Тоҷикистону Эрон. Марҳилаи нави ҳамкориҳои иқтисодии шурӯъ шуд

№ 24.12.2019

81122148_713731572484086_963626559111954432_nБо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва  саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли равон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоишгоҳи маҳсулоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ ёфт. Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар маросими ифтитоҳ таъкид намуд, ки тавассути баргузории чунин намоишгоҳҳо робитаҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг тавсеа ва таҳким меёбад. Ӯ ифтитоҳи намоишгоҳро идомаи мантиқии кӯшишу талошҳои роҳбарони ду  кишвари дӯст баҳри таҳкими робитаҳои иқтисодӣ арзёбӣ кард.

Роҳбари устони Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Размҳусайнӣ барои истиқболи гарм изҳори сипос намуда, баргузории  намоишгоҳро «Оғози марҳилаи нав дар робитаҳои густурдаи ду кишвари ҳамзабон» номид. Ӯ таъкид кард, ки ҳамкориҳо дар бахшҳои гардишгарӣ, коркарди маъдан, кишоварзӣ, хизматрасонии фаннию муҳандисӣ дурнамои хуб доранд.

81224962_1279092292273965_5768737481981689856_nСафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ мулоқоти роҳбарони ду кишвари ҳамзабон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Рӯҳониро, ки тобистони соли равон дар шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайваст, барқароршавии парвозҳои мустақим миёни ду давлат ва баргузории намоишгоҳро таҳаввулоти мусбат дар робитаҳои Тоҷикистону Эрон номид.

Ба гуфти мудири ширкати байналмилалии «Сайиди Хуросон» Саид Сайфӣ, дар намоишгоҳ 52 ширкати Ҷумҳурии Исломии Эрон маҳсулоти худро пешкаш карда, хоҳони ҳамкорӣ дар соҳаҳои истеҳсоли  мошинолот,  коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таҷҳизоти барқӣ ва ғайра мебошанд.

Яке аз бартариҳои корхонаҳои Эрон дар он аст, ки аксарият дар заминаи ашёи хоми худӣ маҳсулот истеҳсол мекунанд. Мудири ширкати «Сабо батарӣ» Муҳандис Ризоӣ иброз дошт, ки зимни истеҳсоли аккумуляторҳо аз сурби ватанӣ истифода мешавад. Корхонаи мазкур 2000 корманд дошта, соле 6 миллион аккумулятор истеҳсол мекунад. Иқтидори пурраи он истеҳсоли 8 миллион адад аккумулятор дар як сол мебошад. Маҳсулоти корхона ба Амороти Муттаҳидаи Араб, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон,  Венесуэла, Туркия, Лубнон ва ғайра содир мешавад.

Менеҷери ширкати номбурда Алии Ҳусайнӣ иброз дошт, ки ҳоло дар бозори «Султони Кабир»- и шаҳри  Душанбе якчанд номгӯи маҳсулоти ширкати «Сабо батарӣ» фурӯхта мешавад. Бинобар хушсифат ва арзонтар будан шумораи муштариёнаш хеле зиёд аст. Ширкат имкон дорад воридоти маҳсулоти муосирро даҳ маротиба бештар кунад.

Ба гуфти намояндаи ширкати «Фӯлоди Хуросон» Ҳамидулло Шунавоӣ, аз маъдани фӯлод сар карда, то маҳсулоти тайёр, яъне арматура дар худи корхона истеҳсол мешавад. Ширкат чорумин тавлидкунандаи бузурги арматураю масолеҳи сохтмонии Эрон ба шумор рафта, соле то 2,5 миллион тонна  фӯлод истеҳсол мекунад. Маҳсулоти ширкат ба Туркияву АМА, Ироқ, Покистону Афғонистон ва Ӯзбекистон содир мешавад.

