Чанде қабл дар «Боғи Ирам»-и пойтахт бо мӯйсафеди нуроние ошно шудам.
- Кай боз ин боғро надидед? — суол кард ӯ.
- Шояд 16-17 сол шуда бошад. Ин ҷо ҳама чиз дигар шуда, боғ ободтару тоҷикитар гардидааст, -гуфтам.
- Бале. Ин ҳама аз файзу баракати ваҳдату якпорчагии мардум ба даст омад. Ин ҳама таҳаввулот ба шарофати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад, вагарна солҳои навадуми асри гузашта миллат дар вартаи ҳалокат ва давлат дар ҳолати аз байн рафтан қарор дошт. Ман зиёда аз 20 соли умрамро дар шаҳру ноҳияҳои собиқ вилояти Қӯрғонтеппа гузаронидам, ба душанбегӣ шуданам ҷанги шаҳрвандӣ сабаб шуд, — гуфт мӯйсафед.
Он мӯйсафеди нуронӣ Раҳмон Саидов ном дошта, пас аз хатми Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом фаъолиятро ҳамчун фурӯшандаи мағозаи китоб дар шаҳри Конибодом оғоз карда, соли 1967 пас аз хатми факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба фаъолият шурӯъ кардааст.
Моҳи январи соли 1973 муовини раиси Иттифоқи матлуботи ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ) таъин шуд.
- Моҳи ноябри соли 1976 бо роҳхати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» курси омодасозии кадрҳои роҳбарикунандаро дар шаҳри Маскав хонда, ба вазифаи пешинаам баргаштам. Соли 1978 маро раиси Раёсати матлуботи шаҳри Қӯрғонтеппа интихоб карданд. Дар ин вазифа то ноябри соли 1983 кор кардаму баъдан сардори Раёсати матлуботи собиқ ноҳияи Колхозобод таъин шудам, — гуфт Раҳмон Саидов.
Чун дар ҷануби кишвар ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт, Раҳмон Саидов ва аҳли оилааш бо азобу маҳрумиятҳои зиёд мувоҷеҳ шуданд.
Тасодуфан ва бо лутфи тақдир 12 сентябри соли 1992 ба тӯйи суннатии наберагони устодаш — шодравон Ҳайдар Мақсудов, ки он вақт муовини Раиси раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» буд, даъват гардида, ҳамроҳи ҳамсар ва ду фарзандаш ба шаҳри Душанбе омад.
14 сентябр вазъ дар Колхозобод ва атрофи он бадтар шуда, оташи ҷанг баландтар ва шумораи яроқбадастон бештару задухӯрд зиёдтар шуд.
- Ҳамин тавр, дар Душанбе мондам. Хонаву дар ва чизу чораамон дар Колхозобод туъмаи ба ном автоматчиён шуд. Дар шаҳри Душанбе низ вазъият ниҳоят вазнин буд, кӯчаҳо пур аз овози тирпарониву ҳаракати мағшуши БТР-ҳо буд, — гуфт ҳамсуҳбатам.
Моҳи феврали 1993 дар раёсати савдои пойтахт ба кор даромад.
- Дар шаҳр таъмини аҳолӣ бо нон хеле вазнин буд. Бо супориши раиси вақти шаҳр Ҷамолиддин Мансуров назорати таъмини мағозаҳо бо нон ба ман вогузор шуда буд, зеро сардори раёсати ҳамонвақтаи савдо аз ин кор худро дур кашид. Ҳар рӯз интиқоли нонро аз заводи нонпазӣ то мағозаҳо назорат мекардем. Дар роҳҳо силоҳбадастон мошинҳои моро ғорат мекарданд ва ҳатто чанд маротиба маро ҳам дастгир карда буданд, — оҳи сабуке кашида мегӯяд Раҳмон Саидов.
Ин ободию озодӣ барои мардуми мо осон ба даст наомадааст. Бисту як сол барои таърих муҳлати зиёд нест, вале дар натиҷаи роҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақиятҳои беназир соҳиб гардидем.
Дар мамлакат ободонию созандагӣ беш аз пеш вусъат меёбад, роҳ ба сӯи ҷомеаи боадолати шаҳрвандӣ бемайлон тай мешаванд. Се ҳадафи стратегии Ҳукумат: раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ки тайи солҳои охир пайгирона амалӣ мешавад, барои расидан ба кулли аҳдофи наҷиб давлати моро ҳароина наздик месозанд, — гуфт дар охир мӯйсафед.
Ҳусейни Назрулло,
«Садои мардум»