Мувофиқи маълумоти оморӣ ҳар сол дар ҷаҳон қариб 4 миллион нафар мавриди харидуфурӯш қарор мегиранд ва иттиҳоди ҷинояткорон қариб 7 миллиард доллари ИМА фоида ба даст меорад.
Моҳиятан харидуфурӯши одамон як намуди ғуломӣ дар замони муосир ба ҳисоб меравад. Айни замон зиёда аз 200 миллион нафар дар чунин ҳолат қарор доранд. ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми устувори ҳуқуқӣ ҷиҳати муқовимат ба савдои одамон амал мекунад, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарини он ба ҳисоб меравад. Моддаи 5-уми Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ муайян намуда, муқаррар кардааст, ки онҳо аз ҷониби давлат эътироф, риоя ва ҳифз карда мешаванд. Бо мақсади ба таври мушаххас татбиқ намудани меъёрҳои конститутсионӣ, иҷро намудани уҳдадориҳои байналмилалӣ мамлакат сиёсатро дар ҷодаи ташкил ва амалӣ намудани муқовимат ба савдои одамон ба роҳ монда, низоми ҳуқуқиро тақвият ва ҳуқуқу озодиҳои инсонро тавассути санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил додааст.
Яке аз он иқдомҳо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо савдои одамон ва кумак ба қурбониёни савдои одамон» маҳсуб мешавад. Бояд ёдовар шуд, ки қонуни мазкур маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида, тибқи тартиб, қабулу ҷонибдории санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ рисолати мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар буда, иҷрои дақиқ ва якхелаи онҳо дар кишвар тавассути ба амал баровардани назорати прокурорӣ ба зиммаи мақомоти прокуратура вогузор аст.
Вобаста ба ин, бо муовини якуми прокурори генералии мамлакат, Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Ҳотам Назарзода суҳбат оростем, ки фишурдаи он пешкаш мегардад.
- Кадом корҳо боис гардиданд, ки савдои одамон доман паҳн намояд?
- Қабл аз ҳама, бо мақсади ба хонандагон фаҳмотар шудани моҳияти масъала онро мухтасар шарҳ медиҳам. Савдои одамон харидуфурӯши одам ва ё нисбат ба ӯ анҷом додани дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ, ки дар онҳо инсон ҳамчун объекти моликият баромад мекунад, ба ҳисоб меравад. ҳамчунин ҳолатҳои новобаста аз розигии қурбонӣ бо мақсади истисмори ӯ ё бо дигар тарз гирифтани фоидаи ғайриқонунӣ пешниҳод намудан, ҷалб кардан, интиқол додан, пинҳон кардан, супоридан ё гирифтани одам бо истифодаи маҷбуркунӣ, рабудан, фиреб додан, суиистифода намудани гунаҳгор аз вазъи хизматии худ, суиистифода аз боварӣ ё ҳолати оҷизии қурбонии савдои одамон ва ё ришвадиҳӣ ба шахсе, ки қурбонӣ таҳти вобастагии ӯ қарор дорад ва ғайраро дар бар мегирад. Таҳлилҳо муайян намудаанд, ки шумораи зиёди қурбониёни савдои одамонро асосан занону духтарон ташкил медиҳанд. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пастравии иқтисодиёт, зиёдшавии сафи бекорон, ба таври оммавӣ муҳоҷират кардан, барҳам хӯрдани кафолати иҷтимоӣ, зиёдшавии ҷинояткорӣ, фурӯпошии оилаҳо оварда расонид. Пӯшида нест, ки дар он маврид бисёр оилаҳо имконияти ба фарзандон додани маълумоти миёнаро надоштанд. Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки маҳз аз донишомӯзӣ дур мондани насли наврас, хоса занон, пайомадҳои ногувор, аз ҷумла, ба доми фиреби одамфурӯшон афтоданро дорад.
