Туҳфаи наврӯзӣ

№36-37 (3021-3022) 21.03.2013

Дар арафаи иди Наврӯз дар деҳаи Баҳористони Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт мактаби нав барои 240 нафар хонанда  ба истифода дода шуд. Бинои нав аз ҳашт синфхона, маркази омӯзиши компютерӣ ва ошхона барои 30 ҷойи нишаст иборат мебошад. Бинои мазкур аз ҳисоби Дирексияи иншоотҳои  сохтмонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 775 ҳазор сомонӣ бо сифати баланди меъморӣ сохта, ба истифода дода шуд.

 

М. РИЗВОНОВ, ноҳияи Рашт