Мудири корхонаи «Гулбарг» Алиризо Маддоҳ иброз намуд, ки ширкат ба истеҳсоли нуриҳои органикӣ машғул буда, дар шаҳри Кирмон воқеъ аст. Дар сурати ба мувофиқа расидан метавонанд технологияи истеҳсоли вермикомпостро ба Тоҷикистон оварда, аз порӯ ва хазон истеҳсоли нурии аълосифатро ба роҳ монанд.

Намояндаи ширкати «Тибби фанӣ» Абулфазл Соҷидиён гуфт, ки муассисаи мазкур барои атфоле, ки ба иллати каҷпоӣ гирифторанд, пойафзолҳои ортопедӣ истеҳсол мекунад. Се сол аст, ки намояндагии ширкати мазкур дар назди фурӯшгоҳи «Ашан»- и шаҳри Душанбе фаъолият намуда, ба даҳҳо  наврасу кӯдак пойафзолҳои ортопедӣ пешкаш намудааст.

Мудири  ширкати «Симу кабели Афлок электрик» Ҳусайни Муҳаммадиён иттилоъ дод, ки дар корхонаи мазкур 500 номгӯй маҳсулот  истеҳсол мешавад. Симҳои мисии ширкати номбурда бо холисияти 99,99 дар ҷаҳон машҳуранд. Тамоми ашёи хоми корхона аз Эрон буда, маҳсулоти хушсифати он ба бисёр кишварҳо фурӯхта мешавад. Ширкат метавонад дар Тоҷикистон корхонаи муштарак кушода, истеҳсоли симҳои алюминӣ ва мисинро ба роҳ монад.

Узви ҳайати мудирияти ширкати «Септико» Амин Туҷҷорӣ иброз дошт, ки дар корхонаи мазкур 10 навъ сиркои табиӣ аз ангур, хурмо себ ва консерваҳои меваю сабзавот истеҳсол мешавад. Дар корхона, инчунин, истеҳсоли шарбатҳои табиӣ аз заъфарон, пудина, анор, хурмо ва ғайра ба роҳ монда шудааст. Маҳсулоти ширкат ба 37 мамлакат, аз ҷумла, Федератсияи Россия, Туркия, Баҳрайн, Кувайт, Қатар, АМА ва  кишварҳои аврупоӣ содир мешавад. Дар сурати ба мувофиқа расидан метавон дар Тоҷикистон низ истеҳсоли маҳсулоти мазкурро ба роҳ монд.

- Дар корхонаи мо истеҳсоли фурӯзонакҳои 50 — ватта, прожекторҳо ва чароғҳои хиёбонӣ ба роҳ монда шудааст, — гуфт узви ҳайати мудирони ширкати «Порс шуои Тӯс» Ҷалил Нурӣ. — Маҳсулоти он каммасрафу муҳлати истифодааш низ тӯлонӣ аст. Зимни  ошноӣ бо минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» тасмим гирифтем, ки дар сурати ба мувофиқа расидан метавонем истеҳсоли чунин маҳсулотро дар Тоҷикистон низ ба роҳ монем.

Қайд кардан бамаврид аст, ки бори аввал дар таърихи баргузории намоишгоҳҳо маросими ифтитоҳ ба як маҳфили фарҳангӣ табдил ёфт. Ҳунармандони эронӣ, ки либосҳои суннатии мардуми Хуросони Ҷанубиро ба бар доштанд, порчаҳо аз «Шоҳнома»-и Фирдавсиро бо дойра замзама намуданд. Ровии хушбаён Ортиқи Қодир бо хондани порчаҳои шеърии баёнкунандаи дӯстии Тоҷикистону Эрон ба маросими ифтитоҳи намоишгоҳ шукӯҳ бахшид:

Ду мазраи гулафшон – Эрону Тоҷикистон,

Ду мулки ишқу армон – Эрону Тоҷикистон.

Ду ҳамзабону ҳамдил, ду ҳамқирону ҳамгил,

Хуллас ду ҷисму як ҷон – Эрону Тоҷикистон.

 

Намоишгоҳи мазкур то 24 декабр идома меёбад.

Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»