Тавре ки таҳқиқот собит сохт, сабаб ва шароити асосии мусоидаткунанда барои ба фоҳишагӣ ҷалб намудани занону духтарон мавҷуд набудани ҷойи кор, дараҷаи пасти маълумот, суст будани корҳои тарбиявӣ ва фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мавҷуд будани холигоҳ, фаъол гардидани гурӯҳҳои ҷиноятпеша маҳсуб мешавад. Имрӯз дар ҷаҳон низоми мукаммали савдои одамон ҷой дорад, ки аз маҷбур намудани шахсони бо роҳи фиреб ҷалбкарда ва баъдан мавриди харидуфурӯш қарордодашуда ба меҳнати бепул, расонидани хизмати шаҳвонӣ ва истисмор дар соҳаи хоҷагии қишлоқ таркиб ёфтааст. Илова бар ин, дар давлатҳои Аврупо харидуфурӯши одамон бо мақсади гирифтани узв ва бофтаҳои бадани инсон барои трансплантатсия низ ҷой дорад.
- Эътироф бояд кард, ки сарфи назар аз тадбирҳои андешидашуда, ин намуди ҷинояткорӣ тамоюли афзоишро касб намудааст. ҳамин тавр не?
- Дуруст гуфтед. Вусъат ёфтани савдои одамон, пеш аз ҳама, ба даромаднок будани ин намуди тиҷорат, умумишавии робитаҳои иқтисодӣ ва савдо, бад будани вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фаъолияти нокифояи сохторҳои давлатӣ, баҳамоии ҷинояткорон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобастагӣ дорад. Дигар сабаби тамоюли афзоишро касб намудани савдои одамон ба зиёд шудани ташкилоти ҷиноятии байналмилалӣ рабт дорад, ки солҳои охир ба шабакаи муташаккили трансмиллӣ мубаддал гардидаанд. Ин ҷо месазад оид ба нафарони ба ин кор машғулбуда, ки дар қонунгузорӣ ҳамчун «савдогари одамон» зикр шудаанд, маълумот диҳем. Ин гуна ашхос – шахси воқеӣ ё ҳуқуқиест, ки мустақилона ё бо гурӯҳи шахсон савдои одамонро амалӣ ва фаъолияти мазкурро маблағгузорӣ менамояд ва ё аз ҳисоби он фоидаи моддӣ ё дигар фоида ба даст меорад, ҳамчунин шахси мансабдорест, ки бо амалҳои худ ба савдои одамон мусоидат менамояд ё ба он монеъ намешавад ё муқовимат намекунад, гарчанде вазифадор аст, ин корро мувофиқи ваколатҳои хизматӣ иҷро намояд.
Боиси таассуф аст, ки дар бисёр давлатҳои ҷаҳон ба ин проблема аз ҷониби давлат ва ҷомеа муносибати дуюмдараҷа роиҷ буда, механизми ҳимояи қурбониён ва шоҳидони харидуфурӯш мавҷуд нест. Дар бисёр маврид ҳангоми аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳудуди ин ё он давлат ошкор намудани ҳолатҳои ворид ва истиқомати ғайриқонунии қурбонии савдои одамон, гумонбар дастгир ва ба ҳабс гирифта шуда, аз ҳудуди давлат берун карда мешавад, ки ин боиси аз байн рафтани манбаи ба даст овардани маълумоти оперативӣ оид ба ҷинояти содиршуда ё омодашуда дар робита ба савдои одамон мегардад. Пажӯҳиши масъала собит намуд, ки қонунгузории бисёр давлатҳои ҷаҳон дар самти ба мубориза бо савдои одамон на ба таъмини ҳуқуқ ва эҳтиёҷоти қурбониёни чунин ҷиноят, балки ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ равона шудаанд. Табиист, ки шахсони ба савдои одамон машғулбуда аз чунин ҳолат бурд мекунанд. Бояд қайд намуд, ки савдои одамон асосан аз ҷониби гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил содир ва танзим карда мешавад. Даромаднокии зиёд ва ҷазои сабук дар бисёр давлатҳои ҷаҳон савдои одамонро ба шуғли сердаромаду маъмулии як идда табдил додааст. ҳарчанд ҳаҷми даромад аз савдои одамон бо даромад аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва харидуфурӯши яроқ баробар бошад ҳам, таҷриба нишон медиҳад, ки таъини ҷазо нисбат ба ин ҷиноятҳо нисбатан кам аст.
