- мегӯяд директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода
Ҳаштуми октябри соли ҷорӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нави ҷаҳонӣ: дурнамо ва ҷустуҷӯйи роҳҳои нави мутобиқгардонии он ба низоми байналмилалӣ» доир гардид.
Директори марказ Диловар Қодирзода зикр кард, ки сиёсати хориҷӣ яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати давлатӣ буда, дар ҳифзу таҳкими давлат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад. Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф, вазифа ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шароити дигаргуниҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии кишвар мушаххас намуда, ба ҷараёни мутобиқшавии кишвар ба равандҳои ҳамгироӣ ва ҷаҳонишавӣ мусоидат менамояд. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28 соли Истиқлолияти давлатӣ давраҳои асосии ташаккулро аз сар гузаронида, марҳала ба марҳала ба мактаби усулманд, суфта ва коркардшудаи сиёсӣ табдил ёфтааст.
Меҳвари асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сиёсати «дарҳои кушода» ташкил медиҳад, ки ин мафҳум ҳам дар Консепсияи сиёсати хориҷӣ ва ҳам дар суханрониҳои барномавии бунёдгузори сиёсати хориҷии кишвар, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод шудааст. Сиёсати «дарҳои кушода» дар давоми Истиқлолияти давлатӣ воқеӣ, дуруст ва судовар буданро борҳо нишон дод. Махсусан, тавассути амалинамоии пайгиронаи ин сиёсат доираи шарикони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ афзоиш ёфта, дар таъмини фаъолияти фарогир ва пурсамари Тоҷикистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
- Равандҳои ҷаҳони муосир ва таҳаввули низоми байналмилалӣ хусусияти нав касб намуда, таҳдиду хатарҳои ҷиддиро ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манфиатҳои ҳаётан муҳими кишвар эҷод менамоянд. Солҳои охир дар манзараи геополитикии сайёра воқеиятҳои нави сиёсиву иқтисодӣ ба вуқӯъ пайвастанд, ки боис ба дигаргуншавии низоми муносибатҳои байналмилалӣ дар 10–15 соли оянда хоҳад гашт. Вобаста ба ин, зарур меояд, ки бо дарназардошти ин омилҳо бознигарӣ ва коркарди роҳҳои нави мутобиқгардонии сиёсати хориҷии кишварро ба ин равандҳо анҷом диҳем, — афзуд Диловар Қодирзода.
Сипас, котиби якуми Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Назаров, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ, мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрмаҳмад Ниёзӣ, мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Саидбег Саидов, дотсенти кафедраи фанҳои иҷтимоию гуманитарии филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Глеб Василевич Коваленко, ассистенти кафедраи минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сайҳомид Шарифов доир ба мавзӯъҳои «Ҷанбаҳо ва дурнамои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷаҳони ислом: аз эҳсос то амалгароӣ», «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун созмони ҳамгироии минтақавӣ дар татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянкунандаи рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ», «Таҳлили муқоисавии Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон: солҳои 2002–2015» ва «Дипломатияи фарҳангӣ ва гуманитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» суханронӣ карданд.
Р. УМАР, «Садои мардум»