд. Ҳол он ки «қувваи мушт дар панҷ ангушт аст».

 С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»

Аз идора: рӯзномаи «Садои мардум» омода аст, ки дар ин мавзӯъ фикру мулоҳиза ва пешниҳодоти коршиносону намояндагони ширкатҳои сайёҳиро ба нашр расонад.