ВАҲДАТ, ТАНДУРУСТӢ, ФАЙЗУ БАРАКАТ АЗ ЗУМРАИ ФАЗИЛАТҲОИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОНАНД

№72 (3552) 04.06.2016

Бисту панҷ сол пеш, яъне қабл аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ — замони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ҷумҳурии мо узви он маҳсуб меёфт, барои мусалмонон адои фаризаҳои динӣ мушкил буд. Масҷидҳо ангуштшумор буданду танҳо чанд нафар мӯйсафед дар онҳо намоз мегузориданд. Дар иҷрои фаризаи дигари илоҳӣ – рӯзаи моҳи шарифи Рамазон низ мушкилиҳо пеш меомад. Дар таълимгоҳу корхонаю муассисаҳо одамони рӯзадорро маҷбуран об менӯшониданд. Намози таровеҳро баъзеҳо  пинҳонӣ дар хона мехонданд.

Худоро шукр, имрӯз фарқ аз замин то осмон аст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии эътиқоди шаҳрвандонро кафолат додааст: «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд» (моддаи 26, боби 2).

Ҳукумати кишвар, таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити заруриро барои иҷрои озодонаи эътиқоди динӣ муҳайё кардааст. Ҳар сол иди шарифи Рамазон бошукӯҳ таҷлил мешавад ва Сарвари давлат мардуми  кишварро самимона табрик мегӯяд.

Имсол моҳи мубораки Рамазон дар рӯзҳое фаро расид, ки сокинони кишвар ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ  ва 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд. Рамазон моҳи ваҳдат, якдигарбахшӣ, тақвияти дӯстӣ ва саховату эҳсонкорист.

Рӯза аз ҷумлаи панҷ рукни ислом аст, ки Аллоҳ таъоло  ба бандагонаш  фарз гардондааст. Рамазон раҳмату туҳфаи илоҳист барои бандагон, зеро табиист, ки инсон дар ҷараёни зиндагӣ гуноҳ содир мекунад. Маҳз ба шарофати ин моҳ ва иҷрои аҳкоми рӯза шояд инсон аз ҷурму гуноҳҳо пок шавад. Дар ин моҳи шариф рӯҳи инсон поктар ва одамон ба якдигар меҳрубонтар мешаванд.

Аҳамияти бузурги ин моҳ боз дар он аст, ки баробари ибодат ва санҷиши бартарии ақл бар нафс шахси рӯзадор ҳамзамон бояд аз ғайбат, дурӯғ, дашному суханони қабеҳ ва дигар амалҳои нораво ҳатман худдорӣ кунад. Ҳар як мусалмон вазифадор аст, ки он чизеро ба худ раво намебинад, ба дигарон низ раво набинад.

Як нуктаи дигар қобили зикр аст, ки дар ин моҳ файзу баракати дастурхони мардум зиёд, хариду фурӯш дар бозору марказҳои савдо авҷ мегирад. Соли гузашта дар моҳи шарифи Рамазон нархи молу маҳсулот чандон гарон набуд ва боварӣ дорем, ки имсол беҳтар мешавад, зеро шахсони боимон ба хотири моҳи шарифи Рамазон ва рӯза кӯшиш менамоянд, ки моли хушсифатро бо нархи арзонтар пешкаши харидорон намоянд, муомилаашонро накутар созанд.  Ҳамчунин, баробари худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан, риояи ҳатмии адлу инсоф дар кору фаъолияти ҳар як фард зарур аст. Ҳамрадиф бо ин омилҳо, дар моҳи Рамазон  шахсони сарватманду доро бо дастгирии ҳамаҷонибаи камбизоатон метавонанд савоби зиёде ҳосил кунанду дар оянда файзу баракат дар кору фаъолияташон афзун гардад.

Итминон дорем, ки моҳи шарифи Рамазон ба таҳкими сулҳу ваҳдат, афзоиши файзу баракат ва тақвияти дӯстиву меҳрубонӣ мусоидат менамояд.

 Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»