Баровардани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ аз ҳадафҳои стратегие ба шумор меравад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои амалӣ шуданаш талош меварзад. Зеро дар фасли зимистон, бинобар боридани барф ва фаромадани тармаҳои зиёд дар ағбаҳо, рафтуомади сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба марказ қатъ мегардид, ки ин ҳолат то шаш моҳ давом мекард. Инак, дар муддати кӯтоҳ бо сохтмони роҳу пул ва нақбҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як кишвари воҳид табдил ёфт. Акнун чор фасли сол дар дилхоҳ вақту соат ба ҳар гӯшаи ҷумҳурӣ сафар кардан имкон дорад. Далелу арқом аз он шаҳодат медиҳанд, ки давоми 23 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон маблағҳои зиёди сармоягузориву буҷетӣ барои бунёду таъмир ва таҷдиди роҳҳо равона карда шудааст.
Тавре сардори Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодии Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Укуматшо Ақсақолов иброз дошт, аз соли 1990 инҷониб дар самти бунёду таҷдиди роҳ зиёда аз 20 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 915,2 миллион доллари ИМА бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ татбиқ шудааст. Дар натиҷа, зиёда аз 1700 километр роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявию маҳаллидошта, бо зиёда аз 200 пулҳои хурду миёна, 31,2 километр нақбҳо ва долони зиддитармавӣ ва дигар иншооти роҳдорӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Бино ба гуфти номбурда, айни ҳол дар соҳаи роҳдории ҷумҳурӣ 9 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 560,2 миллион доллари ИМА бо иштироки ду ҳазор нафар мутахассисон, ки 63 фоизашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, татбиқ шуда истодааст. Татбиқи ин лоиҳаҳо имкон медиҳад, ки боз 450 километр роҳ бо сифати ҷавобгӯйи талаботи имрӯза мавриди истифода қарор гирад.
Нотамом мондани корҳои сохтмонӣ дар нақби «Истиқлол», ки мусофиронро ба ташвиш овардааст, мавриди муҳокимаи масъулини Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор гирифтааст. Мавсуф изҳор дошт, ки маблағи корҳои боқимонда дар нақби «Истиқлол» 6 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва аз ин 3 миллион доллари ИМА саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 3 миллион доллари дигар кумаки бебозгашти Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад. Дар назар аст, ки соли равон боқимондаи корҳо аз ҷониби ширкати паймонкор ба анҷом расонида шавад. Айни ҳол нигаҳдории нақб аз ҷониби Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Айнӣ амалӣ шуда истодааст.
Оид ба нигаҳдории роҳҳо бошад, мавсуф зикр кард, ки ин кор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба ғайр аз роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок) дар ихтиёри давлат буда, ду барномаи пилотӣ дар роҳи Душанбе-Қарамиқ амал карда истодааст.Укуматшо Ақсақолов гуфт, ки масъалаи нигаҳдории роҳҳо мавриди омӯзиш қарор дорад ва шояд оянда дар ин самт бахши хусусӣ низ ҷалб шавад.
Доир ба амалишавии лоиҳаҳо дар самти бунёди роҳи оҳан мавсуф гуфт, ки айни ҳол дар Тоҷикистон се хатти роҳи оҳан дар алоҳидагӣ фаъолият дорад: қитъаи суғдии роҳи оҳан, қитъаи роҳи оҳани марказ ва хатти роҳи оҳани Ҷануб, ки ду соли охир фаъолият намекунад. Тавре номбурда афзуд, ҳар се хатти роҳи оҳани Тоҷикистон аз дохили Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегузарад, аз ин рӯ Ҳукумати Тоҷикистон бо амалӣ кардани лоиҳаҳои афзалиятноки роҳи оҳане, ки бе даромадан ба сарҳади ҳамсоякишвар ҷумҳуриро ба дигар давлатҳо мепайвандад, ин равандро рушд медиҳад. Айни ҳол лоиҳаи роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, ки соле пеш бо иштироки сарони давлатҳои ҳар се кишвар ба сохтмони қитъаи туркманистонии он оғоз бахшида шуд, яке аз лоиҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Дар мавриди сохтмони ин роҳ Ҷумҳурии Исломии Афғонистон айни замон мушкилоти зиёд дорад. Аз ин рӯ, айни ҳол оиди интихоб намудани хатти гузариши роҳи оҳан ва дарёфти манбаъҳои сармоягузорӣ барои анҷом додани лоиҳа гурӯҳҳои корӣ фаъолият карда истодаанд. Роҳи оҳани чоргона бошад, дар доираи лоиҳаи ЕВРАЗЕС амалӣ мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Қирғизистон, Қазоқистон ва Федератсияи Россия мепайвандад. Ин лоиҳа низ мавриди омӯзиш қарор дошта, мақомоти дахлдори чор давлат барои асосноккунии техникӣ уҳдадор шудаанд.
Оид ба сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат-Ёвон ҳамсуҳбатам афзуд, ки бо амалӣ шудани ин лоиҳа хатти роҳи оҳани Марказ бо Ҷануб пайваст мешавад. Дарозии ин роҳ 40 километр буда, айни ҳол дар он ба маблағи 204,5 миллион сомонӣ корҳо анҷом дода шудааст. Дар 28 километри роҳ корҳои заминӣ анҷом ёфта, 8,4 километр роҳи оҳан пурра сохта шудааст.
-Бо мақсади тезонидани сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат-Ёвон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой гуфтушунид рафта истодааст. Маблағи лоиҳа зиёда аз 59 миллион доллари ИМА буда, сохтмони се нақб бо дарозии 3750 метр ва панҷ пул дар назар дошта шудааст,-изҳор дошт Укуматшо Ақсақолов.
Бунёду таҷдиди роҳҳо аз иқдомҳои ҳамешагии давлату Ҳукумат буда, ҳамасола дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом мерасад, зеро роҳи обод асоси рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба ҳисоб рафта, инсонро ба манзили мурод мерасонад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»