Корвони сулҳу ваҳдат, ки баъди ду соли ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард, дар мустаҳкам намудани Ваҳдати миллӣ, хоса байни мардуми минтақаҳои гуногуни мамлакат, саҳми арзанда гузошт.
Дар робита ба ин суҳбат доштем бо доктори илмҳои таърих, профессор, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ваҳҳоб Набиев, ки он солҳо ба ҳайси Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард.
- Омилҳои асосии арзи ҳастӣ кардани Корвони сулҳу ваҳдат аз чӣ иборат буд? Ташаббускорони он киҳо буданд?
- Ибтидои моҳи июни соли 1999 раиси Бунёди миллии «Шоҳроҳи абрешим – шоҳроҳи ваҳдат» Абдуғанӣ Муҳаммадазимов оид ба робита бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва муносибати байни миллатҳо ба мақсади омода сохтани чорабинии Корвони сулҳу ваҳдат дар шоҳроҳи Ваҳдат баромад кард. 14 июни соли 1999 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташаббуси некро тарафдорӣ намуда, ба раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки барои самаранок гузаронидани маъракаи Корвони сулҳу ваҳдат дар шоҳроҳи ваҳдат ёрии амалӣ расонанд.
- Ҳаракати корвон аз куҷо ибтидо гирифт?
- Маъракаи омодагӣ бомуваффақият анҷом ёфт ва 5 июли соли 1999 Корвони сулҳу ваҳдат дар шоҳроҳи ваҳдат ба сафари нек аз ағбаи Қулма ибтидо гузошт. Онро Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, корманди масъули Ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Амрихудо Дамдоров ва шоири варзида Ширин Бунёд ҳамроҳӣ намуданд. Радиою телевизион ва воситаҳои дигари ахбори омма ба таҳияи силсилагуфтору мақолаҳо пардохтанд.
Корвон 9 июл аз минтақаи ҷануби кишвар гузашта, вориди шаҳри Душанбе шуд. Ҳамон рӯз дар пойтахт Маҷлиси машваратии намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар мавзӯи «Танзими расму оинҳо ва маросимҳои мардумӣ талаби замон аст» баргузор гардид. Баъди гузаронидани ҳамоиш камина низ ба корвон ҳамроҳ шудам.
- Истиқболи мардум чӣ гуна буд?
- Басо самимӣ. Даҳуми июл корвон ба нуқтаи охири Шоҳроҳи ваҳдат — шаҳри бостонии Исфара ворид шуд. Аз лиҳози ҷуғрофӣ Исфара дар сарҳади се ҷумҳурии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҷойгир буда, мавқеи муҳими геополитикӣ дорад.
Мувофиқи нақша, чорабиниҳо дар осоишгоҳи овозадори «Зумрад» идома ёфтанд. Ёздаҳуми июл дар Кохи фарҳанги «Шифокорон»-и осоишгоҳи зикршуда ҷаласаи ифтитоҳии конфронси 5 – уми байналмилалии илмӣ-амалии «Раванди сулҳ дар Тоҷикистон: ваҳдат ва кафолати раванди сулҳ» доир шуд. Нуқтаи кулминатсионии Барномаи Корвони сулҳу ваҳдат дар шоҳроҳи ваҳдат баргузории Фестивали якуми ҷумҳуриявии сурудҳои сиёсӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон – меҳани ягонаи мо» буд.
- Он солҳо ҳанӯз оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш нашуда буд?
- Дуруст зикр кардед. Баъди паси сар кардани кашмакашиҳои сиёсӣ бори аввал дар Тоҷикистони соҳибистиқлол фестивали пуршукӯҳ гузаронида шуд. Дар он зиёда аз 40 нафар ҳофиз аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ширкат варзиданд. Фестивал пайвандгари дилҳову наслҳо гардид. Дар базми дӯстию якдилӣ ҳофизони гуногунмиллат ҳунарнамоӣ карданд. Насиба Узоқоваи спитаменӣ суруди ӯзбекии «Тоҷикистон», сармуҳандиси мурғобӣ Майрамбек Тойчиев суруди қирғизии «Мақсад», алоқачӣ аз шаҳри Қайроққум Татяна Козловская суруди русии «Единство»-ро бо маҳорат иҷро намуданд.
- Баъдан, ҳаракати корвон ба кадом ҷониб буд?
- Нисфирӯзӣ моро дар шаҳри қолинбофону энергетикҳо- Қайроққум (ҳоло Гулистон) пешвоз гирифтанд. Базми дӯстие, ки дар соҳили Баҳри Тоҷик барпо гардид, хеле хотирмон аст. Баъд аз он роҳро идома додем. Шоми 12 июл Корвони сулҳу ваҳдатро раиси вақти ноҳияи Шаҳристон Муқаддам Холиқова ва дигарон пешвоз гирифтанд. Дар лаҳзаҳои пазироӣ ҳаваскорони ноҳия барномаи театрикунонидаи «Ворисони Сомониён»-ро намоиш доданд.
Тасаввур намоед: Шаҳристон ноҳияи аграрӣ буда, театри касбӣ надорад. Аммо ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносии миллӣ дар тинати сокинон чунон боло гирифт, ки намоишномаи пешкашнамуда басо ҷолиб буд. Намоиши ҳунарҳои халқӣ ва дастовардҳои ихтироъкорон низ хеле ҷолиб сурат гирифт.
13 июл фотеҳаи неки пирони хиради Шаҳристонро гирифта, озими ноҳияи Айнӣ гардидем. Дар ҳама мавзеи он моро гарму ҷӯшон истиқбол намуданд. Аҳли корвон дар кушодани кӯпруки нав ширкат варзиданд. Дар сафари роҳи Искандаркӯл профессори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Достӣ Шарифов пешниҳод намуд, ки осорхонаи ҷамъиятии Корвони сулҳу ваҳдат созмон дода шавад.
Ниҳоят, 13 июл соати 22 вориди Варзоби хушманзар шудем. Истиқболу пазироӣ, андешаю пешниҳодот мавзӯи суҳбати корвониён буд. Аз Варзоби хушманзар сӯи пойтахти шоҳроҳи ваҳдат — шаҳри Душанбе ҳаракат кардем. Корвони сулҳу ваҳдатро дар назди қасри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси кумитаи ташкилӣ, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол намуд. Иштирокчиён ба ҳамватанон муроҷиатнома қабул карданд.
«Мо, — гуфта шудаааст дар Муроҷиатномаи Корвони сулҳ ва ваҳдат дар шоҳроҳи ваҳдат, аз таҷаллии шаҳомати сарзамини ниёгон, аз дурахши қуллаҳои баланд, файзи водиҳои фарох, ёдгориҳои таърихӣ, заҳмати сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон, чеҳраҳои гарми мардуми саросари мамлакат ба ваҷд омада, ифтихор мекунем, ки Ватан – Модари ягонаи бузург ва зебо дорем! Мо аз он шодем, ки садои дили ҳама аҳли корвон ба ҳам омехта, ба савту каломи як суруди бузурги Ваҳдат, чакомаи муҳаббат, достони дӯстиву бародарӣ мубаддал гардид».
Ҳамин тариқ, Корвони сулҳу ваҳдат барои муттаҳид сохтани мардуми диёр хизмати арзандаву шоиста кард ва он дар саҳифаи таърихи миллат сабт ёфт.
Мусоҳиб Мирзоаъзам Мақсудов,
«Садои мардум»