19 июни соли ҷорӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – асоси иҷрои се ҳадафи стратегии кишвар» конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид. Дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор, марказ ва пажӯҳишгоҳҳои илмиву тадқиқотӣ, олимону коршиносон иштирок доштанд. Директори он Худобердӣ Холиқназар қайд кард, ки зарур аст моҳияти Ваҳдати миллиро ба мардум ҳар чӣ бештар фаҳмонем.
Сипас, муовини якуми раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракат Мирзошоҳрух Асрорӣ иброз дошт: «Дар кишвари мо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бинобар муноқишаҳои сиёсӣ пастравии бемайлони истеҳсолот дар соҳаҳои хоҷагии халқ ба вуҷуд омад. Ҷанги шаҳрвандӣ ба фаъолияти корхонаҳои кишвар, хоҷагиҳои кишоварзӣ таъсири манфӣ расонд. Фаъолияти қисми зиёди онҳо қатъ гардид, пеши роҳи рушди истеҳсолот гирифта шуд. Аз сабаби барҳамхӯрии робитаҳои берунии иқтисодии кишвар иқтидори корхонаҳои амалкунанда суст шуд. Масалан, соли 1991 нисбат ба солҳои пешин ММД 5,4 фоиз, солҳои 1992 — 32,4, 1993 — 16,4, 1994 — 21,3 ва соли 1995 12,4 фоиз поин фаромад.
27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва шурӯъ аз ҳамон вақт марҳилаи нави бунёди давлатдории миллати тоҷик ва бунёдкориву созандагӣ оғоз гардид».
Номбурда таъкид кард, ки маҳз ваҳдати миллӣ заминаи асосии рушди иқтисодиёти кишвар гардид ва аз ҳамин лиҳоз, барои халқ дар баробари Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ низ бисёр муқаддас мебошад. Имрӯз вазифаи ҳама аз он иборат аст, ки нагузорем ягон неру суботу амнияти кишварро халалдор созад.
Дар идома муовинони вазирони рушди иқтисод ва савдо Тоҷиддин Ҷӯразода, кишоварзӣ Зеваршо Зеваршоев, нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода, саноат ва технологияҳои нав Акрам Рӯзизода дар мавзӯъҳои «Рушди устувори иқтисод таҳкимбахши Ваҳдати миллӣ», «Ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ», «Ваҳдати миллӣ – омили муҳими таъмини рушди соҳаи нақлиёт ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ», «Таъсири ғояҳои ҳаётбахши Ваҳдати миллӣ ба инкишофи саноати кишвар», «Ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои соҳаи энергетика» маърӯза карданд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»