Вазъият ҳанӯз нигаронкунанда аст

№124 (3425) 16.09.2015

Нашъамандӣ одамонро дар синну соле, ки имкону неруи зиёд доранд, нобуд месозад. Шахсони  мубталои бемории нашъамандӣ беғайрат, заиф, нисбат ба тақдири худ, наздикон ва Ватан бепарво  мебошанд. Онҳо барои ҷомеа шахсони хавфнок ба ҳисоб мераванд.

Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба пешгирӣ ва коҳиш додани талабот бо маводи мухаддир тадбирҳо меандешад. Давоми солҳои 1996- 2012 чор  барномаи миллии давлатӣ, ки самтҳои асосии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва  прекурсорҳоро муайян намудаанд, татбиқ гардиданд.

«Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013- 2020» бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 тасдиқ  гардидааст. Он ҷанбаҳои васеи  чораҳоро, ки ба коҳиши талабот  ба маводи мухаддир равона шудаанд, пешбинӣ менамояд. Дар Стратегияи мазкур зикр гардидааст, ки сатҳи баланди истеҳсоли ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва қочоқи он омилҳои асосии муайянкунандаи вазъи  нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми Осиёи Марказӣ мебошад.

Воқеан, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон манбаи асосии истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир боқӣ мемонад. Тибқи маълумоти СММ, соли 2014 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кишти кӯкнор (маводи асосии истеҳсоли афюн) 224 ҳазор гектарро ташкил дод ва тамоюли зиёдшавии масоҳати кишти он аз соли 2010 ба  мушоҳида мерасад. Ҳаҷми истеҳсоли афюн соли гузашта ба 6400 тонна расид. Нархи умумии афюни соли гузашта ҷамъоваришуда ба 850 млн. доллар ё чор фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баробар аст.

Яке аз натиҷаҳои фаъолияти зиддимухаддиротӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, ин ба эътидол овардани сатҳи нашъамандӣ ва дар табақаи васеи аҳолӣ ташаккул додани муносибат ба тарзи ҳаёти солим мебошад. Андешидани ин чорабинии муҳим амри зарурист, зеро вазъи нашъамандӣ, содиршавии амалҳои ҷиноии марбут ба муомилоти маводи мухаддир ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Тавре аз шарҳи вазъи вобаста ба маводи  нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014, ки аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, бармеояд, солҳои охир афзоиши шумораи ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъаовар ба назар мерасад. Соли 2014 -ум 993 ҷинояти  вобаста ба қочоқи маводи мухаддир ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2010- ум 21,7 ва соли 2013 — ум 6,1 фоиз зиёд мебошад.

Соли 2014 барои содир кардани ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддиротӣ 1001 нафар  дастгир шуданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки афзоиши шумораи ин намуди ҷиноят дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ВМКБ бештар ба назар мерасад. Дар вилояти Хатлон шумораи онҳобетағйир монда, дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд коҳиш ёфтааст. Аммо таносуби ҳиссавии ашхоси  дастгиршуда солҳои 2013- 2014 миёни манотиқи ҷумҳурӣ бетағйир мондааст.

Дар муқоиса бо соли 2013 содиршавии ин намуди ҷиноят  миёни ашхоси аз 30 — сола боло аз 69,7 фоиз то 65,9 фоиз коҳиш ёфтааст. Аммо содир намудани чунин намуди ҷиноят миёни ашхоси аз 18 то 30 — сола аз 29,3  то ба 33,3 фоиз зиёд гардидааст.

Соли 2014 барои содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 1039 (соли 2013- ум 1049) нафар  маҳкум шудаанд, ки 11,8 фоизи шумораи умумии маҳкумшудагонро ташкил медиҳанд. Зимнан шумораи нафароне, ки такроран бо содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир маҳкум шудаанд, нисбат ба соли 2013 то 27, 4 фоиз афзудааст. Барои содир намудани чунин амалҳои ҷиноятӣ соли гузашта 30 нафар зан дастгир шудааст.

Чунин вазъият пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳиро тақозо менамояд. Хусусан баланд бардоштани нақши Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистифода аз истеъмоли маводи нашъадор зарур мебошад, ки воситаи асосии ҳамкории байниидоравӣ ба ҳисоб меравад. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  аз 3 апрели соли 2004 таҳти №1310 таъсис ёфтааст, ки таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Чунончӣ, дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, ки дар он инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, сафирон ва намояндагони сафоратҳои чанде аз давлатҳо иштирок доштанд, масъалаҳои дастгирии ташкили марказҳои  офиятбахшӣ барои мубталоёни нашъамандӣ, баргузории чорабиниҳои  профилактикӣ байни хонандагон, муҳоҷирони меҳнатӣ, ташкил намудан ва гузаронидани тадқиқотҳои  сотсиологӣ оид ба мушкилоти истеъмоли маводи нашъадор мавриди баҳсу  муҳокима қарор гирифтанд.

Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013- 2020», таҳияи усулҳои нави пешгирии нашъамандӣ ва банақшагирии чорабиниҳои зиддимухаддиротии дахлдор таҳқиқоти пилотии оқибатҳои иҷтимоӣ — иқтисодии истеъмоли маводи нашъаовар барои истеъмолкунандагон ва аъзои оилаи онҳо дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Ин таҳқиқот аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «СПИН- ПЛЮС» амалӣ гардид.

Айни замон дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии мазкур тадбирҳои зиёд амалӣ шуда истодаанд, ки то андозае ба  беҳтаршавии ҳамкориҳои байни сохторҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ташкили фаъолияти  пешгирикунанда, баланд бардоштани роҳҳои  огоҳ намудани аҳолӣ дар бораи оқибатҳои хатарноки иҷтимоӣ ва тиббии истеъмоли маводи нашъаовар мусоидат намуданд.

 

Аъзам МӯСОЕВ,

«Садои мардум»