Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории COVID – 19 ва хурӯҷи дигар бемориҳои сироятӣ Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 21 маҳаллаи шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят манзили истиқоматии сокинонро тамиз намуд.
Ҷаъфар Ризо, сардори шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва намояндаи ситоди вилоятӣ иброз намуд, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии коронавирус (COVID — 19) дар ҳайати ситод ду бригада бо мошинҳои махсус ва техникаву лавозимоти тамизкунӣ фаъолияти шабонарӯзӣ дошта, инчунин, роҳҳои мошингарду пиёдагард, соҳили ҷӯйборҳо ва партовгоҳҳоро низ безарар мегардонанд.
Бояд гуфт, ки маводи безараргардонии кимиёвии калтсий гипохлоридро Вазорати корҳои дохилии мамлакат таъмин карда, амалисозии чораҳои зиддиэпидемикӣ дар вилоят таҳти назорати қатъист.
М. ИМОМНАЗАР, «Садои мардум»