Ташкилоти ҷамъиятии «Шабакаи тоҷикистонии занони мубтало ба ВНМО» бо Академияи ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори меҳмонхонаи «Гулистон - ТУР» 20 — 22 декабри соли равон таҳти унвони «Сирояти ВНМО ва ВАО» тренинг баргузор намуданд.
- ВНМО масунияти одамро,ки муҳофизи боэътимоди организм аз ҳар гуна беморӣ мебошад, заиф ва қобилияти муқовиматро суст менамояд. Аз ин рӯ, тибқи қонунгузории Тоҷикистон ҳар як шахс бояд аз ташхиси тиббӣ гузарад. Он ройгон махфӣ сурат мегирад ва аз натиҷааш танҳо ба шахси мубталои беморӣ иттилоъ дода мешавад, — қайд кард масъули чорабинӣ Саодат Орифова
- Дар Тоҷикистон, — зикр кард мутахассиси соҳа Зуҳро Нурляминова, — зиёда аз 13,5 ҳазор нафар гирифтори беморӣ мебошанд, ки аксари онҳоро пештар истифодабарандагони маводи нашъадори тазъиқӣ (шахсоне, ки маводи нашъадорро бо сӯзандору ба рагҳои хунгард дохил мекунанд) ташкил медод. Ҳоло бошад, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисмати зиёди беморон ба воситаи муносибатҳои маҳрамона сироят ёфтаанд. Хатари сироятёбӣ аз вируси ВНМО, аз рӯйи нишондодҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, аз модар ба кӯдак аз 20 то 45 фоиз аст.
- Аз ин хотир, модарон, ки идомадиҳандагони насл – ворисони ояндаи ҷомеа мебошанд, бояд ин масъулияти бузургро дарк кунанд, худ ва фарзандонро солим нигоҳ доранд, зеро ҷомеаи солим аз насли солим ва ақли солим бармеояд, — гуфт ӯ.
- Воситаҳои ахбори омма дар пешгирии ин бемории хатарнок, тарғиби тарзи ҳаёти солим метавонанд ҳиссаи сазовор дошта бошанд, — қайд намуданд мутасаддиёни чорабинӣ.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»