Таҳти ин унвон 29 июни соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо иштироки олимони шинохта ва мутахассисони соҳа Анҷумани дуюми табибони мамлакат баргузор гардид.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода оид ба дастовардҳои соҳаи тандурустӣ суханронӣ намуда, гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти ҳамаҷонибаи соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа – илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоиро яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятнок эътироф карда, тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Аз ин рӯ, бояд кормандони соҳа ба сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, одоби баланди касбӣ диққати ҷиддӣ дода, барои аз байн бурдани амалҳои номатлуб, аз ҷумла, ришваситонӣ, хунукназарӣ, дағаливу саҳлангорӣ талош варзанд.
Сипас, мутахассисон оид ба муоширати касбӣ, стратегияи солимии ҷомеа ва сиёсати тандурустӣ, тибби инноватсионӣ, пешгирӣ ва табобати бемориҳои диабети қанд, гепатитҳои вирусӣ, тибби оилавӣ, ҷарроҳӣ, солимии репродуктивӣ, омодасозии кадрҳо ва технологияҳои инноватсионии таълим изҳори андеша карданд.
Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»