- Мубориза ба муқобили ин зуҳурот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ тавр ба роҳ монда шудааст?
Қабули қонуни алоҳида — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо савдои одамон ва кумак ба қурбониёни савдои одамон» далели бебаҳси он аст, ки кишвари мо дар ин самт собитқадам буда, барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд роҳандозӣ намудани фаъолият заминаи мукаммали ҳуқуқӣ мавҷуд аст. Қонунгузории кишвар муқаррар кардааст, ки системаи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилоти давлатӣ, инчунин ташкилоти ғайридавлатӣ, байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон оид ба огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон, бартарафсозии оқибатҳои иҷтимоии онҳо, оид ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамонро дар бар мегирад.
Қонунгузор муқаррар кардааст, ки давлат самаранокии муқовимат ба савдои одамонро бо роҳи татбиқи чораҳои маҷмӯӣ оид ба такмили кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар самти муқовимат ба савдои одамон ваколатдор мебошанд, баланд бардоштани салоҳиятнокӣ ва ихтисоснокии кормандони онҳо, таъмини огоҳонидан, ошкор намудан, пешгирӣ кардан ва тафтиши ҳолатҳои савдои одамон, муқаррар ва бартараф намудани сабаб ва шароити ба онҳо мусоидаткунанда, ошкоркунии шахсони дар содиркунии ҷиноятҳои зикргардида гунаҳгор, ногузирии ба ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашидани онҳо ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамонро кафолат медиҳад.
Савдои одамон яке аз зуҳуроти хавфноки иҷтимоии фаромарзӣ буда, дар миқёси ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки дар худ унсурҳои таҳдид ба амнияти миллӣ ва халалдор намудани суботи иҷтимоию иқтисодии давлатҳоро ниҳон дорад, эътироф гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ онро зуҳуроти номатлуби тамаддуни муосир ҳисобида, асосҳои ҳуқуқии муборизаро дар ин самт муқаррар намудааст. Айни замон дар Тоҷикистон низоми устувори ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон амал мекунад. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо савдои одамон ва кумак ба қурбониёни савдои одамон», санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
- Барои хонандагон манфиатбахш хоҳад буд, агар донанд, ки кадом субъектҳо бевосита ба савдои одамон муқовимат менамоянд?
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо савдои одамон ва кумак ба қурбониёни савдои одамон» субъектҳои муқовимат ба савдои одамонро ба ду гурӯҳ — субъектҳои давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ менамоянд ва субъектҳои дигари давлатии амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон ҷудо намудааст.
Субъектҳои давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ менамоянд, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Ба сифати субъектҳои дигари давлатии амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон вазоратҳои адлия, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои хориҷӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва ташкилоти давлатӣ дохил мешаванд.
Муҳимтар аз ҳама, баҳри аз байн бурдани бархӯрди муносибатҳо қонун ваколату салоҳият ва вазифаҳои ҳар як субъекти муқовимат ба савдои одамонро мушаххас намудааст. Барои мисол, субъектҳои давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ менамоянд, дар доираи ваколат зимни таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон, таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти мазкур, таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои мақсадноки давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон иштирок менамоянд.
- Кадом ашхос қурбониёни савдои одамон эътироф карда мешаванд?
- Тибқи моддаи 20 қонун шахсоне, ки аз тарафи савдогарони одамон ё шарикони онҳо бо мақсади содир намудани савдои одамон ё ҷиноятҳои ба он алоқаманд ё дар ҷараёни содиркунии ин ҷиноятҳо мавриди маҷбуркунӣ, суиистифодаи боварии онҳо ва ё суиистифодаи гунаҳгор аз вазъи хизматиаш қарор гирифтаанд, аз ҷониби савдогарони одамон ҷиҳати бастани шартномаи (қарордоди) қалбакии меҳнатӣ ё дигар шартномаҳо (қарордодҳо), ки ба истисмори одам, истифодаи меҳнати ғуломона ё маҷбурӣ вобаста намебошад, моил карда шудаанд, бо сабаби дар вазъяти ноилоҷӣ ё ҳолати оҷизӣ қарор доштан, новобаста ба дарки ниятҳои ҳақиқии савдогарони одамон, пешакӣ барои истисмор розигӣ додаанд, аз ҳамон қабиланд.
