Аз Иттиҳоди Шӯравӣ баъди пошхӯрӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистони тозаистиқлол мероси бойи иқтисодӣ — корхонаю иншооти бузургу миёна, хурди саноатию нақлиётӣ ва аграрӣ боқӣ монд. Он метавонист барои сохтани кохи баланди иқтисодии кишвар зербинои мустаҳкаме бошад. Танҳо услуби мудирияти нав лозим буду халос.
Мутаассифона, баробари мероси иқтисодӣ солҳои аввали Истиқлолият дар кишвар вируси хатарноке дар симои ТТЭ ҲНИТ пайдо шуд. Маълум аст, ки ҳар вирус дар замони заифу сустшавии бадан пайдо мешавад ва вируси ТТЭ ҲНИТ ҳам дар замони сустии Иттиҳоди Шӯравӣ, соли 1990, ба вуҷуд омад ва ба хӯрдани бадани Тоҷикистон шурӯъ кард.
Вақте мардуми шарафманди тоҷик роҳбарони нави худро интихоб кард ва интизор мерафт, ки онҳо роҳу равиши нави давлатдорӣ ва мудириятро аз худ карда, дар заминаи мероси гаронарзиши шӯравӣ иқтисодро бо суръати баланд пеш мебаранд, ин вирус авҷ гирифт ва бо фаъолияти тахрибкоронаю хунхорона ҳамаро барбод дод. Наҳзатиҳо аввал сохти конститутсиониро аз байн бурда, ҳукуматро бо зӯрӣ ба даст гирифтанд. Дар чанд моҳи амал кардани ҳукумат сарварони ТТЭ ҲНИТ ҳар қадар тавонистанд, мероси моддию молии шӯравиро, ки ҳаққи ҳалоли мардум буд, талаву тороҷ карданд. Дороии бонкҳову вазорату кумитаҳоро моли бобоӣ пиндошта, аз худ намуданд. Дар натиҷа, зарбаи хисоротборе ба иқтисоди Тоҷикистони тозаистиқлол расид. Ин амалҳои бад зери пӯшиши ғояҳои поки динӣ иҷро мешуданд, ки ТТЭ ҲНИТ дар давраи мавҷудият ҳамеша аз он суиистифода мекард.
Давраи дуюми ғоратгариҳои ТТЭ ҲНИТ баъд аз он оғоз гардид, ки мардум ба бедодгарии онҳо тоб наоварда, қиём кард ва талаби барқарории ҳукумати қонунӣ намуд. Наҳзатиҳо он замон оташи ҷанги шаҳрвандиро барафрӯхтанд ва даст ба куштори мардум зада, моликияти шахсӣ ва нони даҳони онҳоро низ ба ғорат бурданд. Ҳар касе ки каме дороӣ дошт ва онҳоро дастгирӣ кардан намехост, кушта мешуд ва сарваташро намояндагони ТТЭ ҲНИТ аз худ менамуданд. Ин ғорату куштор то соли 1997 (панҷ сол) идома дошт. Дар натиҷа, аз мероси шӯравӣ қариб чизе намонд.
