Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақа аз қабили кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки дорои иқлими мусоид ва манзараҳои нодир мебошад. Баъди истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушд бахшидани муҳити зист ва соҳаи туризм равона гардид. Дар давоми бист соли охир як қатор иншооти фарҳангӣ-фароғатӣ ва истироҳатгоҳҳову боғу гулгаштҳои муосир бунёд карда шуданд. Ғайр аз ин, табиати кўҳсор ва обҳои фаровони Тоҷикистон низ солҳо боз таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб кардааст ва ҳар сол миқдори зиёди сайёҳон аз кишвари мо дидан мекунанд. Қариб дар ҳама гўшаву канори Ватани мо табиат бо ҳар рангу тобиши хос манзараҳои назарраборо ба вуҷуд овардааст. Барои мисол, дараи хушманзараи Ромит, дарёи шўхи Варзоб, кўҳистони Бадахшон, обанбори Норак, Искандаркўл, биноҳои меъмории таърихии Хатлону Суғд, истироҳатгоҳҳои «Хоҷа Оби гарм», «Баҳористон», боғҳои сарзабзи Душанбешаҳр, шаршараҳои нодири кўҳистон ва дигар иншооту маконҳои дидании таърихиву муосир қадамҷои хориҷиёни зиёде гаштааст.
Дар натиҷаи талошҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти рушд бахшидан ба соҳаи туризм ҷиҳати ободу зебо нигоҳ доштани иншоотҳои таърихиву бунёд намудани маконҳои нави фарҳангӣ — фароғатӣ дар ибтидои соли равон Тоҷикистон ба як зинаи дигари баланди шуҳрати ҷаҳонӣ қадам гузошт.
Дар аввалҳои моҳи январи соли 2014 портали сайёҳии байналмилалии Globe Spots аввалин бор Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба даҳгонаи беҳтарин кишварҳо барои сайёҳӣ шомил намуд. Тавре гуфта мешавад, портали мазкур аҳамияти байналмилалӣ дошта, тавсияҳои онро кишварҳои зиёди сайёра қабул доранд ва аз рўи он амал мекунанд. Яъне, кишварҳоеро, ки ин портали байналмилалӣ тавсия медиҳад, барои саёҳати хориҷиён аз ҳама кишварҳои ҷаҳон мусоид дониста мешаванд.
Бояд гуфт, ки сабаби дигари ба ин рўйхат шомил гардидани Тоҷикистон, ба ҷуз табиати зебо доштанаш, амнияту суботи он аст. Чунки портали Globe Spots ҳангоми таҳияи рўйхат, пеш аз ҳама, ба сатҳи амнияту суботи кишварҳо диққат медиҳад. Коршиносони ин маркази байналмилалӣ зимни таҳлилҳои худ ба хулосае расидаанд, ки Тоҷикистон вақтҳои охир таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро бештару бештар ҷалб карда истодааст. Ба гуфтаи коршиносони Globe Spots имрўзҳо Тоҷикистон яке аз машҳуртарин маркази намудҳои туризм дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, махсусан кўҳсору тозагии муҳити зисташ боиси таваҷҷуҳи хориҷиён гаштааст.
Дар мавриди манфиатҳои иқтисодиву молиявии ба рўйхати даҳгонаи беҳтарин шомил шудани Тоҷикистон ҳоҷат ба шарҳи зиёд нест. Боиси ифтихор аст, ки дар рўйхати мусоидтарин кишварҳо барои саёҳати Globe Spots, дар даҳгонаи беҳтарин Тоҷикистон дар ҷои дуввум қарор дода шудааст, зеро Тоҷикистон дар роҳи корвонгузари қадим - «Роҳи абрешими бузург» ҷой гирифта, Аврупоро ба кишварҳои Шарқ мепайвандад. Сабаби дигари онро ба обҳои шифобахши табиии Тоҷикистон марбут медонанд, ки мисоли он Гармчашмаи Ишкошим буда метавонад.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»