Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ «Оид ба қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, инчунин кор бо кадрҳо», ки ба он доктори илмҳои ҳуқуқ Акмал Неъматов раисӣ мекунад, ҷиҳати таъмини иҷрои қонунҳо ва тартиботи ҳуқуқӣ таъсис дода шудааст.
- Дар фаъолияти худ ба таъмини иҷрои қонунҳои миллӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аҳамияти ҷиддӣ дода, ҳамчунин назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ қабул гардидааст, ба роҳ мондем, — гуфт номбурда.
Бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аъзои комиссия якҷо бо гурӯҳи корӣ баҳри такмили қонуни мазкур пешниҳодҳои худро манзур намуда, баъд аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он дар тарғибу ташвиқи меъёрҳои нави ба қонун воридшуда фаъолона иштирок карданд.
Баҳри мусоидат ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аъзои комиссия дар муассисаҳои таълимии ноҳия санҷиш гузарониданд, бо падару модарон мулоқот ороста, ба онҳо қонуни мазкурро шарҳ доданд. Таъкид шуд, ки тарбияи фарзанд танҳо вазифаи муассисаҳои таълимӣ набуда, пеш аз ҳама, рисолати падару модарон аст. Тавсия дода шуд, ки фарзандон бояд ҳамеша зери назорати волидайн қарор гиранд ва берун аз мактаб бо фаъолияти босамар, ба монанди варзиш, мусиқӣ, рассомӣ ва дигар амале, ки ба инкишофи кӯдак мусоидат мекунад, фарогир бошанд. Аъзои комиссия бо мактаббачаҳо ва донишҷӯён оид ба пешгирии коррупсия ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги миллӣ, рамзҳои давлатӣ мунтазам вохӯриву суҳбатҳо доир мекунанд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти комиссияи доимӣ назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» мебошад. Бо мақсади риояи қонуни номбурда комиссия солҳои 2015 — 2016 якчанд чорабинӣ гузаронид. Санҷиши фаъолияти нақлиёти ҷамъиятие, ки дар ноҳия фаъолият мекарданд, аз ҳамон ҷумла аст.
Аъзои комиссия нақша доранд, ки ҳолати санитарӣ — эпидемиологии марказҳои хизматрасониро, ки дар он ҷойҳо эҳтимолияти бештари паҳншавии бемориҳои сироятӣ мавҷуданд, ба монанди сартарошхона, кошонаҳои ҳусн, ҳаммомҳо, нуқтаҳои дандонпизишкӣ ва мағозаҳои хӯроквориву муассисаҳои хӯроки умумиро назорат кунад.
- Назорати таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон вазифаи муҳими комиссия маҳсуб меёбад, — мегӯяд Акмал Неъматов.
Самти дигари фаъолияти комиссия пешгирии коррупсия буда, он дар ҳамкорӣ бо Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия, ки дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ташкил шудааст, амал менамояд.
- Дар доираи ҳамкориҳо бо ин комиссияи ҷамъиятӣ ҷиҳати иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2016, № 703 тасдиқ шудааст, дар муассисаҳо, корхонаҳо ва мақомоти давлатии ноҳия вохӯрӣ баргузор намуда, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди коррупсияро шарҳ дода, таъкид менамоем, ки бе ҳамкории муштарак ва кумаки шаҳрвандон мубориза бурдан бар зидди ин зуҳуроти номатлуб хеле душвор аст, — афзуд ҳамсуҳбатам.
Дар раванди суҳбат маълум гардид, ки аъзои комиссия ҳар се моҳ як маротиба бо мардум вохӯриҳо баргузор карда, аз мушкилоташон огоҳ мешаванд. Мушкилоти интихобкунандагон, ки асосан хусусияти иҷтимоӣ доранд, ба монанди мумфарш кардани роҳ, сохтани майдончаҳои варзишӣ, равшанкунонии кӯчаҳо, кумак барои таҳсил, бо дастгириҳои пайвастаи раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ Табарзода Ҷамшед Авзал марҳила ба марҳила бартараф шуда истодааст. Илова бар ин, тибқи нақшае, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тасдиқ шудааст, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе қабули шаҳрвандон баргузор гардида, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ шаҳрвандонро қабул ва дар ҳалли мушкилоташон мусоидат мекунанд, — гуфт дар поёни суҳбат Акмал Неъматов.
Рӯзибойи УМАР,
«Садои мардум»