Суҳбат бо мураббии ду қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ
Ин марди фидоии касбро кам касон мешиносанд. Ҳол он ки дастовардҳои ӯро дар ҷодаи интихобнамуда аксари мураббиён ҳатто орзу карда наметавонанд. Ӯ мураббии қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио де Жанейро Дилшод Назаров — устоди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, Мураббии хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1985) Тулибой Худойбердиев аст.
Номбурда соли 1939 дар шаҳри Киркии Туркманистон ба дунё омадааст. Сипас, оилаашон ба шаҳри Деҳнави Ҷумҳурии Ӯзбекистон кӯчида, баъди хатми мактаб Тулибой бо маслиҳати модар ба шаҳри Душанбе меояд ва ба Институти педагогии ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) дохил мешавад. Чанд муддат ба ҳайси омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ фаъолият намуда, соли 1975 ба мактаб — интернати варзиш ба кор меояд.
- Рӯзе сарвари таълимгоҳ Александров наздам омаду гуфт: — Намуди гурзпартоиро ба зимма мегиред ва дар Спартакиадаи халқҳои ИҶШС иштирок мекунед, — ёдовар мешавад ӯ.
То спартакиада ду сол боқӣ монда буд ва дар ин муддат тарбият намудани варзишгари сатҳи ҷаҳонӣ душвор аст. Бахусус, дар намуди варзише, ки дар ҷумҳурӣ касе ба он машғул набуд.
Андрей Абдувалиевро ба тарбия гирифта, дар спартакиада иштирок намудем. Дастаи варзишгарони Тоҷикистон соҳиби 3 хол гардид, ки натиҷаи хеле баланд аст.
Пас аз се сол Андрей Абдувалиев дар шаҳри Барселонаи Испания қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ гардид. Солҳои 1993 ва 1995 ду маротиба унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард. Чунин варзишгар ва дастовард дар ҷаҳон ангуштшумор аст.
Тулибой Худойбердиев гурзпартоиро намуди рақами 1-и варзиш дар Тоҷикистон медонад. Воқеан, дастовардҳои шогирдони ӯ дар ин намуди варзиш назаррасанд. Чорӣ Мамедов дар Бозиҳои осиёӣ (1993) сазовори ҷоиза гардида, Руслан Дикий дар байни наврасон унвони қаҳрамони Аврупоро (1992) соҳиб шудааст.
Вақте мо аз устод пурсон шудем, ки бо кадоме аз шогирдон кор кардан барояш хуш буд, ӯ посух дод:
- Бо ҳамаи шогирдон як хел — аз таҳти дил кор мекардам. Байни онҳо ҳаргиз тафриқа нагузоштаам. Ягон шогирдро ҳангоми дарсу тамрин дақиқае беназорат намегузорам. Лекин Андрей шогирди хеле хуб буд. Одобу фарҳанги волотар дошт, ростгӯ, росткор ва одил буд. Ман бо ӯ 8 сол кор кардам. Гурзпартоиро маҳз бо ӯ оғоз намудам ва акнун ба охир мерасонам.
- Чаро? — мепурсем.
- Барои он ки ҳоло на гурз дорем, на штанга. Касе кумак намерасонад: на Кумитаи ҷавонон ва варзиш, на Кумитаи олимпӣ, на мактаби кӯдаконаи варзиш. Чӣ лозим ҷон коҳонидан? Ба чӣ хотир ман бояд худро азият диҳам?
Ман аввалин ва ягона мураббии намуди гурзпартоӣ будам. Аҷиб аст, ки имрӯз аз куҷое мураббиёни соҳибунвон пайдо мешаванд. Ин унвонҳоро ба онҳо кӣ медода бошад?
Бо Дилшод Назаров панҷ сол кор кардааст. Аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки пас аз он ки Дилшод унвони қаҳрамони Бозиҳои олимпиро ба даст овард, касе ӯро бо ин дастоварди шогирд табрик накард.
Ёдовар шуд, ки соли 1985 мусобиқа оид ба варзиши сабук байни дастаҳои мунтахаби ИМА ва ИҶШС баргузор гардида, Андрей Абдувалиев дар он ғолиб гардид. Ба ман унвони Мураббии хизматнишондодаи ҷумҳурӣ ва ба ӯ вагон туҳфа доданд. Андрей вагонро ба ман ҳадя намуд.
- Аз ҳамон рӯз вагон ба дафтари корӣ ва ҷои тамрини шогирдон дар рӯзҳои боронӣ табдил ёфт.
Ҳангоме ки бо Тулибой Худойбердиев суҳбат доштем, марде бо қаду қомати паҳлавонӣ наздамон омада, эҳтиромона дастони ӯро фишурд.
- Юсуфро сахт гиред, раҳм накунед. Ман писарамро бо боварӣ ба шумо супурдам.
Бале, пиру ҷавоне, ки Тулибой Худойбердиевро мешиносанд, ба ӯ ҳамин гуна эҳтиром ва боварӣ доранд.
Н. Низомӣ,
«Садои мардум»