- Қурбонии савдои одамон эътироф намудани шахс аз кадом ҳолатҳо вобастагӣ надорад?
- Дар навбати аввал, аз мавҷуд будан ё набудани шаҳрвандӣ. Сониян, рафтори ба ҷабрдидагӣ моил (виктимӣ) ё зиддиҷамъиятии шахс дар давраи то ҷалб гардидани ӯ ба савдои одамон, инчунин нияти дар оянда тағйир додани рафторро доштан ё надоштани ӯ, мавҷуд будани розигии шахси мазкур ба ҷалбкунӣ, интиқол, супоридан, фурӯш, истисмори ӯ ё дигар ҳаракатҳое, ки ба савдои одамон алоқаманданд, ки аз ҷониби савдогарони одамон бо истифодаи маҷбуркунӣ, рабудан, фиреб, суиистифодаи боварии ӯ ё суиистифодаи гунаҳгор аз вазъи хизматиаш нисбат ба қурбонии имконпазир, ҳамчунин бо истифодаи вазъияти ноилоҷӣ ё ҳолати оҷизии ӯ ба даст оварда шудааст. Мавҷуд будани мақоми мурофиавии ҷабрдида оид ба парвандаи ҷиноятӣ, ки марбут ба ҳолати содир шудани ҷиноят (ҷиноятҳо) дар самти савдои одамон оғоз карда шудааст ва омода будани шахс барои ҳамкорӣ кардан бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳангоми тафтиш ва муҳокимаи судии парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ҷинояте, ки нисбат ба ӯ содир шудааст, аз чунин ҳолатҳо маҳсуб мешаванд.
- Шахсе, ки қурбонии савдои одамон эътироф гардидааст, аз кадом ҳуқуқҳо бархӯрдор аст?
- Бо тартиби пешбининамудаи моддаи 21-уми қонуни мазкур ба шахс додани мақоми қурбонии савдои одамон, ба ӯ аз лаҳзаи айнияткунонии вай ба сифати қурбонии савдои одамон то мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии пурраи иҷтимоӣ, ҳуқуқ медиҳад, ки аз хизматрасонии маъмулии иҷтимоӣ дар ҳаҷми муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чораҳои ҳифзи иҷтимоӣ, расонидани кумаки равонӣ, ҳуқуқӣ, иттилоотӣ, иҷтимоӣ, тиббӣ ва дигар намуди кумак, инчунин баргардонидани қурбониро ба оила, таъмин намудан бо ҷойи кор ва таъминоти иҷтимоии ӯро дар бар мегирад, истифода барад. Омили муҳими дигар он аст, ки қурбонии савдои одамон барои кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ки ҳангоми қурбонии савдои одамон буданаш содир кардааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида намешавад.
- Додани мақоми ҳуқуқии қурбонии савдои одамон чӣ гуна тартиб дорад?
- Он аз ҷониби Комиссияи байниидоравӣ ва ё комиссияҳои ҳудудии ҷойи будубошти қурбонии савдои одамон амалӣ карда мешавад. Субъекти амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон ва муассисаи махсуси давлатӣ ё ғайридавлатии дахлдор муваззафанд, ки дар 24 соат аризаи шахси аз савдои одамон зарардидаро ба Комиссияи байниидоравӣ ё комиссияи ҳудудии дахлдор барои ҳалли масъалаи ба ӯ додани мақоми ҳуқуқии қурбонии савдои одамон ирсол намоянд. Қобили зикр аст, ки ба қурбонии савдои одамон барои қабули қарор дар хусуси ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба ҷинояти нисбат ба ӯ дар самти савдои одамон содиршуда на камтар аз 30 рӯз муҳлат дода мешавад, ки он аз рӯзи муроҷиат ба субъекти амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон ё муассисаи махсуси давлатӣ ва ғайридавлатии дахлдор ҳисоб карда мешавад.
Тибқи талаботи қонун шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон алоқамандӣ доранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии граждании ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Мусоҳиб Далер Мерганов,
«Садои мардум»