Умуман, аъзои ТТЭ ҲНИТ ва зархаридони хориҷии онҳо дар давоми ҷанги шаҳрвандие, ки ба роҳ монда буданд, ба иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди 7 миллиард доллари ИМА зиён оварданд ва беш аз 150 ҳазор нафарро ба қатл расониданд. Агар ин рақамро ба таври муқоиса арзёбӣ намоем, он ба 56 миллиард доллари ИМА бо нархҳои имрӯз баробар аст. Ин рақам аз он бармеояд, ки он замон Ҳукумати навтаъсиси Тоҷикистон барои сохтмони НБО-и «Роғун» бо ҳукумати Покистон шартнома баста буд ва арзиши бунёди ин иншооти ҳаётан муҳим ба 500 миллион доллари ИМА баробар дониста мешуд. Онро ба ҳисоби имрӯза, ки ба 4 миллиард доллари ИМА баробар аст, муқоиса кунем, 14 маротиба зиёд аст. Бинобар ин, 7 миллиард доллари он давраро метавон баробар ба 56 миллиард доллари имрӯз донист. Аз ин бармеояд, ки ТТЭ ҲНИТ дар солҳои навадуми асри гузашта ба иқтисоди Тоҷикистон маблағи баробар ба арзиши 14 НБО-и «Роғун» зиёни молӣ овардааст. Ин гурӯҳи худхоҳи манфиатталаб пули 14 «Роғун»-ро аз дороии мардуми тоҷик, ки аз шӯравӣ ба мерос гирифта буд ва ҷони 150 ҳазор инсони бегуноҳро барбод дод. Барои чӣ? Барои иҷрои нақшаҳои ғаразноки хоҷагони хориҷӣ, ҷамъ кардани моли дунё ва ба даст гирифтани қудрати сиёсӣ.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, мардуми шарафманди тоҷик таҳти роҳбарии Ҳукумати қонунӣ июни соли 1997 (зимни бастани созишномаи сулҳ) онҳоро бахшид. Ин тасмими хирадмандона баҳри пешгирии хунрезиҳо гирифта шуд, ҳатто ба ин гурӯҳи ҷинояткор 30 фоизи вазифаҳои ҳукуматиро ҳам доданд. Ҳамаи ин гузаштҳо ба он хотир буд, ки дигар аз дуздиву хунрезӣ даст кашида, дар паҳлуи мардум ба сохтмони Тоҷикистони нав даст зананд. Вале амалҳои баъдии наҳзатиҳо нишон дод, ки онҳо мақсади худро дигар накардаанд. Дар идораву муассисаҳое, ки наҳзатиҳо аз ҳисоби сифоиза роҳбарӣ мекарданд, ҳар чӣ аз моли давлату ҷамъият буд, бо роҳҳои гуногуни қаллобию ҷиноятӣ аз худ карданд ва он муассисаҳоро муфлису хароб намуданд. Ин буд, ки аксари онҳо бо ҷурми содир кардани ҷиноятҳои сангин аз вазифаҳо сабукдӯш ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Яке аз охирин намояндагони онҳо дар Ҳукумат Ҳалим Назарзода соли 2015 ба боварии мардуми тоҷик хиёнат карда, бо дастури роҳбарони ТТЭ ҲНИТ даст ба табаддулоти низомии давлатӣ зад. Хушбахтона, сохторҳои дахлдори Тоҷикистон бо дастгирии мардуми огоҳи кишвар фаъолияти душманонаи ин гурӯҳи ҷинояткорро пешгирӣ намуданд. Дар натиҷа, ТТЭ ҲНИТ бо қарори мақомоти судӣ мамнӯъ ва террористӣ эълон гардид.
Рақами ниҳоии дақиқи хисороте, ки ТТЭ ҲНИТ ба иқтисоди Тоҷикистон расонидааст, то ҳол муайян нашудааст ва муайян кардани он ҳам мушкил аст. Фақат як воқеиятро наметавон инкор кард, ки дар натиҷаи фаъолияти душманонаю тахрибкоронаи ТТЭ ҲНИТ иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даҳсолаҳо ақиб партофта шуд. Агар фаъолияти ҷиноятии наҳзатиҳо намебуд, НБО-и «Роғун» ҳанӯз дар солҳои навадуми асри гузашта ба кор медаромад ва на танҳо корхонаҳои аз шӯравӣ ба меросмонда аз фаъолият намемонд, балки садҳо иншооти истеҳсолии бузурги дигар сохта, ба истифода дода мешуд. Мардуми тоҷик дигар ба муҳоҷир шудан маҷбур намебуд ва дар назди оилаю наздикон, дар Ватан кори шоиста пайдо мекард. Аммо ТТЭ ҲНИТ бо фаъолияти ҷинояткорона имкониятҳои рушду пешрафтро он замон аз мардуми тоҷик гирифт. Хушбахтона, дигар дар Тоҷикистони азизи мо ТТЭ ҲНИТ нест ва мардуми шарифи кишвар бо боварӣ, азму иродаи қавӣ барои сохтмони оянда, иқтисоди пешрафта ва зиндагии шоиста камар бастааст. Ояндаи Тоҷикистон дар дасти мардуми меҳнаткаш ва ватандӯст аст, ки таҳти роҳбарии Ҳукумати интихобкарда монеаҳои дарпешистодаро рафъ карда, ба мақсадҳои олӣ мерасад.
Хуршеди Мурод