Нигаронӣ

Вақте ки оила пош мехӯрад…

№31 (4614) 01.03.2023

1586186235_azhyrasu — копияПошхӯрии оилаҳо мавзӯи нав набуда, дарди музминеро шабеҳ аст. Ҳузновар аст, вақте ки тадбирҳои ба ин хотир андешидаи Ҳукумати кишвар, мақомоти суд ва Кумитаи кор бо занон ва оила илоҷи кор шуда наметавонанд. Дар ин самт ҳисоботи оморӣ ҳамоно нигаронкунандаанд.

Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оила агар соли 2021 дар кишвар 3714 ҳолати ҷудошавии оилаҳо ба қайд гирифта шуда бошад, ин рақам дар соли 2022 ба 3876 расидааст.

Сол ба сол зиёд гардидани бекоршавии ақди никоҳ маънои онро дорад, ки бо ин сабаб ҳамасола дар бисёр оилаҳо беҳтарин арзишҳои инсонӣ мешикананд. Равоншиносон ин ҳолатро барои кулли аъзои оила садама унвон мекунанд. Дар ин гуна садамаҳо ҳам волидон ва ҳам кӯдакони онҳо осеби равонӣ мегиранд, ки дер шифо меёбанд ва ё ҳеҷ гоҳ.

Соли гузашта ба Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 765 ариза барои бекор кардани ақди никоҳ ворид гардид, ки нисбат ба соли пеш зиёд мебошад. Албатта, кори суд танҳо баррасии ариза ва бекор кардани ақди никоҳи оилаҳо нест, балки дар давоми омӯзишу баррасии аризаҳо тавассути муҳлат додан, бо ҳам пайвастани оила ва ба ин восита пешгирии ҷудошавии  онҳост. Соли сипаришуда кормандони Суди ноҳияи Фирдавсӣ 175 оиларо аз ҷудо шудан эмин доштанд, вале оилаҳои боқимонда бо қарори суд пароканда шуданд. Аламовар он аст, ки баъзе аз оилаҳо бо сабаби ночиз аз ҳам ҷудо мешаванд. Аз ин метавон чунин хулоса намуд, ки онҳо ҳанӯз ба оиладорӣ омода нестанд, — гуфт корманди Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Саёҳат Толибзода.

Уламои  Маркази исломии ҷумҳурӣ низ пошхӯрии оилаҳоро бисёр нигаронкунанда арзёбӣ намуда, мушкили асосиро дар надоштани маълумоти кофӣ дар бобати оиладорӣ медонанд.

Ба иттилои мухбири рӯзномаи «Садои мардум» дар вилояти Суғд Мирзоаъзам Мақсудов, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода низ дар ҷаласаи ҷамъбастии соли 2022 аз пошхӯрии оилаҳо нигаронӣ намуда, масъулонро муваззаф намудааст, ки омилҳоро омӯхта, барои ислоҳи вазъ чораҳои мушаххас андешанд.

Омӯзиши мавзӯъ нишон медиҳад, ки хушунати хонаводагӣ, бемории зан ё шавҳар, камбизоатӣ, дахолати шахсони сеюм, хиёнат, сабабҳои дигаре ҳастанд, ки боиси пошхӯрии оилаҳо мегарданд.

Наргис Мақсудова — вакили маҷлиси вакилони Ҷамоати деҳоти «Чортеппа»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳамзамон, раиси Шӯрои бонувони ҷамоат мебошад, гуфт, ки:  «Роҳи зиндагӣ  ҳамвор нест, шебу фарози зиёд дорад, аммо таҳаммулпазир бояд буд».

Мушкили дигаре, ки баъдтар ҳалли он душвор мегардад, тарбияи фарзандон мебошад. Фарзандон дар тарбияи яке аз волидон мемонанд, бештар дар фазои носолим ба воя мерасанд ва бештар вақт на танҳо аз ҷиҳати иҷтимоӣ, балки равонӣ низ азият мекашанд. Мувофиқи санҷишҳо, 99 дарсади оилаҳо бо ҷангу ҷидол аз ҳам ҷудо мегарданд ва дар натиҷа ду ҷониб  якумр душмани ҳамдигар боқӣ  мемонанд. Табиист, ки ин ҳама дар ҳузури кӯдакон рух медиҳад ва онҳо шоҳиди чунин ҳаводиси номақбул мегарданд. Собит шуда, ки мурофиаҳои судӣ низ ба равони на танҳо тифлакон, балки калонсолон ҳам таъсири бад дорад.

Мушоҳидаҳо ошкор сохтаанд, ки баъд аз ҷудо шудани оилаҳо  кӯдакон бештар дар тарбияи модарон  мемонанд. Агар зани ҷавон дигарбора оила барпо намояд, тарбияи кӯдак бар дӯши бобову бибӣ меафтад. Яъне, кӯдак дар хурдӣ аз муҳаббати волидон, ки ҷойи онро чизи дигаре гирифта наметавонад, барои ҳамеша маҳрум мегардад. Худро танҳо ва бе ҳимоя эҳсос менамоянд. Албатта, барои падару модар низ дурӣ аз фарзанд чандон кори саҳл нест. Ин барои на танҳо кӯдак, балки падару модари кӯдак садама унвон мешавад.

Кӯдаконе, ки дар оилаҳои солим ба воя мерасанд, табиист, ки аз ҷониби оила ҳамеша ва ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд. Онҳо муҳимтарин арзишҳои инсонӣ ва фарҳанги оиладориро маҳз дар ҳамин муҳити солими оила аз худ менамоянд.

- Таҷрибаи бисёр кишварҳост, ки ҷавонон қабл аз хонадоршавӣ махсусиятҳои оиладориро меомӯзанд, ки роҳи муассири пешгирии вайроншавии хонаводаҳост, — афзуд Саёҳат Толибзода.

- Дар ҳоле ки талоқи мусалмонӣ дода шуда, чизу чораи оила байни онҳо тақсим шудааст, баъд барои бекор кардани ақди никоҳ муроҷиат мекунанд, ки дигар бо ин оилаҳо кор бурда наметавонем. Агар сари вақт ба мо муроҷиат кунанд, бо маслиҳат ва мудохила пеши роҳи вайроншавии оилаҳоро гирифтан имкон дорад, — илова намуд Наргис Мақсудова.

Дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик оила ниҳоди муқаддас эътироф шудааст. Аммо вақте оила пош мехӯрад, ин ниҳод моҳияти худро аз даст медиҳад. Ба ин хотир, дар ислоҳи кор ҷомеа набояд бетараф бошад. Калонсолон, ки печутоби зиндагиро дидаанд, бояд, ки ба ҷавонон атрофи зиндагӣ ва ҳикмати он, вазифаи асосии падару модар маълумот диҳанд. Дар ин сурат оилаҳо то ба пошхӯрӣ намерасанд.

Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»