Тозанашр

Тундгароии динӣ ва оқибатҳои он

№65 (4648) 17.05.2023

ПАХН — копияДар асри ХХI илму техника босуръат тараққӣ мекунад. Олимон ба кашфиётҳои бузург даст ёфтанд. Одамон на танҳо дар замин, балки дар кайҳон ба пешрафтҳои назаррас ноил гардиданд. Инсони муосир бо тамоми неруи ақлонияш арзи ҳастӣ мекунад. Дар чунин шароит тундгароии динӣ пешорӯи ҷомеаи башарӣ масъалаи муҳими ҳалталаб боқӣ мондааст.

Монографияи Ҳикматулло Хоҷаев «Тундгароии динӣ ва паҳншавии он дар шароити тағйирпазирии ҷомеа (таҷрибаи Тоҷикис­тон)», ки Муассисаи нашриявии «Дониш»-и Академияи миллии илм­ҳои Тоҷикистон онро чоп кардааст, хусусият ва сабабҳои паҳншавии ин раванди ташвишоварро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Китоб аз се боб иборат аст. Боби аввал «Ҷанбаҳои назариявию методологии омӯзиши тундгароии динӣ», боби дуюм «Хусусиятҳои муҳими зуҳури тундгароии динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва боби сеюм «Таҳкими давлатдории миллӣ ҳамчун воситаи муқовимат бар зидди тундгароии динӣ»-ро фаро мегирад. Муаллиф дар пешгуфтори китоб таъкид кардааст, ки «тундгароии динӣ падидаҳои манфии иҷтимоӣ-сиёсӣ мебошад, ки ба носубот гаштани ҳаёти ҷомеа мусоидат намуда, рушди кишварҳои муосирро барбод медиҳад. Пайдоиши он ба якчанд сабаб: иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва ғайра вобастагӣ дорад». Азбаски дини асосии сокинони кишвари мо ислом аст, муҳаққиқ тундгароиро дар дини ислом бозгӯӣ мекунад. Ба андешаи Ҳикматулло Хоҷаев, тундгароии исломӣ реша дар оғози пайдоиши дини ислом дорад. Асосгузорони ин раванди номатлуб хориҷиҳо мебошанд, ки аз артиши халифаи чорум Алӣ ибни Абутолиб ҷудо шуда, боиси нооромиҳо гаштаанд.

Муҳаққиқ тундгароиро ин гуна шарҳ медиҳад: «Аз нигоҳи сиёсӣ тундгароӣ бар зидди сохторҳои ҷамъиятӣ ва институтҳои мавҷуда ба мақсади аз байн бурдани онҳо бо истифода аз усулҳои зӯроварона – саркашии шаҳрвандӣ, террор, ҷанги партизанӣ равона карда шудааст». Аз ҷониби дигар, тундгароён ҳеҷ гоҳ ба гузашт, гуфтугӯ ва созиш розӣ намешаванд. Онҳо фақат худро ҳақ медонанд ва дигаронро инкор мекунанд. Муаллиф мӯшикофона ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҳақиқат ва оқибатҳои тундгароиро ба таври возеҳ баён намудааст.

Муҳаққиқ барои аз байн бурдани хатари тундгароӣ, экстремизму терроризми динӣ таҳким бахшидани низоми таълиму тарбияро хеле муҳим медонад. Мактаб аст, ки ба наврасону ҷавонон илму дониш меомӯзад ва барои ба камоли инсонӣ расиданашон нақши муҳим мебозад. Муҳаққиқ таъкид кардааст: «Дар рӯҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия намудану ба кору амалҳои нек ҷалб кардани ҷавонон яке аз роҳҳои асосии эмин нигоҳ доштани онҳо аз макру фиреби ҳизбу ҳаракатҳои радикалию экстремистӣ ва террористӣ мебошад. Дар ин самт ташкили озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва тарғиби варзиш дар байни ҷавонон хеле муҳим аст».

Дар боби дуюми монография муаллиф кӯшидааст, ки ба таври дақиқ ва возеҳу равшан дар бораи маданияти ҳуқуқӣ – сиёсӣ, ки як қисми маданияти ҷамъиятӣ мебошад, маълумот диҳад. Ӯ мулоҳизаҳои нисбатан устувори фард ва шаклҳои хоси муносибати вай бо ҳукумат, ки дар рафтораш ошкор мегардад, баррасӣ намудааст. Муаллиф кӯшидааст, ки хусусиятҳои пайдо шудани тундгароиро дар Тоҷикистон ошкор созад ва дар ин кор муваффақ шудааст.

Дар боби сеюми китоб Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон шарҳу тавзеҳ ёфтаанд. Муаллиф ба ин хулоса омадааст, ки таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи суботи сиёсӣ ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир масъалаҳои меҳварии Паём ба ҳисоб мераванд.

Монографияи мазкур, ки асари муҳими таҳқиқотӣ аст, метавонад барои тақвият бахшидани ҳисси худшиносии миллӣ, расидан ба қадри суботу амният ва шинохти тундгароии динӣ барои хонанда хидмат намояд.

Муҳаррири масъул ва муқарризони монография докторҳои илм Рустам Ҳайдаров, Парвиз Муҳаммадзода, Муҳаммадалӣ Музаффарӣ ва номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Сафарализода Хуҷамурод мебошанд. Китоби мазкур бо қарори Шӯрои олимони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба чоп тавсия шудааст.

ВОРИС,

 «Садои мардум»